Журналисти шоистаи Тоҷикистон Саидқул Қурбонов
Нашр шуд 2019-09-13 15:02
Саидқул Қурбонов яке аз журналистони собиқадори кишвар аст. Аз ибтидо журналисти радио ва телевизион будааст ва муаллифи чандин тарҳҳои тамошобоб дар шабакаҳои телевизионии кишвар аст.
Саидқул Қурбонов соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар радиои тоҷик ба кор шуруъ кард. Зинаҳои муҳаррир, муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноатро паймуд. Аз соли 1982 дар телевизиони тоҷик заҳмат кашид, солҳои 1985-1986 сармуҳаррири идораи иттилоот, 1986-1992 сармуҳаррири идораи пропаганда, 1993-1998 сармуҳаррири идораи иқтисод буд.
Дар таҳияи барномаҳои мустақими «Гуфтугӯи ошкоро» ва суҳбат «Дар мавзӯи рӯз» бо маҳорати хоса таваҷҷуҳи бинандагонро ҷалб менамуд. Аз унсурҳои ҷолибсозии барнома ба маврид истифода мекард, ки барномаҳояш бештар писанди тамошобинон мешуданд.
Даҳҳо шогирд тарбия намудааст, ки дар пешбурди кори телевизиони миллӣ саҳм гирифтаанд. Дар лаҳзаҳои муҳими тақдирсоз солҳои 1992-1997 сиёсати давлат ва ҳукуматро тарғиб намуда, сазовори унвони «Журналисти шоистаи Тоҷикистон» гардидааст.
Бозчоп аз Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон. – Душанбе: Шуҷоиён, 2009. – С. 275.
Аз Саидқул Қурбонов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:
Сафаров, Х. "Роғун"-и шаффофу беғубор: Мусоҳибаи Саидқул Қурбонов, Бахтиёри Муртазо бо Директори генералии Ҷамъияти сохтмони кушодаи Нерӯгоҳи барқии оби Роғун Хайрулло Сафаров // Минбари халқ. – 2012. – 22 ноябр.
Муҳиддин, Э. Хабарнигоре, ки аз Қасри Кремл гузориш таҳия кард: Перомуни зиндагиномаи Корманди шоистаи Тоҷикистон котиби матбуот – сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсуси ҶСК НБО – Роғун Саидқул Қурбонов // Тоҷикистон . – 2014. – 6 феврал.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.