Толори хониши вертуалии Китобхонаи давлатии Русия (ТХВ КДР).

Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии Русия ва сарпарастии Фонди Байналхалқии Ҳамкориҳои Гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳои Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Толори хониши маҷозии Китобхонаи давлатии Русия таъсис шудааст.
Китобхонаи электронии КДР бештар аз 650 000 матни комили рисолаҳо ва рефератҳоро дар худ дорад. Дастрасӣ ба феҳристи Китобхонаи электронии рисолаҳои КДР озод буда, ҳамаи истифодабарандагони Интернет метавонанд аз он кор бигиранд , аммо матни рисолаҳоро метавонанд танҳо аз толорхои хониши Китобхонаи милли дастрас кунанд. 

http://www.diss.rsl.ru 

Ҷустуҷӯи рисолаҳо дар феҳристи электонии шакли электронии рисолаҳо имконпазир аст, ки ин феҳрист ҳамчунин маълумоти библиографӣ, калидвожаҳои пайванди мустақим ба парвандаҳои матни комили рисолаҳоро дорост.
Дастрасӣ ба Китобхонаи электронии рисолаҳои Китобхонаи давлатии Русия дар Толори кормандони илми Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар ошёнаи 5 фароҳам карда шудааст.