Маҳфили набатии “Ҳамешабаҳор” бегоҳии рӯзи 4-уми апрели соли равон дар саҳни Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, ҳанармандон, мухлисони шеъри ноб, хонандагон баргузор мегардад. “Ҳамешабаҳор” маҳфилест, ки аз ҷониби Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, бахши адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии нашрияи “Пайрав” барпо мешавад ва ҳар маҳфил мавзуи хос дорад.
Субҳи имрӯз дили Фарҳоди Карим, як тан аз ноширони маъруфи тоҷик, дар Душанбе аз задан бозмонд. Фарҳоди Карим солҳои охир аз бемории дил ранҷ мекашид ва имрӯз дар баҳори 61-уми умр дунёи фониро падруд гуфт. Ӯ чанд соли охир вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба ӯҳда дошт.
Фарҳоди Карим ҳамчун ношир ва мудири нашриёти давлатии «Адиб» кор карда, дар нашри
Панҷ нафар аз ҷумлаи донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода ва 8 нафар донишҷўёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бўйдоқов, ки дар Китобхонаи миллӣ аз таҷрибаи истеҳсолӣ мегузаранд, муддате дарс дар мавзуи “Қоидаҳои умумии бехатарӣ дар Китобхонаи миллӣ” шуниданд.
Ҳадафи роҳандозии дарсҳои бехатарӣ барои коромӯзон ҷалби онҳо ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар Китобхона мебошад.