Китоби дарсии “Адабиёти тоҷик”
Нашр шуд 2019-04-30 12:36
Адабиёт як навъи ҳунар буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдўзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад. Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуфторӣ, хушрафторӣ ва ғайра) – ро дорад. Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин дарки адабиёт ба маънои васеъ аст. Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмўи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеӣ ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва нақшҳои бадеӣ дар симои одамон, табиат, шароиту муҳити зист инъикос менамояд.
Аз мутолиаи адабиёти бадеӣ мо бо тасвирҳои пурранги бадеии офаридаи нависанда вомехўрем, ки онҳо хулқу рафтори намуна доранд ва мо аз онҳо ибрат мегирем. Нақшҳои наҷибу адабиёти бадеӣ моро дар рўҳияи накукорӣ, покизаахлоқӣ, баинсофӣ ва раҳмдилӣ, вафодорию садоқат, кордўстию рағбат ба илму ҳунар, шарафмандию ҳисси ифтихор, инсондўстию меҳанпарварӣ, боиродагию мубориза дар роҳи расидан ба мақсад, боҳимматию ҷавонмардӣ, нотарсию ростқавлӣ, ҷасурию шуҷоатмандӣ, хулоса, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия намуда, ниҳод ва тинати моро аз табалӣ, ҳирсу ҳасад, бухлу кина, бадбинию беадолатӣ, маҷмўан аз тамоми хислатҳои бад пок мекунад. Ҳангоми мутолиаи адабиёти бадеӣ лафзи равону шевои нависанда, тасвири манзараҳои табиати дилфиреб, васфи симою сурати зебо ва дилкаши қаҳрамонҳои мусбат, лутфу нозукбаёнӣ, истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ ва санъатҳои лафзӣ ҳисси зебоифаҳмии мо бедор мешавад, завқи эстетикӣ моро ба сайри боғу бўстони олами зебоӣ даъват менамояд.
Аз ин рў, адабиёти бадеӣ аҳамияти барҷастаи таълимӣ, тарбиявӣ ва эстетикӣ дорад. Адабиёти бадеӣ аз эҷодиёти шифоҳии халқ – фолклор сарчашма мегирад. Ҳатто дар замонҳое, ки хат вуҷуд надошт, одамон суруд мехонданд, нақлу ривоятҳо ҳикояҳо мекарданд, афсона мегуфтанд. Матни сурудҳо дар шакли назм ва матни нақлу ривояту афсонаҳо дар шакли наср маҳсули эҷодиёти шифоҳии одамони бесавод буд. Бинобар ин, адабиёт аз они халқ аст ва бояд барои халқ эҷод шавад.
Асарҳои манзумро аксар асархои лирикӣ мегўянд, ки ба онхо дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, ғазал, мусаммат ва ғайра дохил мешаванд. Асарҳои мансурро асарҳои эпикӣ (аз калимаи эпос, яъне нақлӣ) меноманд, жанрҳои ҳикоя, латифа, очерк, қисса, роман ва дигар асарҳои калонҳаҷми нақлиро дар бар мегиранд.
Асарҳои мазҳакавӣ аз аввал то охири намоиш бо хушҳолӣ мегузаранд. Асарҳои фоҷиавӣ бо ҳисси ғаму андўҳ намоиш дода мешаванд, ки бо нокомии қаҳрамонони асар анҷом меёбанд.
Китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои хонандагони сифи 7 бо ҳамин сарсухани хуб ба толори хониши кӯдакон ва наврасон расид. Китоби мазкур аз ҷониби У. Тоиров, М. Солеҳов, Н. Ширинзода таълиф шуда, онро соли 2018 нашриёти “Маориф” чоп кардааст.
Шумо метавонед ин китобро аз толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дастрас намоед
Фирўза Аҳророва,
мутахассиси пешбари шуъбаи
кўдакон ва наврасон.