Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1934- 1994) аз худ осори гаронбаҳое, боқӣ гузоштааст, ки қиссаи «Рухсора» яке аз онҳост. “Рухсора” ҳатто замоне, ки нависанда дар қайди ҳаёт буд, зиёд чоп шуд ва миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Ва ахиран нашриёти “Олами китоб” онро интишор додаву як тақризи басо пурмуҳтавои академик Муҳаммадҷон Шакуриро низ овардааст. Устод Шакурии зиндаёд аз ҷумла навишта:
Ҳоло адабиёти мо масъалаи одамиятро, масъалаи инро, ки инсон чӣ гуна бошад ва муомилаи байни мардум бояд чӣ принсипҳое асос ёбад, ҳамаҷониба муҳокима карда истодааст.
Баҳром Фирўз яке аз ҳамон нависандагонест, ки дар сари ин масъала бисёр фикр мекунанд. Асарҳои Баҳром Фирўз пур аз фикру мулоҳизаҳост ва моро, хонандагонро низ водор месозад, ки баробари ӯ фикр кунем, масъалаҳои муҳимеро аз қабили ин ки одам кист ва одамгарӣ чист, ҳаматарафа ба мулоҳиза гирем.
Лекин Баҳром Фирўз мулоҳизаҳои худро батафсил баён намекунад. Дар асарҳои ў андешаву мулоҳизаҳои дуру дароз ба назар намерасанд. Вай мақсади худро бо қувваи тасвир ба даст меорад: дидаву шунидаҳояшро як - як нишон медиҳад ва мо аз ин тасвирҳои ў ба фикр меравем, хулосаҳо мебарорем.
Ҳар як асари бадеӣ, хусусан асарҳоеро аз қабили ҳикояҳои Баҳром Фирўз хеле бодиққат хондан лозим аст. Назари ў дар мушоҳидакорӣ баъзан нозук меравад ва хислатҳои инсонии қаҳрамон ё ноодамии ўро нозук ба мушоҳида гирифта, ба назари мо намоён мекунад.
Инак, ҳикояи «Омаду рафт»(1979). Дар ин ҳикоя, чунонки ҳоло дар бисёр асарҳои нависандагон мебинем, қаҳрамон дар дами марг нишон дода шудааст. Усто Равшан дар бистари марг баъзе лаҳзаҳои зиндагии худро аз назар мегузаронад, феълу афтори баъзе касонро фикр мекунад. Аз ин мулоҳизаҳо мебинем, ки тамоми зиндагии ӯ бо меҳнати ҳалол, бо некукорӣ гузаштааст худро аз назар мегузаронад, феълу афтори баъзе касонро фикр мекунад.Аз ин мулоҳизаҳо мебинем,ки тамоми зиндагии ў бо меҳнати ҳалол,бо накукорӣ гузоштааст. Лекин барои фаҳмидани ин ки усто Равшан чӣ касест, чанд гуфтаи вай, хусусан охирин сухани ў муҳим аст. Охирин сухани ў ин буд, ки канда – канда гуфт: «Хоб дидам …асп маро гирифта …андохт…аз қисмат ҷои гурез нест…Афсўс, ҳаво носоз омад…» Чунонкӣ мебинем, қаҳрамони нависанда дар дами вопасин афсўс мехўрад, ки «ҳаво носоз омад». Вай аз поён ёфтани умри худ афсўс намехўрад, ки ин умраш бо меҳнат гузашт ва чунонкӣ занаш гуфт, ҳанўз аз фарзандон роҳат надидааст- аз ин дар ҳасрат нест, балки дар ташвиш аст,ки «ҳаво носозомад» ва мардум барои гўрондани ў азоб хоҳанд кашид. Усто Равшан дар дами марг ҳам ғами дигаронро мехўрад.
Баҳром Фирўз аввалҳо шеър мегуфт ва фақат аз оғози солҳои ҳафтод ба наср гузашт. Ман ўро ба сифати насрнавис аз ҳикояи «Бобо», ки соли 1970 навишта ва соли 1972 чоп шуда буд, мешиносам. Ин ҳикоя зуд диққати хонандагон ва нависандагону мунақидонро ба худ кашид. Мушоҳидакорӣ аз нозукбинии ў аз ҳамин ҳикоя маълум буд.
Нависанда дар ин ҷо як кўдак ва бобои пиронсоли ўро тасвир кардааст, ки ҳарду ба деҳа равонанд. Сўҳбати бобову набера дар роҳ, манзараҳои кўҳсор ва ғайра, ки дар ин ҳикоя тасвир шудааст, аксаран гўё чизи одамист: гуфтугузори одатӣ ва манзараҳои муқаррарӣ мебошад....
Чопи нави қиссаи “Рухсора”-ро бо сарсухани устод Муҳаммадҷон Шакурӣ метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Меҳрангез Муҳаббатова