Китобхонаи миллӣ реҷаи кории худро тағйир дод
Нашр шуд 2015-05-07 17:04
Аз аввалин рӯзи моҳи апрели соли равон Китобхонаи милли Тоҷикистон реҷаи кории худро тағйир дод.
Бо мақсади иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар дар таърихи 27-уми феврали соли равон ҳайати илмиву методии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба қароре омад, ки сар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мутобиқ ба рӯзҳои тобистон реҷаи кории худро тағйир диҳад.
Аз ин ба баъд китобхона ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб дарҳои худро ба рӯйи хонандагонаш боз медорад.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе низ ҳамин реҷаи корӣ таъин шудааст ва рӯзи душанбе дар китобхона рӯзи истироҳат аст.
Дар иртибот ба ин маъмурияти Китобхонаи миллӣ барои кормандони шабкораш як автобус иборат аз 44 ҷойи нишаст ҷудо кардааст, ки шабона баъди анҷоми соати корӣ онҳоро ба манзилашон мерасонад