Ду нафар аз кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон - Абубакр Аминов, сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва Зафар Саидов -сардори Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ бо унвони «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ гардиданд. Дар ҷаласаи ҳисоботии фаъолияти семоҳаи Китобхонаи миллӣ Директори китобхона, профессор Абдусалом Мирализода ба ин ду тан ҷоиза ва нишони сарисинагии онро тақдим кард.
Аминов Абубакр Манонович аз аввали соли 2015 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” кор мекунад ва сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ мебошад.
Аминов А. дар давоми фаъолияти кории худ дар Китобхонаи миллӣ дар ташкил намудани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, махсусан дар конфронсҳои байналмилалии СҲШ, СПАД, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва ғайра, ки дар толорҳои Китобхона баргузор гардиданд саҳми сазовор гузошт.
Абубакр Аминов дар Конфронси байналмилалии “Рушди фарҳанг дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай” дар шаҳри Урумчӣ ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо як гурўҳ аз кормандони вазорату идораҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Ўзбекистон, Русия ва Чин (соли 2015) иштирок намудааст. Дар кишварҳои хориҷа курсҳои гуногуни бозомўзиро азбар намудааст. Қобили зикр аст, ки аз 28-уми август то 23-юми октябри соли 2018 давраи такмили ихтисоси АЙТЕК (ITEC)-ро дар мавзўи “Таҳқиқот оид ба қувваи корӣ, ҷаҳон, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг” дар Донишгоҳи Нилерди шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон гузашта, донишҳои замонавиро аз худ карда, малакаву маҳорат ва таҷрибаи дар давоми бозомўзӣ ва фаъолияти кории худ андўхтаро дар тарбияи мутахассисони ҷавон самаранок истифода мебарад.
Абубакр Аминов забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, русӣ, урду ва форсиро хуб медонад. Ў дар фаъолияти корӣ ба ҳамкорон кумаки методӣ мерасонад ва бо зердастонаш хушмуомила мебошад. Дар байни коллективи кормандон соҳиби обрў ва эътибори хоса мебошад.
Саидов Зафар Саидҳошимович, аз ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2012 дар шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ фаъолияти корияшро шуру намудааст.
Дар давоми фаъолияти худ дар Китобхонаи миллӣ дар ташкил намудани шабакаи маҳаллии компютерӣ, барномаҳои иттилоотонии соҳавӣ ва муассисавӣ оид ба татбиқи ТИК - барномаи соҳавии китобдории ALEPH ва веб-барномаи библиография, веб-барномаи иттилооти ҳуқуқӣ lawinfo.kmt.tj, сомонаи Китобхонаи миллӣ www.kmt.tj, барномаи батанзимдарории шабакаи дохилӣ ва интернети Китобхона SAMS-2 SQUID, почтаи электронӣ mail@kmt.tj, веб-барномаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ, веб-барномаи барўйхатгирии хонандагон ба таври автоматӣ саҳми босазо дорад.
Саҳми Саидов Зафарро дар самти таъмин намудани чорабиниҳои сатҳҳои гуногуни дар толорҳои Китобхона баргузоршаванда аз ҷиҳати техникӣ махсусан қайд кардан лозим аст. Ҳамзамон дар конфронсҳои байналмилалии СҲШ, СПАД, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва ғайра, ки дар маҷлисгоҳҳои Китобхона ва муассисаҳои дигари сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, барои аз лиҳози техникӣ омода ва таъмин кардан ширкати фаъол намудааст. Дар Ҷаласаи кории Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё, ки дар Федератсияи Русия дар масъалаи бунёди Китобхонаи электронии Ассамблея баргузор гардида буд, Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.
Зафар Саидов ҳамчун корманди кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос, донишҳои омӯхтаи худ дар давраҳои бозомӯзии хориҷиро самаранок дар фаъолиятҳои худ ва аз нигоҳи техникӣ тақвият додани зарфиятҳои Китобхонаи миллӣ истифода мебарад.
Ҳамкорони худро ба муносибати қадрдонӣ шуданашон ба унвони «Аълочии фарҳанг» самимона муборакбод мекунем.