Ин филм аз рўи повести маълуми Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ «Духтари ҳамсоя» буда, сенарияшро худи коргардон Анвар Тўраев навиштааст. Филми «Духтари сеюм» (наворбардор А. Мансуров, бастакор Саид Ҳамроев) қиссаи қариб сисолаи ҳаёти як устокулолро таҳлил мекунад.
Барои касони аз урфу одатҳои мардум Осиёи Марказӣ хабардор аслан худи филм як маънии драмавӣ дорад.
Қаҳрамони асосии филм – устокулоли Мухтор ба маънии ҳаёти нав нарасида, бартариҳои меҳнати муштараконаи артелро нафаҳмида, аз ҳамкасбону рафиқон ҷудоӣ варзида, маҳсули ҳунарашро ба бозор мекашад. Устои боҳунар розӣ нест, ки асрори нодири ҳунарашро ба ҷавонон ёд диҳад. Ягона орзуи ў писардоршавист, то дари асрори ниҳони ҳунарашро фақат ба писараш – вориси ному молу ҳунараш – бикушояд.
Норбибӣ, зани усто, дар ҳаёти умраш ду духтар ёфт. Акнун ба таваллуди писар интизор аст. Вале ин карат ҳам духтар меёбад. Пайдоиши духтари сеюм – Гулнора тоқати усторо тамом тоқ мекунад. Мавҳумот, ноумедӣ ба дили усто оташ меандозад ва ў дар ҳолати яъсу оташинӣ хонаашро тарк карда, баромада меравад. Дар вақти оворагардии ў ҷанг сар мешавад, усто ба ҷанг меравад. Усто гумон ҳам надошт, ки ягон рўз бо Норбибиву духтаронаш вомехўрад.
Ҷамъият ба Норбибӣ ва духтарони ў ёриҳо расонида, духтарон соҳиби илму ҳунар мешаванд, вале модарашон ҳамроҳи онҳо нест. Духтари сеюм – Гулнора касби падарашро ёд гирифта, рассоми ороишдиҳанда мешавад. Духтари якум сардухтури табобатхонаи шаҳр падараш – Мухторро аз рўи шиносномааш мешиносад ва ҳарду хоҳаронашро ба табобатхона даъват менамояд.
Коргардони филм Анвар Тўраев ба тақдири қаҳрамонони худ жарфтар назар андохта, олами ботинии онҳоро кушода тавонистааст. Ин филмро яке аз муваффақиятҳои кинои тоҷик ҳисобидан равост.
Дар ин филм ҳунармандони нотакрори кино ва театри тоҷик Ато Муҳаммадҷонов, Тамара Кокова, Сайрам Исоева, Носир Ҳасанов, Нозукмо Шомансурова, Анвар Тӯраев, Гуландом Сафаралиева, Абдулҳамид Нурматов, Ҳабибулло Абдуразаков ва дигарон нақшҳои худро хеле моҳирона ва табии офаридаанд.
Ин филмро хонандагон метавонанд аз толори маводҳои муссаббати шуъбаи Адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар тамошо кунанд.
Адабиётҳои истифода шуда:
1. Аҳроров, А. Санъати кино. Душанбе, «Ирфон», 1974, саҳ. 68.
2. Мирзошоев, С. «Роҳи кинои тоҷик». – Душанбе, «Ирфон». – 1973, саҳ.183.
Нигина Маҳмудова,
мутахассиси Шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар