Анҷоми давраи омӯзишӣ: Боз 10 нафар соҳиби шаҳодатнома шуданд

 

 Имрўз 10 нафар кормандони   китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва як нафар аз  китобхонаи  Маркази  ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба як давраи  омўзишии 56 - соата тибқи  барномаи  таълимии  «Фаъолияти  китобдорӣ -  иттилоотӣ» ҷалб  шуда буданд, соҳиби шаҳодатномаи хатм шуданд.

 Маврид ба ёдоварист, ки  шунавандагон  бо КМТ, шуъбаи такмили  адабиёт, шуъбаи  коркарди  адабиёт, шуъбаи  илми – таҳқиқотӣ, шуъбаи  библиографияи  миллӣ, шуъбаи  хизматрасонии  библиографӣ, шуъбаи  адабиёти  хориҷӣ, шуъбаи  дасхатҳои  Шарқ ва  китобҳои  нодир, шуъбаи рисолаҳои илмӣ ва феҳристнигорӣ  ошно шуданд.

  Аз рўи барномаи «Фаъолияти китобдорӣ- иттилотӣ» дар мудаттӣ  кутоҳ  аз рўи барномаҳои  “Санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ”, “Ҳуҷатнигорӣ  дар соҳаи китобдорӣ”, “Фароҳамоварӣ ва такмили фонди китобхона”, “Раванди ҷо ба  ҷо гузории фонди китобхона”, “Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ  ва Таснифоти китобхонавӣ- библиографӣ”, “Нигоҳдории фонди китоб”, “Системаи феҳристу картотекаҳо, намуд ва шаклҳои он”, “Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ  дар фаъолияти китобхонаҳо”, “Услуби ташкили захираи электронии фонди китобхона” ва “Раванди таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо”-ро аз худ карданд.

 Омўзиши ин барнома ба китобдорон имкон медиҳад, ки оид ба таърих, давраҳои инкишоф, мазмуну мундариҷаи фонд, фаъолияти шуъбаву бахшҳо, сохтори дасгоҳи маълумотдиҳӣ- библиографӣ, низоми худкори равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ, илм-методӣ  тассавурот  пайдо  намоянд.

 Дар маросими эътои шаҳодатномаҳо муовини Директори  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов ширкат намуд.

 Меҳрангез Муҳаббатова

 
Барчаспҳо: