Бахши фарҳангии Эрон
Ин толор дар тобистони соли 1995 бо ташаббуси сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ифтитоҳ гардидааст ва он дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба номи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ номгузорӣ шуда буд.
Пас аз ифтитоҳи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангии Эрон ба бинои нав кӯчид, ки мудаввими ҳамон Толори ба номи устод Рўдакист.
Дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Марказ дорои 15,000 нусха китоб буд. Баъдан аз тарафи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон боз 8,000 ҷилд китоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон эҳдо шуд ва теъдоди китобҳои махзани моро зиёд гардонид. Ҳоло шумораи умумии китобҳои дар толор буда 22,5 ҳазор нусхаро ташкил мекунад.
Феҳрасти китобҳои толор ба бахшҳои зерин гузошта шудааст ва ҳамин бахшҳо мўҳтавои умумӣ ва мавзуъоти манобеъи моро ташкил мекунанд:
- шеъру девон;
- адабиёт;
- фалсафа, равоншиносӣ, ирфон;
- дин;
- сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, ҷамъиятшиносӣ;
- забоншиносӣ;
- улуми табиӣ ва риёзӣ;
- техноложӣ;
- ҳунар;
- адабиёти хориҷӣ;
- таърихи хориҷӣ;
- ҷуғрофиё;
- сафарнома ва хотирот;
- таърихи Эрон;
- феҳристи дастхатҳо ва китобшиносӣ;
- фарҳангу луғатномаҳо ва маҷалаҳо;
Дар марказ кўшиш ба харҷ дода мешавад, ки ба хонандагон дар сатҳи баланд хизмат расонида шавад. Ҳузури муштариёни доимии марказ ба ҳусни ин макони маърифат ҳусни тоза мебахшад.