Дар аввалин рӯзи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин (25-уми апрели соли равон) ҷиҳати ширкат дар кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд - як роҳ» дар нашриёти “Контраст”-и пойтахти кишвар китоби сарвари Чин Си Ҷинпин бо номи “Дар бораи дипломатияи миллии Чин, ибтикори “Як камарбанд – як роҳ” ва ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” бо забони тоҷикӣ интишор ёфт.
Адабиёт як навъи ҳунар буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдўзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад. Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуфторӣ, хушрафторӣ ва ғайра) – ро дорад. Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин дарки адабиёт ба маънои васеъ аст. Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмўи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеӣ ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва