Ин ном барои хонандагон ошност. Ин нависанда ҳамчунон дахолати бевосита ба пасту баланди ҷараёни адабӣ надорад ва низ хеле дер ба узвияти Иттифоқи нависандагон (соли 2000) пазируфта шудааст. Манзураш аз адабиёту аз узвият ба Иттифоқи нависандагон суд ҷустан ҳам нест, балки ӯ аз силки онҳоест, ки ҳавасҳои некӯ гуфтан эшонро ба адабиёт овардааст.
Дар жанри ҳикоя қарор гирифтани интихоби нависанда ва мувофиқати диду услуби эҷодӣ дар сатҳи биниш ва тафаккури бадеии ӯ рамзи мустақилияти эҷодӣ ва озодии рӯҳу таасурот ва шинохти воқеият аз бархӯрдҳои хурду калони зиндагист, ки чунин падида дар эҷодиёти ӯ равшан
Ҳунарманди маъруфи тоҷик Мушаррафа Қосимова, ки миёни аҳли ҳунар “модари театри тоҷик” номида мешавад, шаби гузашта дар синни 102-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аввал набераи ҳунарманди маъруф, рӯзноманигори варзида Шамсия Қосим хабар дод. Шамсия иброз доштааст, ки модаркалонаш соати 12-и шаб дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе чашм аз олам баст.