Дар китоби дарсии мазкур таҷрибаи кори иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ дар мисоли фаъолияти хадамоти сиёсати хориҷӣ ба таври мухтасар ҷамъбандӣ ва низомбандӣ шудааст. Ҳангоми таҳияи китоб муаллифон ба дастовардҳои коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ такя намуда, аз мавод, хотирот ва ёддоштҳои дипломатҳо ва сиёсатмадорон ба таври васеъ истифода намудаанд.
Китоби дарсӣ барои донишҷуён, магистрон, унвонҷўён, аспирантони мактабҳои олӣ, ки дар самти ихтисосҳои «Муносибатҳои байналхалқӣ», «Минтақашиносӣ»,
Китоби мазкур аз тафсири модда ба моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз 18 марти соли 2015 бо тағйиру иловаҳои минбаъда иборат мебошад. Дар он масъалаҳои вобаста ба асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафсир қарор дода шудааст.
Тафсири мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, устодону омўзгорон, аспирантон, донишҷўён ва хонандагони
Имрўз 10 нафар кормандони китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва як нафар аз китобхонаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба як давраи омўзишии 56 - соата тибқи барномаи таълимии «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» ҷалб шуда буданд, соҳиби шаҳодатномаи хатм шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки шунавандагон бо
Ҳикмат Ризо шоири халқист, охири садаи 19 ба дунё омад ва аз машҳуртарин гурғӯлисароёни асри ХХ буд. Шуҳрати беандоза бузурге дорад ва аз муваффақтарин касонест, ки бо лаҳни шево ин достони пурмоҷарои мардумиро сурудааст.
Ҳикмат Ризо соли 1894 дар деҳаи Ёнахши Обигарм, ҳозира ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Шоири халқии тоҷик, гўрғӯлихон. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1963). Рағбати дуторнавозию хунёгариро дар дили ў пеш аз ҳама падараш Муҳаммадризо ва бародараш Зиё Ризо бедор кардаанд. Ў дар
Ин моҳ яке аз пуровозатарин сарояндагони солҳои 60-70 асри гузашта Гулрафтор Шаҳобова ҳаштодсола шуд. Мавсуф 15 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кўлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони давронаш маҳсуб меёфт. Гўиё оташи афсун дар садояш ҷилва мекард ва доғу дардро малҳамбандӣ менамуд, дил ва равзани роз сўяш боз меистод.