Маркази фарҳангии Чин
24-уми январи соли 2013 ифтитоҳи расмии «Толори Чин» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни суханронӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салимов Н.Ю ҳамаи меҳмононро ба муносибати чунин рӯзи таърихӣ дар муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Точикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой муборакбод намуда, кушодашавии «Толори Чин»-ро риштаи наве барои дӯстӣ ва пайванди фарҳангии ояндаи ду давлати бо ҳам дӯст арзёбӣ намуд. Сипас суханро ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сяньжун доданд. Ҷаноби Фан Сяньжун дар суханронии хеш миннатдории худро ба директори Китобхонаи милли Тоҷикистон барои ҷудо намудани толор баён намуда, қайд кард, ки ифтитоҳи чунин маркази фарҳангӣ як такони ҷиддие дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар риштаи илму фарҳанг хоҳад шуд. ӯ инчунин қайд намуд, ки «Толори Чин» дар муаррифи намудани маданияту фархангӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой барои мардуми ин кишвар мусоидат хоҳад кард.
Баъдан сухан ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошохрух Асрори дода шуд. Мирзошохрух Асрори ҷаноби Фан Сяньжун ва тамоми меҳмононро ба муносибати кушодашавии толор муборакбод намуд.
Сипас ҷонишини вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон Зоҳидов Низомиддин баромад намуда, ҷаноби Фан Сяньжун ва ҳозиринро муборак бод карда, дар суханронии худ, иброз намуданд, ки кушодашавии ин толор ин идомаи мантиқии муносибатҳои дустонаи байни ду кишвари бо ҳам дӯст буда, махсусан кушодашавии ин толорри бузургро иқдоми нек дар пешрафти муносибатҳои дипломатии дӯстонаи ин кишварҳо арз намуд.
Ҷонишини мудири депортаменти маорифи СУАР ҷаноби Тун Цзиминь инчунин баромад намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта барои ифтитоҳи чунин Толор муборакбод намуд.
Ифтитоҳи «Толори Чин»-ро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салимов Н.Ю, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фань Сяньжун, вазири фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидов Низомиддин, муовини сардори депортаменти маорифи СУАР ҷаноби Тун Цзиминь бо буридани лентаи рамзӣ расман эълон намуданд.
Баъдан оид ба санъати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва барномаи консертиву фароғатӣ баҳри ҳозирин пешкаш карда шуд, ки он хеле ҷолиб буд.