Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧЎББОЗӢ
Нашр шуд 2018-12-24 14:11
Чўббозӣ хоси мардуми кўҳистонаст, зеро дар гузашта марди кўҳистонӣ, вақте ки аз хона мебаромад, ҳатман бо худ чўб ё таёқ мегирифт. Чўбдастро ў ҳангоми дар пайраҳаи кўҳӣ роҳ гаштан, гову гўсфандонро рондан ва ҳамчун силоҳи одӣ барои муофизат аз ҷонварони ваҳшӣ истифода мекард.
Чўббозӣ рақси ҷанговаронаи мардона буда, онро як ё ду нафар иҷро менамоянд. Рақс лаҳзаҳои ҷанги сарбоз, шикор, мусобиқаи паҳлавониро таҷассум мекунад. Ба ин рақс ҳаракатҳои дасту бозу, гардишҳои ҷасурона, чархидани босуръат ва таваққуфҳои ногаҳонӣ хос мебошанд. Иҷрокунанда дар дасташ якто чўби сахти тарошидашударо дошта, онро пушти камар моҳирона тоб медиҳад. Ў чўбро дар дастонаш бо тарзи уфуқӣ дошта, бо пойҳояш пасу пеш қадам ниҳода, андаке ба самти чап ва сипас ба тарафи рост меравад. Чўбро дар сари китф гузошта, дастонашро ба ду тараф кушода, чўбро аз ду канораш медорад ва дар ҳамин ҳолат чарх мезанад. Сипас, чўбро ба тарзи амудӣ медорад ва ба замин ниҳода, бо як даст онро дошта гирди чўб ба тарафи рост давр мезанад. Боз дастҳоро иваз карда, ба тарафи чап гирди чўб мегардад. Чўбро баъдан ба дастонаш бардошта, чор маротиба ба тарафи чап ва боз чор маротиба батарафи рост чарх мезанад.
Чўббозӣ хоси мардуми кўҳистонаст, зеро дар гузашта марди кўҳистонӣ, вақте ки аз хона мебаромад, ҳатман бо худ чўб ё таёқ мегирифт. Чўбдастро ў ҳангоми дар пайраҳаи кўҳӣ роҳ гаштан, гову гўсфандонро рондан ва ҳамчун силоҳи одӣ барои муофизат аз ҷонварони ваҳшӣ истифода мекард.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 52.
Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ