Панҷ нафар аз ҷумлаи донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода ва 8 нафар донишҷўёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бўйдоқов, ки дар Китобхонаи миллӣ аз таҷрибаи истеҳсолӣ мегузаранд, муддате дарс дар мавзуи “Қоидаҳои умумии бехатарӣ дар Китобхонаи миллӣ” шуниданд.
Ҳадафи роҳандозии дарсҳои бехатарӣ барои коромӯзон ҷалби онҳо ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар Китобхона мебошад. Масъули бахши бехатарӣ аз сўхтор ва ҳифзи меҳнати Китобхона М. Шоимардонов бо иштироки Муовини директори Китобхона Гадобек Маҳмудов ин дарсро гузаронд.
Таҷрибаомўзон пеш аз кор ҷойи корӣ, хизматрасонӣ ва таҷҳизотҳои аввалиндараҷаи оташнишониро аз назар гузарониданд. Дар давоми кор қоидаҳои бахатарӣ аз сўхторро риоя намуданд. Пеш аз анҷоми кор тамоми асбобҳои барқӣ ва лампаҳои равшандиҳандаро хомўш намуданд.
Ба онҳо ҳамчунин фаҳмонида шуд, ки ҳангоми сар задани сўхтор истифодаи лифтҳо манъ аст ва одамон бояд аз роҳҳои эҳтиётиву зинаҳои умумӣ ба беруни бино интиқол ёбанд.