Дуччо ди Буонинсеня - наққоши аҳди Сиена, ки охири асри 13 ва аввали асри 14 зистааст

Дуччо ди Буонинсеня (Duccio di Buoninsegna), тақрибан соли 1255-60 ба дунё омадааст. Рассоми италиявӣ, асосгузори мактаби рассомии сиенӣ. Нозукиҳои санъати рассомиро дар назди рассоми машҳури замонаш Чимабуэ (1240-1303) омўхтааст. Моҳияти аслии санъати рассомии Дуччо дар навсозии тарзу усули офариниши асар ва баромадан аз ҳудуди анъанавии мактаби рассомии византиягӣ, ки он замон дар сабки рассомони Сиена афзалияту бартарӣ дошт, таҷассум гардидааст.

Ба Дуччо муяссар гардидааст, ки қолабҳои анъанавии гузаштаро барҳам надода, бо маҳорати баланд ва салиқаю табъи нозуки худ онҳоро ба ҳам пайванд созад. Асари бузурги офаридаи Дуччо. «Маэста» - и калон аз калисои ҷомеи Сиен мебошад.

Ба қалами Дуччо асарҳои «Маэста» (1308-11)- и хурд (Осорхонаи санъати Венна), «Мадоннаи Франсисканӣ» (тақрибан 1300, Сиена Пинакотека), «Мадоннаи тифлбадаст» - и машҳур бо номи «Мадоннаи Строганов» (Осорхонаи Метрополитен, Ню- Йорк), «Мадоннаи тифлбадаст ва шаш фиришта" (Нигористони миллии Умбрия, Перуҷа) ва «Триптихи №566»- и на он қадар калон (Нигористони Лондон) таалуқ доранд.

Дуччо ба эҷодиёти рассомони шинохтаи италиявӣ А. Лорентсетти ва С. Мартин таъсири бузург гузоштааст.

Соли 1319 дар Сиена вафот кардааст.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 171-172.

Муаллиф:  А. Саидов.

Таҳияи Фируза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.