Адиб,олим ва омӯзгор, номзади илмҳои суханшиносӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон роҳбари маҳфили адабии “Зарафшон”,Аълочии фарҳанг, маориф ва матбуот Маликнеъмат Неъматзода шастсола шуд. Маликнеъмат Неъматзода аз ҷумлаи шоирони хуби ҳавзаи адабии шимоли кишвар аст, ки бо ашъори дилпазираш миёни ихлосмандони шеър ҷойгоҳи худро дорад
Маликнеъмат Неъматзода 20 ноябри соли 1959 дар ноҳияи Масчо зода шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаро хатм карда, донишҷўи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров гардидааст (ҳоло ба номи Б.Ғафуров).
Аз солҳои донишҷўи бо дастгирии шоира Озод Аминзода, аввалин намунаи шеърҳои ў дар рўзномаи вилоятӣ интишор ёфта, дар олами эҷод гомҳои нахустин гузоштааст. Минбаъда намунаҳои эҷодиёташ дар рўзномаву маҷаллоти гуногуни ҷумҳурӣ ба дасти чоп расидаанд. Чанде дар рўзномаи ноҳиявии «Машъал» ифои вазифа намуда, баъдан, наздики 30 соли ахир, машғули омўзгорист.
Навиштаҳояш дар китобҳои «Нилуфари Моҳтоб», «Одамасп», «Эҳёи Мадрушкат» (ҳамроҳи Олимхон Исматӣ), «Ин дарахтон…», «Маснавии навӣ», «Нешу нўш», «Хуршедҳои гумшуда», «Пионерия», «Сурмаи дил», «Ҳақталош» ва «Деҳхудо» ба чоп расидаанд.
Соли 2009 дар мавзўи «Рашаҳот айн-ил-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 163.
Ин шеъ аз ӯст:
Ҷилваи сояҳост ин дунё,
Талхи шириннамост ин дунё.
Сабзу хуррам агарчӣ метобад,
Боз ҳам бенавост ин дунё.
Истгоҳе барои омад-шуд,
Партгоҳи ҷафост ин дунё.
Дар назар ҳамчу пуштаи хок аст,
Пуффаки пурҳавост ин дунё.
Умрҳо дар самост саргардон,
Кас надонад куҷост ин дунё.
Пирзолест масту хуношом,
Ташнаи хуни мост ин дунё.
Ҳеҷ бар ӯ наметавон дил баст,
Беваи бевафост ин дунё!
Аз Маликнеъм ат Неъматзода дар Китобхонаи миллӣ ин абётро ҳам метавонед дастрас намоед:
Эҳёи Мадрушкат: Асари таърихӣ – этнографӣ / Бо ҳаммуаллифи О. Исматӣ. – Душанбе: Сурушан, 2001. – 160 с.
Ҳақталош / Бо ҳаммуаллифи О. Исматӣ. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 246 с.
Деҳхудо / Бо ҳаммуаллифи О. Исматӣ. – Душанбе: Эҷод, 2008. – 272 с.
Навои пахтазор: Дубайтиҳо // Машъал. – 1982. – 13 ноябр.
Шеъри зиндагӣ: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1984. – 18 феврал.
Сайри олами саҳро; дубайтиҳо: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1985. – 19 октябр.
Ҷустуҷў: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 29 август.
Баҳору ишқу зиндагӣ: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1988. – 9 июл.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ