Activities calendar

28 ноября 2019

Китобҳои тозавуруд: «Адабиёти бостон”

«Адабиёти бостон» нахустин китоби дарсии нисбатан мукаммал доир ба таърихи адабиёти пешазисломии мардуми эронитабор аст, ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Шарифмурод Исрофилниё зери назари академикаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ таълиф шудааст. Ин китоб аз рўйи беҳтарин ва мўътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фарҳам омадааст, то тавонад маводи дарсии донишҷўёни ихтисоси суханшиносиро таъмин кунад ва  ҳамчунин ниёзи алоқамандони адабиёти бостонро бароварда гардонад. 

Китобҳои тозавуруд: “Қуттии почта”

 Чунин ном дорад китоби наве, ки ахи ран ба Китобхонаи миллӣ ворид гардид ва муаллифи он адиби маъруфи Озарбойҷони қарни ХХ Ҷалил Мамедқулизода мебошад. Китоб бо талоши профессор Муҳаммадсалом Машғулов  ва сарсухани Академик Исо Ҳабиббейли, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои  Озарбойҷон дар нашриёти “Эр-Граф” интишор ёфтааст.

 Хонандагони тоҷик  дар ин китоб намунаҳои  олии  эҷодиёти  классики  машҳури  адабиёти  озарбоҷони  асри XX,  нависанда  ва  драматург,  намояндаи  маъруфи  ҳақиқатнигории  интиқодӣ,   

  

Шасту панҷ соли умр, беш аз чиҳил соли пажуҳишҳои профессор Равшан Раҳмонӣ

 Равшан Раҳмонӣ аз маъруфтарин пажӯҳишгарони фолклор, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор аст ва даҳҳо китобҳояш, ки бо чандин забон интишор ёфтаанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Муаллиф ва таҳиягари 35 китоб ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 15 китоб ва мақолаи зиёди илмии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст. Дар асарҳояшон бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитаборро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст.

 Равшан Раҳмонӣ 28 ноябри соли 1954 дар деҳаи