Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайи ҷалби наврасону кӯдакон ба мутолеаи китоб барои онҳое, ки имрӯзҳо вориди толори хониши ин Шуъба мешаванд, як сислсила чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардаву ба роҳ меандозд. Яке аз ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо ТВ “Баҳористон” сабти барномаи «Адибони наврас» мебошад.
Шумораи навбатии ин барнома бо ширкати адиби ширинбаёни кӯдакон, мудири шуъбаи кўдакони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз сабт гардид. Ин аслан як маҳфилест, ки дар он эҷодиёти наврасону кӯдакон барарсӣ мешавад ва моҳе як м аротиба доир мегардад.
Ин филм аз рўи повести маълуми Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ «Духтари ҳамсоя» буда, сенарияшро худи коргардон Анвар Тўраев навиштааст. Филми «Духтари сеюм» (наворбардор А. Мансуров, бастакор Саид Ҳамроев) қиссаи қариб сисолаи ҳаёти як устокулолро таҳлил мекунад.
Барои касони аз урфу одатҳои мардум Осиёи Марказӣ хабардор аслан худи филм як маънии драмавӣ дорад.
Қаҳрамони асосии филм – устокулоли Мухтор ба маънии ҳаёти нав нарасида, бартариҳои меҳнати муштараконаи артелро нафаҳмида, аз ҳамкасбону рафиқон ҷудоӣ варзида, маҳсули ҳунарашро ба бозор мекашад. Устои боҳунар розӣ нест, ки асрори нодири ҳунарашро ба ҷавонон ёд диҳад. Ягона орзуи ў писардоршавист, то дари асрори ниҳони ҳунарашро фақат ба писараш – вориси ному молу ҳунараш – бикушояд.
Норбибӣ, зани усто, дар ҳаёти умраш ду духтар ёфт. Акнун ба