Ёде аз шоир Ҳайдаршо Маҳмадалишо

Имрӯз, 18-уми апрел зодрӯзи шоири ҳаҷвнавис ва суханвари мумтоз Ҳайдаршо Маҳмадалишост. Шоир, тарҷумон ва фелйетонависи машҳур, ки солҳои тӯлонӣ бо маҷаллаи ҳаҷвии “Хопуштак” ҳамкорӣ дошт ва дар ҳаҷву мутоиба мумтоз буд. Аз ӯ ёд кунем.

Ҳайдаршо Маҳмадалишо 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1948 омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ, соли 1955 факултаи  таъриху филологияи  Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистонро хатм кард.
Дар аввал муаллим буд, баъдан  ба кори рӯзноманигорӣ  гузашт. Аъзои ҳизби коммунист буд ва соли 1965 Мактаби олии ҳизбиро низ хатм карда буд.
Аз соли 1974  муҳаррири  калони   моҳномаи «Комунисти  Тоҷикистон» буд. Аз аввали солҳои 50 ҳам барои атфол ва ҳам барои бузургсолон шеър мегуфт.
Ашъори  ӯ дар  маҷмуаҳои  «Ҳамсинфони ман» (соли 1958),  «Садои  баҳор» (соли 1966),  «Бачаҳои Москва» (соли 1966), «Гулхандаи замин»(соли 1974), « Дарё омад» (соли 1976),  «Помири ман» (соли 1978), «Кӯҳи лаъл» (соли 1982), «Баёзи сангин» (соли 1984), гирд омадаанд.

Дар китоби ҳаҷвии ӯ “Хористони « Хорпуштак» (соли 1983) танбалону коргурезон ва хушомадгӯёну баднафсон мазаммат шудаанд. Намунаи  шеърҳои Ҳайдаршо ба забонҳои русӣ, молдовӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудааст.  Китоби очерку мақолаҳояш бо номи «Се насли омўзгорони Бадахшон» соли 1991 аз чоп баромад.
Ашъори С. Шипачёв, К. Симонов, Н. Доризо ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст.
Аз соли 1963 узви Иттифоқи Нависандагони СССР буд. 

                                               Осор:

Ҳайдаршо, М. Сарои баҳор : / Муҳаррир М. Фарҳат .  –  Душанбе : Ирфон , 1966 .  – 84 с.
Ҳайдаршо, М. Оимтилло дар қабулгоҳи Мушфиқӣ: Ҳаҷвия // Занони Тоҷикистон.  – 1972 .  – № 3 . – С. 22.
Ҳайдаршо, М. Помири ман : Маҷмӯаи шеърҳо . – Душанбе: Ирфон, 1978 . – 144 с.
Ҳайдаршо,М. Кӯҳи лаъл: Маҷмӯаи шеърҳо барои бачагони синни томактабӣ . – Душанбе : Маориф , 1982 . – 24 с.
Ҳайдаршо,М. Баёзи сангин: Маҷмўаи шеърҳо .  –  Душанбе: Ирфон, 1985 .  –  80 с.
Ҳайдаршо, М. Мо аз боми ҷаҳон:  Қисса ва шеърҳо барои бачагони синни  хурди мактабӣ . – Душанбе: Маориф , 1986 . – 72 с.
Ҳайдаршо,М.  «Сайри олами  фарҳанг» : Фарҳанги забони тоҷикӣ                          // Омӯзгор . – 1991 . – 6 феврал.
Ҳайдаршо,М. Шукуфон : Очерк // Садои мардум . – 1991 .  – 1 май.
Ҳайдаршо, М. Дубайтиҳо // Сдои Шарқ. – 1991. –  № 11 . – С. 75-76.
Ҳайдаршо, М.  Марав аз ман; Китоби чашми ту хонам шабу рӯз; Дилам хоҳад; Чу сайёди ту дар болои кӯҳсор: Шеърҳо // Коммунисти  Шуғнон . – 1991. –  3 август.
Ҳайдаршо,М. Ҳайкалҳои деҳа; Ширинии умрам туӣ: Шеърҳо // Бадахшони советӣ  . – 1991 . – 17 август.
Ҳайдаршо, М. Арақ  гуфто : Шеър // Ҳақиқати Ӯзбекистон . – 1991. –                      23 октябр.                                                                                                           
Ҳайдаршо,М. Дубайтиҳои тоза // Маърифати Шуғнон. – 1992 . – 18 январ.
Ҳайдаршо, М.Чашмон; Фариштаи  шеър: Шеърҳо // Садои мардум . – 2005 . – 27 октябр.                                                                                                                                  
Ҳайдаршо, М. Гуноҳамро намебахшанд: Шеър // Адабиёт ва санъат . – 2006 . – 31 август.                                                                                                                      
Ҳайдаршо, М. Ман  ҳамдардат  эй инсон; Мисраи шоир; Бахшандаи  илҳом; Қудрати  ишқ; Бо ту ва бе ту: Шеърҳо // Адабиёт  ва санъат . – 2007. – 11 апрел.
   Ҳайдаршо, М. Аз дафтари ғазал: Ғазалҳ аз ашъори  шоир  // Ҷавонони Тоҷикистон . –  2009. – 19 март.
Ҳайдаршо, М. Аз дафтари ғазал // Адабиёт ва санъат . – 2010 . –  9 декабр.                                                                                                          

                        Тарҷумаҳои  Ҳайдаршо  М.

Юренко,О.Модар: Шеър / Аз русӣ тарҷума М. Ҳайдаршо // Маориф ва маданият. – 1969. – 11октябр.
Такур,Р.  Аз силсилаи  Ватан : Шеър / Тарҷумаи М. Ҳайдаршо // Маориф ва маданият. – 1969. – 23 октябр.
Неделина,Н. Ман ба дунё омадам; Борон: Шеърҳои шоираи булғорӣ  / Аз русӣ тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Занони Тоҷикистон. – 1971             . – №10 . – с.8.
Неделина,Н. Ҳазорон дил агар медоштам  ман: Шеър / Тарҷумаи  М.Ҳайдаршо  // Комсомоли тоҷикистон. – 1972. – 12 март.
Межелайтис,Э. Садои дил: Шеър / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо                         // Маориф ва маданият. – 1973. – 6 январ.
Юренко,О. Лутф  фармо, дӯст: Шеър / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 14 январ.
Ангуштина,Н. Фарёди одам: Шеър / Тарҷумаи М. Ҳайдаршо // Ҳақиқати Ӯзбекистон. – 1973. – 4 сентябр.
Маршак,С. Амаки хаёлӣ : Шеър / Тарҷумаи озодӣ М.Ҳайдаршо // Машъал. – 1974. – № 4. – С. 72.
Солоухин,В. Дурахши ситораҳо; Хазон дида: Шеърҳо / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Газетаи  муаллимон. – 1987. – 18 август. 
Аюбов,Т. Низомӣ: Шеър /  Тарҷумаи М.Ҳайдаршо  //  Китоби дӯстӣ: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе: 1989. – С. 285.
Синелников,М. Дарахт; Овози дӯст (ба ёдбуди Ҳабибулло Файзулло): Шеърҳо /  Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Китоби дӯстӣ: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С. 97.

     
Таҳияи Парвина   Каюмова,
Корманди  шуъбаи  библиографияи миллӣ   

Чанд намуна аз шеърҳои ҳаҷвии марҳум Ҳайдаршо Маҳмадалишо пешкашатон мегардад:

     Сарахбор

Зиндагонӣ то нагардад доғдор,
То нагардад хира шамъи рўзгор.
То ки зишту бад набошад дар ҳаёт,
Ҷои зебоию некию нишот.
Аз сари раҳ хору кас рўбем мо,
Зоти бадкирдорро кўбем мо.
Қасди чапдастон зи беху бун канем,
Хайли баднафсон зи раҳ берун кунем.
Мўҳр бояд зад даҳони ҳарзагў,
То насозад филро аз пашша ў.
Танбалонро танг аз майдон кунем,
Ҳаркуҷо шармандаи даврон кунем,
Чун дучор ояд агар меҳнатгурез,
Бар сараш борем ҳаҷви танду тез.
Аз ҳатулону баккорон ҳазар,
Корашон бар ҷамъият бошад зарар.
Рўзи бадмастон сиёҳ бояд намуд!
Ҳоли эшонро табоҳ бояд намуд!
Бар ҳама ин зотҳои сахтсар,
Мо сухан гўем танду талхтар,
Мо амин ҳастем кам нуқсон шавад,
Мушкили мардум аз ин осон шавад.

Гул ва пул
Корад бобои деҳқон,
Сабзӣ, кабудию гул
Аммо бе дарди миён,
Ҳаннот аз он кунад пул.   

Калла кадуи холист
Дар кўчаву бозор,
Кардам ҳамаро безор.
Дар ниҳодам чизе нест,
Аз моли хулқу атвор.
Канякҷонро бо арақ,
Палавҷонро як табақ,
Дам кашам, чун аждаҳор.
Сонӣ хўрам ҳандалак…
Дар ҳар давра, ҳар маҳфил,
Бардорам шўру ғаво,
Аз пашша месозам фил,
Аз қатра баҳру дарё.
Ҳам пулам ҳаст ҳам молам,
Бар чиз эҳтиёҷам нест,
Аммо доим менолам,
Эй вой каллаам холист.
копи карда фиристодам