Activities calendar

20 ноября 2019

Донёрӣ

 Дар сол мо рӯзеро чун Рӯзи харбуза таҷлил мекунем. Дар ин рӯз бозорҳои мо таравоти дигар мегиранд. Дар саросари кишвар даҳҳо мавридеро мебинем, ки мардум ба тамошои харбуза ба намоишгоҳҳое мераванд, ки мақомот оростаанд. Ва хеле навъҳои хубу дилнишини ин меваи ширинро мебинем. Тоҷикистон кишварест, ки гунаҳои мухталифи харбуза мерӯяд. Ва яке аз ин навъҳо “дониёрӣ” ном дорад.

 Донёрӣ, навъи харбузаи миёнапазак.

Кас надонад куҷост ин дунё...

  Адиб,олим ва омӯзгор, номзади илмҳои суханшиносӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон роҳбари маҳфили адабии “Зарафшон”,Аълочии фарҳанг, маориф ва матбуот Маликнеъмат Неъматзода шастсола шуд. Маликнеъмат Неъматзода аз ҷумлаи шоирони хуби ҳавзаи адабии шимоли кишвар аст, ки бо ашъори дилпазираш миёни ихлосмандони шеър ҷойгоҳи худро дорад

Ҳафтоду панҷ соли забоншинос Наим Сангинов

 Наим Сангинов  15 ноябри соли 1944 дар ноҳияи  Айнӣ таваллуд  ёфтааст. Сангинов забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (1980), дотсент (1982). Соли 1966 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст.

 Солҳои 1967-1968 муаллими кафедраи забони англисии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1970-1971, афсари Артиши Шўравӣ, аз соли 1971 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи