Мубориза бо ифротгароиро дар семинари илмӣ-амалӣ баррасӣ мекунанд

2-уми апрели соли равон соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» семинари илмӣ- амалӣ дар мавзўи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ифротгароӣ» баргузор мегардад. 
Дар ин чорабинӣ ширкати намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид  ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар назар дошта шудааст.