Зарфи шаш моҳи соли равон 597 худро барои омӯзиши забонҳои гуногун дар давраҳои омӯзишии забонҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон номнавис кардаанд.
Аз ин теъдод 233 нафар дар ин давраҳои омӯзишӣ таҳсил кардаанд ва то ин дам 64 нафари онҳо баъди хатми бомуваффақият соҳиби сертификатҳо шудаанд.
Мавриди ба зикр аст, ки дарсҳои омӯзиши забонҳо ҳафтае се маротиба гузаронида мешаванд ва барои ин омӯзгорони соҳибтаҷриба ва донишманд ҷалб карда шудаанд.
Бартарии маркази забономӯзии Китобхонаи миллӣ дар он аст, ки баъди хатми ҳар барномаи таълимӣ донишомӯзон аз ҷониби устодон имтиҳон гирифта мешаванд ва танҳо дар сурати омӯзиши пурраи барнома ба барномаи дигар роҳ меёбанд. Ва танҳо касоне соҳиби сертификат мешаванд, ки ҳамаи барномаҳоро пурра азхуд кунанд ва имтиҳонҳои санҷиширо биспоранд.
Имсол дар қиёс ба як соли пеш курсҳо бештар фаъоланд ва донишомӯзон бо рағбати бештар саргарми забономӯзӣ шудаанд.
Дарсхонаҳо пурра бо воситаҳои нави техникӣ муҷаҳҳаз шудаанд, барои донишомӯзон шароитҳои мусоиди омӯзиш фароҳам оварда шудааст.
Бо талоши кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ сафи хоҳишмандони омӯзиши забонҳои хориҷӣ афзуд