Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
Аз моҳи майи соли 1977 бо номи Шӯъбаи нотавию мусиқӣ амал мекард, ки фонди онро 47470 нусха нота ташкил медод ва аз якуми августи соли 2009 ба Шӯъбаи фарҳанг ва ҳунар табдил дода шудааст. Аз 2 апрели соли 2012 бошад, Шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар номида шуд. Шуъба аз фонди ёридиҳанда иборат аст.
ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА: ташкили хизматрасонии истифодабарандагон бо адабиёти соҳавӣ (адабиёти мусиқӣ, нотаҳо, дискҳо, маводи аудиовизуалӣ), додани маълумотҳои библиографӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ).
Кормандони шӯъба ба мутахассисон: кормандони эҷодӣ, оҳангсозон, омӯзгорони Донишгоҳҳои махсус ва мактабҳои маълумоти умумӣ, арбобони театрҳо, кормандони мактабҳои мусиқӣ дӯстдорони фарҳанг ва ҳунар хизмат мерасонанд.
ИФТИХОРОТИ ШӮЪБА – захираи зиёда 63000 ҷузъи чопии нотаҳо буда, инҳо асарҳои вокалии ҳамаи жанрҳо, ансамблҳо, романсҳо, арияҳо, асарҳои мусиқӣ ба саҳнаҳои театрӣ, кинофилмҳоро дар бар мегирад. Захираи нотавии шӯъба бидуни адабиёти тоҷикӣ, инчунин дар худ теъдоди зиёди мусиқии ба забонҳои русӣ, укроинӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳои собиқи СССР сабтшударо дорад, ки ин гувоҳи алоқаҳои мустаҳками фарҳангии Тоҷикистон бо ин давлатҳост.
Дар маҷмӯаи нашрияҳои мусиқии шӯъба ҷои асосиро асарҳои бастакорони хориҷӣ, монанди Мотсарт, И. Бах, Дебюсси ва ғайраҳо мегиранд.
Шуъба дорои зиёда аз 4000 адабиёти мусиқӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ мебошад.
Асарҳои тоҷикӣ ва дигар мамлакатҳои дунё дар фонотекаи шӯъба навишта шудаанд, ки теъдодашон зиёда аз 3000 нусхаро ташкил дода, ҳамчун фонди тиллоии китобхона ба ҳисоб меравад.
Ба истифодаи осони корбарон феҳристҳо ва картотекаҳо пешниҳод шудаанд:
- Феҳристи алифбоии адабиёти мусиқӣ
- Феҳристи алифбоии нашрияҳои нотавӣ
- Феҳристи алифбоии аудиовизуалӣ.
Шӯъба ғайр аз хизматрасонӣ ба хонандагон намоишҳои китобии мавзӯъӣ ва тақвимиро ташкил менамояд. Аз соли 2006 рӯйхати библиографии «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба роҳ монд.
Ғайр аз истифодабарандагони доимӣ, шӯъба корбарони вертуалӣ ҳам дорад.
Ҳамасола коргарони шӯъба ба китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти кӯмак дароз мекунанд.
Фаъолияти шуъба дар нимсолаи аввали соли 2015-ро аз ин ҷо метавонед мутолиа кунед:
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар шашмоҳаи аввали соли 2015
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар нуҳ моҳи соли 2015