Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар шашмоҳаи аввали соли 2015
Ин шуъба 3186 баргаро барои «Хазинаи электронии мусиқии тоҷик» электронӣ кардааст, “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик”-ро дар компютерҳо насб кардааст. Ба ин хазина 21 китоби электронӣ оид ба мусиқии тоҷик ва шарҳи он, авторефератҳо, мақолаҳо, рисолаҳои илмӣ, ба хазинаи “Рассомони Тоҷикистон” 49 мусаввара ва 37 расм доир ба ҳунарҳои дастӣ ворид карда шуд. Барои такмили фонд 18 китоби доир ба фарҳангу ҳунар ва 6 маҷалла ба толори хониши шуъба ва сабти аудиоии рубоиёти Умари Хайём ба Толори маводҳои мусаббат ворид кардааст. Ба “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик” 3 186 барга электронӣ карда шуд. Бо кумак ба шуъбаи автоматикунонӣ “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик”-ро дар компютерҳо насб кард.
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар ин шашмоҳа такмили барномаи “Феҳристи электронии мусиқии тоҷик” идома дод, ки қарор аст зарфи 3 моҳи оянда комилан омода ва мавриди истифода қарор дода шавад. Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур ҳамчун феҳристи электронӣ хизмат менамояд ва барои ҷустуҷўи маълумотҳо ва маводҳо пешбинӣ шудааст. Аз барнома кормандон ва хонандаҳо метавонанд бемамониат истифода баранд. Инчунин дар ин муддат бахши “Рассомони Тоҷикистон” барномасозӣ шуд.
Барои такмили фонд 18 китоби доир ба фарҳангу ҳунар ва 6 маҷалла ба толори хониши шуъба ва сабти аудиоии рубоиёти Умари Хайём ба Толори маводҳои мусаббат ворид карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки илова ба фаъолияти ҳаррўза дар матбуоти даврӣ доир ба масъалаҳои ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба илмомўзӣ мақолаҳо ба табъ расонида шуданд. Аз ҷумла, дар рўзномаи “Донишварз” мусоҳиба таҳти унвони “Талош барои пешрафти илму фарҳанг”, дар ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа” мақола бо номи “Аҳамияти китобхонаҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ”, дар нашрияи “Паёми донишҷў” мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ зери унвони Саҳобии Астарободӣ-шоир ва орифи порсигў ба табъ расонида шуд. Инчунин, мақолаи Ҳақназар Қурбонмамадов бо номи “Тоҷикон, кўшише дар шинохти чеҳраи иҷтимоии муосир” тарҷума ва дар нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Минбари халқ”, “Боҷу хироҷ”, “Омўзгор”, “Фараж” ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” нашр гардид. Илова бар ин сардори шуъба дар мулоқоти хонандагони фаъоли шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо бо номи “Чароғи маърифат” дар мавзўи “Нақши китоб дар рушди фарҳанги ҷомеа” маърўза кард.