Китоби нав: “Дараи Камароб”
Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва тавсифи табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои обӣ, вазъи радиатсионӣ мебошад. Дар он оид ба табиати мавзеи дараи Камароб маълумот гирд оварда шуда, хусусиятҳои табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ захираҳои обӣ, вазъи радиатсионии ин мавзеи табиӣ тавсиф карда шудааст.
Китоб барои олимон ва мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷўён ва доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Академик Фарҳод Раҳимӣ-Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон ва Раҳимҷон Муқимӣ – Раиси ноҳияи Рашт, ки аз ҷумлаи мураттибони ин китоб мебошанд, дар сарсухан менависанд:
Ҷумҳурии Тоҷикистон таи даҳсолаҳои охир таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пайгирона ва босуботро оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим, пешгирӣ намудани коҳиш ёфтани масоҳати пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣпеша намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаҳои мубрами экологӣ ҷалб менамояд.
Омўзиши табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон тўли садсолаҳо дар маркази таваҷҷуҳи муҳақиқони илмҳои табиатшиносӣ қарор дорад ва ин таваҷҷуҳ то рўзҳои мо коста нагардидааст.
Гуногунии биологӣ ва генофонди бойи набототу ҳайвоноти Тоҷикистонро релефи кўҳӣ ва ҷойгиршавии экосистемаҳои табиӣ дар баландиҳои гуногунии амудӣ муайян месозанд. Пастхамиҳои нисбатан ҳамворе, ки дар поёноби водиҳои дарёҳои Тоҷикистон ҷойгир шудаанд масоҳати зиёд надоранд ва дорои иқлими хушку тафсон буда, ба биёбонҳои дигари Осиёи Марказӣ шабоҳат доранд. Новобаста ба ин, ҷузъиёти муҳимми комплексҳои табиии ҷумҳуриро экосистемаҳои кўҳӣ ташкил медиҳанд ва дар онҳо 80% гуногунии биологии кишвар маскун гардидааст.
Омўзиши нақшавӣ ва комплексии табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон аз солҳои 30-юми асри гузашта оғоз мегардад. Зимни таҳқиқоти бисёрсола аз ҷониби муҳаққиқони соҳаҳои гуногун оид ба шароитҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, сохти геологӣ, иқлим, хок, захираҳаи обӣ, олами набототу ҳайвонот ва сарватҳои табиии Тоҷикистон маълумотҳои зиёди илмӣ дар шакли мақолаю асарҳои илмии ҷамъбастӣ ба нашр расонида шудаанд.
Зикр намудан зарур аст, ки экосистемаҳои кўҳии Тоҷикистон ба раванди тағйирёбии иқлим осебпазир мебошанд ва мавҷудияти беш аз 800 намуди эндемикии ҳайвонот ва беш аз 700 намуди эндемики рустаниҳо, ки хоси табиати Тоҷикистон мебошанд, тақозо менамоянд, ки онҳо таҳти омўзиши доимии илмӣ қарор гиранд.
Дар ҳудуди системаи қаторкўҳҳои Помиру Олой қаторкўҳи Қаротегин бо гуногунии биологӣ ва сарватҳои табиӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд. Дар қисмати шимолу шарқии ин қаторкўҳ дараи зебоманзари Камароб ҷойгир шудааст.
Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории гуногунии нодири биологӣ ва экосистемаҳои кўҳии дараи Камароб соли 1970 ғўруқи «Камароб»таъсис дода шуд, ки 9000 га масоҳат дошта, ҳудуди он дар худ қариб тамоми комплексҳои табиии қаторкўҳи Қаротегинро инъикос менамоянд.
Ғўруқи «Камароб» дар ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ, намудҳои эндемикӣ, нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвоноти минтақаи кўҳии Помиру Олой нақши муҳим мебозад.
Зарурияти омўзиши ҳамаҷонибаи комплексҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва сарватҳои табиии дараи Камаробро ба эътибор гирифта, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи июли соли 2019 бо ҷалби васеи олимони соҳаи табиатшиносӣ бо мақсади гирд овардани маълумотҳои мушаххаси илмӣ оид ба табиати ин дараи зебоманзар экспедитсияи комплексӣ анҷом дод.
Ба ҳайати экспедитсия олимон ва мутахассисони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, Маркази омузиши пиряхҳо ва Агентии амнияти ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шомил шуданд.
Дар китоби мазкур натиҷаҳои илмии экспедитсияи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи дараи Камароб ҷамъбаст гардида, оид ба мавқеи ҷойгиршавӣ, шароитҳои табиӣ ва иқлиӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, олами ҳайвоноту наботот, захираҳои обӣ, хосиятҳои гидрохимиявии обҳо ва вазъи радиатсионии ин мавзеъ маълумоти илмӣ гирд оварда шудааст. Аксҳои дар китоб овардашуда аз тарафи коршиносон ҳангоми гузаронидани корҳои саҳроӣ аксбардорӣ карда шудаанд.
Китоби “Дараи Камароб” – ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Дилноза Ғаниева, мутахассиси пешбари
маркази такмили ихтисос.