Ҳасани Деҳлавӣ – яке аз бузургтарин шоирони порсигӯи Ҳиндустон
Сад нома навиштему ҷавобе нанавиштанд,
Ин ҳам, ки ҷавобе нанавиштанд, ҷавоб аст.
Ҳасани Деҳлавӣ - Саъдии Ҳиндустон - аз шоирони бузурги порсигӯи Ҳиндустон дар қарни ҳафтум ва ҳаштуми ҳиҷрӣ, ҳамзамон ва ҳамнишин, дӯст ва мусоҳиби ҳамешагии Амир Хусрави Деҳлавист.
Дар ин давра буда, ки бар асари ҳамлаи муғул иддаи касире аз донишмандону олимони дин ва суфиёну адибон ва шоирони эронинажод ба шимоли Ҳиндустон паноҳанда шуданд ва дар шаҳрҳои ободи ин навоҳӣ сукунат ихтиёр карданд. Ин гуруҳ ва фарзандону наберагони онон ноширони воқеъии забон ва адаби форсӣ буданд ва фарҳанги исломӣ дар Ҳиндро ба вуҷуд оварданд
Гароиши Амир Ҳасани Деҳлавӣ ба тасаввуф ва хизмати Низомиддин Авлиё дар синни пирии вай анҷом гирифт ва баъид нест, ки ин гароиш ва ошноӣ бар асари дӯстӣ байни Ҳасан ва Хусрав сурат пазируфта бошад.
Осори ошноии Ҳасан бо сӯфиён ва гароиш ба эътиқодоти ишон дар ғазалҳо ва маснавиҳои ӯ дида мешавад.
Девони Амир Ҳасани Деҳлавӣ бештар аз 9 ҳазор байт ва шомили қасоид, ғазалиёт, тарҷеот, таркибот, рубоиёт ва маснавӣ аст.
Дар ғазал Ҳасани Деҳлавӣ Саъдиро пайравӣ ва татаббўъ карда, борҳо ба ин шоири бузург мўътақид будани худро изҳор доштааст. Бинобар он ўро Саъдии Ҳиндустон гуфтаанд. Ғазалиёти ў дар тавсифи дилбариҳои ёр, ғамҳои ошиқ, талхии фироқ, ширинии висол, вафодорӣ, май, табиат ва ахлоқи ҳамидаи инсон гуфта шудаанд. Дар баъзе ғазалу қитъа ва рубоиёти ў аз аҳли дин, замон ва аҳволи сахти худ шикоятҳо ба назар мерасанд.
Ҳасани Деҳлавӣ дар ғазалиёташ аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, санъатҳои бадеӣ, махсусан таҷнис, ҳунармандона истифода бурдааст. Асарҳои мансури Деҳлавӣ марсия дар марги Муҳаммадсултон (ҳукмрони он давр, ки Ҳасан дар дарбораш хидмат мекард) ва “Фавоид-ул- фуод” мебошанд. “Фавоид-ул-фуод” таълифаш (1322) аз панҷ ҷилд иборат буда, дар он Ҳасан Деҳлавӣ суханрониҳои пири худро дар маҷлису вохўриҳояш ба қалам овардааст.
Ҳасан Деҳлавӣ бо номи “Ишқнома” достони хурде ҳам дорад, ки соли 1301 таълиф шудааст.
Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик пеш аз ҳама ҳамчун шоири ғазалсаро маъруф аст. Шоирони тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Камолуддини Биноӣ, Зайнуддини Восифӣ ва дигарон ба ғазалиёти Ҳасан Деҳлавӣ назира навиштаанд.
Ҳасани Деҳлавӣ соли 1337 дар Девгир (ҳозира Аврангобод) вафот кардааст.
Аз Ҳасани Деҳлавӣ, осори ӯ ва дар бораи шоир дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро мутолиа намоед:
Осори ошир
Мунтахабот: Ғазалиёт, муқаттаот, рубоиёт, достони “Ишқнома” / Тартибдиҳандагон М.Бақоев, Л.Саломатшоева. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 327 с.
Ғазалиёт // Ҳасани Деҳлавӣ. Мунтахабот. – Душанбе, 1965. – С. 17-290.
Муқаттаот // Ҳасани Деҳлавӣ. Мунтахабот. – Душанбе, 1965. – С. 293-294.
Рубоиёт // Ҳасани Деҳлавӣ. Мунтахабот. – Душанбе, 1965. – С. 297-300.
Достони “Ишқнома”: Ба тариқи интихоб // Ҳасани Деҳлавӣ. Интихобот. – Душанбе, 1965. – С. 303-318.
Намунаҳо аз осори Ҳасани Деҳлавӣ / Ба чоп тайёркунанда М.Бақоев // Шарқи сурх. – 1959. – №11. –С. 111-116.
Ғазалиёт // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1970. – 11 июл.
Дар бораи Ҳасани Деҳлавӣ
Саломатшоева,Л., Бақоев,М.Муқаддима: Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоири намоёни боистеъдоди форси забони Ҳиндустон Ҳасани Деҳлавӣ // Мунтахабот. – Душанбе, 1965. – С. 3-13.
Мирзозода, Х. Ҳасани Деҳлавӣ // Таърихи адабиёти тоҷик. – Душанбе, 1977. – Китоби 2. – С. 52-54.
Бақоев, М. Ҳасани Деҳлавӣ // Маориф ва маданият. – 1959. – 18 август.
Сайфиев, Н. Назар ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳасани Деҳлавӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1961. – 15 июл.
Намунаи ашъори Ҳасани Деҳлавӣ: Аз “Мунтахабот”-и Ҳасани Деҳлавӣ / Тартибдиҳандагон М. Бақоев, Л. Саломатшоева // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1965. – 6 июн.
Саломатшоева, Л. Ҳасани Деҳлавӣ ва таҳлили ғазалиёти ў // Маориф ва маданият. – 1967. – 30 ноябр.
Бақоев, М. Ҳасани Деҳлавӣ: Дар бораи эҷодиёташ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1970. – 11 июл.
Олимов, М. Дар оромгоҳи бузургон: Дар бораи оромгоҳи Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил // Маориф ва маданият. – 1978. – 22 июн.
Самадова, С. Ташбеҳ дар ғазалиёти Ҳасани Деҳлавӣ // Маорифи Тоҷикистон. – 2016. – №9. – С. 45-47.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ