Нашрияҳо
Китобдор
Дунёи китоб
Китобдор
Дунёи китоб
Шарҳи нисбатан муфассали ин калима (ба сурати “ҳамоса”) дар “Фарҳанги Муъин” чунин дода шудааст: 1 (масдар) далерӣ кардан, шуҷоат намудан. 2 (исм) далерӣ, диловарӣ, шуҷоат. 3(исм) раҷаз, урҷуза. 4(адаб.) навъе аз шеър, ки дар он аз ҷангҳо ва диловариҳо сухан раввад, шеъри размӣ, шеъри ҳамосӣ.
Дар адабиётшиносии тоҷик аз даҳаи 80 ба баъд ин калима ҷойгузини истилоҳи адабиётшиносии “эпос” ва калимаи “ҳамосӣ”
Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо дар як солу се моҳ 144 нафар ба гуноҳи узвият дар гуруҳҳои ифротӣ боздошт шудаанд. Тафтиши парвандаи иддае ба анҷом расидаву санҷиши арқоми парвандаҳои баъзеи дигар идома дорад.
Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоиши “Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти
Аз аввалин рӯзи моҳи апрели соли равон Китобхонаи милли Тоҷикистон реҷаи кории худро тағйир дод.
Бо мақсади иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар дар таърихи 27-уми феврали соли равон ҳайати илмиву методии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба қароре омад, ки сар аз 1-уми
2-уми апрели соли равон соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» семинари илмӣ- амалӣ дар мавзўи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ифротгароӣ» баргузор мегардад.
Дар ин чорабинӣ ширкати намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи давлатии амнияти
Номи китоб: Намунаи адабиёти тоҷик
Муаллиф: Садриддин Айнӣ
Макони чоп: Душанбе
Ношир: Адиб
Соли нашр: 2010
Теъдоди саҳифаҳо: 448
«Намунаи адабиёти тоҷик» асарест, ки бо нашри он устод Айнӣ адабиёти тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Ин асар дар таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши намоёне дошт ва имруз ҳам аҳамияти таърихии худро ҳифз кардааст.
Азбаски чопи аввали «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) бо хатти форсӣ сурат ёфтаву мамнуъ гардида буд ва алоқамандони каломи бадеъ аз мутолиаи он маҳрум монданд. Хушбахтона, ин китоби таърихӣ бори аввал ба хатти кириллӣ ба чоп мерасад.
Донишномаи Шашмаком
Мухаррири масъул А. Рчабов. Душанбе, 2009. - с.
Асари мазкур бо мусоидати ЮНЕСКО ва Бунёди чопони тибки барномаи «Хифзи мускии классикии Осиёи Маркази – «Шашмаком» нашр шудааст. Матолиби ироашуда дар ин «Донишнома» назари муаллифон буда, шояд аз баъзе акидахои роич дар ЮНЕСКО тафовут дошта бошад. Маводи истифодашуда ва нашршудаи «Донишнома» ифодагари назару пешниходоти ЮНЕСКО, макомоти давлатию хукукии ин кишвар, минтака набуда сархади муайянро надорад.
Нашрияи «Дунёи китоб» нашрияи Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, Китобхонаи миллии Тоҷикистон муассиси он ба ҳисоб меравад. Оинномаи нашрия аз тарафи муассис 31-уми октябри соли 2012 тасдиқ карда шудааст. Нашрия ҳамчун Муассисаи ҳафтаномаи «Дунёи китоб» 3-юми сентябри соли 2012 дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти рақами 0210016015 ба сабти давлатӣ гирифта шуда, дар нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шудааст.
Маҷалла фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма», санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангӣ, дар рўҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, фарҳангпарастию инсондўстӣ тарбия намудани ҷомеа ва ҷалби ҳарчи беҳтару бештари онҳо ба китобу китобхона кўшиш ба харҷ медиҳад.
Дарҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагон боз аст:
Ҳамарӯза аз соати 8-00 то 22-00
Ҷумъаи охири ҳар моҳ рӯзи санитарӣ мебошад.
24-уми январи соли 2013 ифтитоҳи расмии «Толори Чин» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни суханронӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салимов Н.Ю ҳамаи меҳмононро ба муносибати чунин рӯзи таърихӣ дар муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Точикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой муборакбод намуда, кушодашавии «Толори Чин»-ро риштаи наве барои дӯстӣ ва пайванди фарҳангии ояндаи ду давлати бо ҳам дӯст арзёбӣ намуд. Сипас суханро ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сяньжун доданд.
Ин толор дар тобистони соли 1995 бо ташаббуси сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ифтитоҳ гардидааст ва он дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба номи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ номгузорӣ шуда буд.
Пас аз ифтитоҳи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангии Эрон ба бинои нав кӯчид, ки мудаввими ҳамон Толори ба номи устод Рўдакист.
Маросими ифтитоҳи расмии «Маркази иттилоотии Олмон» рўзи 22-уми июн дар бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Саидҷаъфар Сафаров ва Сафири Фавқулода, Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф ва Директори Донишгоҳи ба номи Гёте-и Олмон ҷаноби Йоханес Дал бо ҳузури густардаи намояндагони ҷомеаи фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишвар баргузор гардид.
Толори хониши кўдакон ва наврасон
Толори шуъбаи хизматрасонии махсус
Толори хониши электронӣ
Толори шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
Толори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ
Толори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён
Толори шуъбаи дасхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ
Толори шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ
Толори маводи мусаббат
Толори шуъбаи матбуоти даврӣ
Толори тиб ва илмҳои табиатшиносӣ
Барои сабти номи истифодабарандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳоди шиноснома ҳатмист. Хонанда пеш аз он ки дар Китобхона сабти ном шавад, акси ӯ гирифта шуда, дар баробари маълумоти шиноснома сурати ӯ низ дар корти пластикӣ ҷой карда мешавад. Инчунин хонанда бояд 10 сомонӣ маблағи кортро супорад.
Махзани маҷозии осори илмӣ
Ин пайвандҳо (ссилкаҳо) барои донишҷӯён, донишандӯзон ва ҳар илмомӯзе имконияти васеъро фароҳам меоранд. Дар ҳар кадоме аз ин пайвандҳо даҳҳо манбаи рисолаву мақолаву луғату фарҳангнома бо забонҳои мухталиф маҳфуз аст. Дастрасӣ ба аксарияти кулли ин манбаҳо озод аст.
Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти Оҷонсии миллӣ оид ба бехатарии ҳастаии Вазорати энергетикаи Амрико маблағгузорӣ мешавад. Торнамои мазкур ба олимону кормандони пажуҳишгоҳҳо имконият медиҳад, ба зиёда аз 10 миллион мақолаи комили пажуҳишии аксари фанҳои илмӣ дастрасии ройгону соддаро дошта бошанд. Ҳамчунин олимон метавонанд, на танҳо доир ба мақолаҳои илмӣ ва пажуҳишҳои тозаи донишмандони ҷаҳон маълумот пайдо кунанд, балки дар ин сайт корҳо ва пажуҳишҳои илмии олимони кишвари худро низ дастрас намоянд.
Polpred.com Баррасии ВАО. Бойгонии маводҳои муҳим ба таври дастӣ ҷамъоварӣ мегардад. Махзани маълумотҳо дар 26 самт/600 манбаъ/ 8 бахши федералӣ/235 кишвар ҳудуди марзӣ/ маводи аслӣ/ 3000 мақолаву мусоҳиба аз шахсиятҳои аввалро дорост. Ҳамарӯза ҳазорон хабар, матнҳои комил бо забони русӣ ва маълумотҳои ҷолибро бознашр мекунад.
Дастрасӣ ба Polpred.com аз ҳамаи ройонаҳои дохили китобхона озод аст.
Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии Русия ва сарпарастии Фонди Байналхалқии Ҳамкориҳои Гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳои Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Толори хониши маҷозии Китобхонаи давлатии Русия таъсис шудааст.
Китобхонаи миллӣ дорои ду навъи феҳрист аст. Феҳристи анъанавӣ ва феҳристи электронӣ. Барои истифодаи феҳристи электронӣ барномаи «ExLibris Aleph» насб шудааст, ки кори хонандагонро хеле осон ва содда мекунад.
Қисми «ОРАС»-и барномаи «ExLibris Aleph» барои истифодаи хонандагон таъсис шудааст. Феҳристи электрониро бо рақами корти аъзогӣ ва коди вурудӣ, ки дар замони бақайдгирӣ ба хонанда дода мешавад, метавон истифода бурд.
«…Бигзор ин фарҳанги ҷомеъ ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рўимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
КОНУНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
КОНУНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ