Всл
Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти Оҷонсии миллӣ оид ба бехатарии ҳастаии Вазорати энергетикаи Амрико маблағгузорӣ мешавад. Торнамои мазкур ба олимону кормандони пажуҳишгоҳҳо имконият медиҳад, ба зиёда аз 10 миллион мақолаи комили пажуҳишии аксари фанҳои илмӣ дастрасии ройгону соддаро дошта бошанд. Ҳамчунин олимон метавонанд, на танҳо доир ба мақолаҳои илмӣ ва пажуҳишҳои тозаи донишмандони ҷаҳон маълумот пайдо кунанд, балки дар ин сайт корҳо ва пажуҳишҳои илмии олимони кишвари худро низ дастрас намоянд. Феълан чунин китобхонаҳои илмии виртуалӣ аз ҷониби барномаи амрикоӣ дар кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Марокаш, Алҷазоир, Афғонистон, Ироқ ва Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Шартан дар ҷаҳонӣ муосир беш аз 500 ҳазор маҷаллаи илмӣ нашр мешавад ва тавассути ин китобхона донишмандони кишвар акнун ба 12 ҳазори он дастрасӣ пайдо мекунанд.
Пажуҳишгарон дар Тоҷикистон метавонанд тавассути компютере, ки ба интернети китобхона, донишгоҳ ё муассисаи илмӣ-тадқиқотиашон пайваст шудааст, ба саҳифаи www.TajikistanVSL.org дароянд ва торнаморо истифода баранд. Ҳамчунин дастрасӣ ба ин сомона аз дохили Китобхонаи миллии Тоҷикистон имконпазир аст.