Шўъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ

Шуъба дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  20 марти соли 2012 таъсис шудааст. Ҳадаф аз таъсиси он баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти Шуъба иборатанд аз:

- омўзиш ва таҳлили рушди соҳаи китобдорӣ;
- мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии китобхона ва сохторҳои зертобеъи он;
- таҳлил ва арзёбии ҳолати воқеии биною иншооти китобхона ва истифодаи самараноки он;
- омўзиш ва пешниҳоди роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи пояи моддию техникии китобхона;
- тарҳрезӣ, таҳия ва татбиқи низоми дархостҳои кормандон ва чораҳои системаҳои далеловарии кормандон ва чораҳои инкишофи иҷтимоӣ.
- мусоидат намудан ба баландшавии захираҳои маблағ, захираҳои маводи китобхона ва иқтисодиёт, ҷалб намудани маблағҳои ғайрибюҷетӣ;
- ташвиқу тағриби фаъолияти китобхона ва бахшу Шуъбаҳои он дар матбуот, радио ва телевизион.
- гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ, маркетингӣ оид ба омўхтани талаботи иттилоотӣ ва истифодабарии китобхона, муайян намудани хизматрасонӣ ва маҳсулоти он, омўзиши андешаи мардум оид ба кори китобхона ва сифати хизматрасонии он;
- мунтазам муайян намудани номгўи хизматрасонӣ ва маҳсулоти иттилоотӣ;
- таъсис ва ҳамоҳангсозии хизматрасони иттилоотӣ-китобхонагӣ ва дигар намуди хизматрасонии пулакӣ дар асоси созишнома (якҷо бо Шуъбаҳои китобхона)
- ташкил ва тарғиботи маҳсулоти чопии рекламавии китобхона (дохилӣ ва берунӣ).

Шӯъба рӯзҳои душанбе-шанбе аз соати 8-00 то 17-00 кор мекунад.
Телефон барои тамос: 221 04 10