Дунёи китоб

Нашрияи «Дунёи китоб» нашрияи Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, Китобхонаи миллии Тоҷикистон муассиси он ба ҳисоб меравад. Оинномаи нашрия аз тарафи муассис 31-уми октябри соли 2012 тасдиқ карда шудааст. Нашрия ҳамчун Муассисаи ҳафтаномаи «Дунёи китоб» 3-юми сентябри соли 2012 дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти рақами 0210016015 ба сабти давлатӣ гирифта шуда, дар нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шудааст. Бо қарори Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, академик Салимов Носирҷон Юсуфович аз 15-уми августи соли 2012 Ќурбонов Хайриддин Шарифович (шоир Хайрандеш) сармуҳаррири нашрияи «Дунёи китоб» таъин карда шуд. 
Таъкид бояд кард, ки нашрияи «Дунёи китоб» бо мақсади ҷалби хонандагони сершумор ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, тарғиби китобхониву китобдўстӣ, шиносоии аҳолӣ бо китобҳои арзишманди кишвар ва ҷаҳон, китобҳои тозанашр ва нусхаҳои хаттии осори ниёгон, инчунин, омўзиши фарҳанги сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, иқтисодиёт, ҳаёти фарҳангию иҷтимоӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва ташвиқи некиву некўкорӣ ва ватандориву ватанпарастӣ таъсис дода шудааст. Ҷалб кардани таваҷҷўҳи шаҳрвандони кишвар ба китобу китобхонӣ имрўз аз муҳимтарин ва савобтарин фаъолиятҳо ба ҳисоб меравад. Маҳз нашрияи «Дунёи китоб» метавонад ва имкониятҳои фаровоне дорад, ки ин рисолатро ба дўши худ бигирад, аҳолии кишварро саросар китобдўсту китобхон бигардонад ва сатҳи маънавиёти ҷомеаро баланд бубардорад. 
Нашрияи мазкур алъон моҳе як маротиба нашр хоҳад шуд. Дар сурати пайдо шудани шароиту имкониятҳои мусоид нашрия метавонад ҳар ҳафта мунтазам аз чоп барояд.