Қаҳрамони ҳикояи “Хиёбони Нодир”
Олиме буд пӯхтакор, пажуҳишгаре донишманд, забоншиноси маъруф. Ва ҷолиб он ки бо садои марғубаш беҳтарин ровӣ ва хонандаи шеъри классикӣ буд. Шояд дар бойгонии радиои Тоҷикистон садҳо навори савтӣ ёфт шавад, ки бо садои ин донандаи хуби адабиёти классикӣ сабт шудаву маҳфуз аст.
Абдулқодир Маниёзов 10 - августи соли 1930 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ ва аспирантураи АФ РСС Тоҷикистон (1956) ходими илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ, ҷонишини директори ҳамин пажўҳишгоҳ, ҷонишини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик (1969-1972) буд. Аз соли 1972 раиси Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АФ РСС Тоҷикистон буд. Номзади илми филология, узви вобастаи АУ Тоҷикистон (1981), узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форси Эрон (1966) буд.
Муддате ҷонишини раиси Шўъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои маданӣ бо Афғонистон, аъзои Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ буд.
Мақолаҳои танқидӣ ва адабиётшиносии ў аз соли 1956 чоп мешуданд. Маниёзов дар кори ба нашр ҳозир кардани куллиёти устод Айнӣ, «Ашъори мунтахаби Айнӣ» ва дигар маҷмўаҳои муштарак ширкат варзидааст, ки аксари онҳо ба таҳқиқи эҷодиёти С. Айнӣ, масъалаҳои умумии адабиёти советии тоҷик ва робитаҳои адабӣ бахшида шудаанд. Соли 1958 рисолаи «Публитсистика ва назми устод С. Айнӣ», ки дар он фаъолияти эҷодии устод дар солҳои аввали Инқилоби Уктобер мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, чоп шуд. Нашри «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (1970), осори Сино (1980), «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (1980, ҷ.4), дуҷилдаи осори М. Турсунзода (1981), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985), таҳрири нашри форсии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1998) нишоне аз заҳмати пайвастаи ўст.
Маниёзов муаллифи мақолаҳои «Нахустин шеърҳои устод Айнӣ», «Мулоҳизаҳо доир ба ташаккули насри Айнӣ», «Шеъри нав» ва баъзе масъалаҳои шеърият», «Таҳаввулоти шакли бадеӣ дар эҷодиёти устод Лоҳутӣ» ва ғайра мебошад, ки дар онҳо тамоюлҳои асосии инкишофи адабиёт ва адабиётшиносии тоҷик таҳқиқ шудаанд. Инчунин Маниёзов муаллифи мақолаҳои «Дақиқӣ – шоири тағаззулӣ ва ҳамосасарои асри Х», «Ҳофиз ва мусиқӣ», «Масъалаҳои асосии омўзиши эҷодиёти Аҳмади Дониш», «Бист достони эпоси «Гурўғлӣ» аст, ки ба масъалаҳои ҷудогонаи адабиёти форс-тоҷик, фолклор оиданд. Ба тарҷумаи бадеӣ низ машғул буд: «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Навоӣ (1961), повестҳои А. Яковлев «Саргузашти Руал Амундсен» (1960, ҳамроҳи Н. Холмуҳаммадов) ва В. Короленко «Безабон»-ро (1965), «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров (ҷ. 1,2, 1983, бо Н. Холмуҳаммадов) ба тоҷикӣ гардондааст.
Маниёзов бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В. И. Ленин» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ў аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони СССР буд. Абдулқодир Маниёзов 30 – уми майи соли 2008 аз олам чашм пўшидааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе. – 1989. – Ҷ. 2. – С. 150. Муаллиф: Р. Тошматов. Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб. – 2003. – С. 271-272. Муаллиф: Гулназар
Аз Абдулқодир Маниёзов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавон пайдо ва мутолиа намуд:
Публитсистика ва назми устод С. Айнӣ (1918-1928). – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон. – 1958. – 152 с.
Мулоҳизаҳо доир ба ташаккули насри С. Айнӣ // Ҷашнномаи Айнӣ. – Душанбе. – 1963. – С. 26-45.
Ҳофиз ва мусиқӣ – Дар нотаҳо: Оҳангҳои мусиқӣ ва ашъори Ҳофиз / Тартибдиҳанда Я. Сабзанов. – Душанбе. – 1971. – С. 3-4.
Таҳаввулоти шакли бадеӣ дар эҷодиёти устод Лоҳутӣ // Ёдбуди Лоҳутӣ. – Душанбе. – 1974. – С. 135-138.
Назми Айнӣ дар солҳои револютсия // Ҳаёт, қаҳрамон ва адабиёт. – Душанбе. – 1977. – Китоби 4. – С. 198-218.
Луғати имло. – Душанбе: Маориф. – 1991. – 248 с.
Ситораи ихлос: Маҷмўаи мақолаю ёддошт, ҳикояву очерк. – Душанбе. –2000. – 104 с.
Ҳакими суханвар. – Душанбе: Деваштич. – 2003. – 234 с.
Сарояндаи инқилоб ва саодати инсон: Бахшида ба 100-солагии А. Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 4 декабр.
Забони модарии ман // Машъал. – 1988. – №1. – С. 15.
Дили лабрези умедҳо: Бахшида ба ҷашнвораи Л. Бузургзода // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 19 сентябр.
Ҳабиба духтари доно: Оиди омўзгори собиқадори ҷумҳурӣ // Омўзгор. – 1998. – 27 август.
Дар бораи Аабдулқодир Маниёзов:
Шодиқулов, Ҳ. Соҳибэъҷоз: Дар бораи адабиётшинос, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ Абдулқодир Маниёзов // Уфуқҳои илм. – Душанбе. – 1981. – С. 34-37.
Ёди ёри меҳрубон: Ёдномае аз устоди шахир А. Маниёзов. – Душанбе: Пайванд. – 2008. – 296 с.
Муҳаммадиев, Ф. Хиёбони Нодир: Ҳикояҳо барои А. Маниёзов // Садои Шарқ. – 1973. – №10. – С. 3-9.
Аҳмад, Р. Нур аз чеҳраи устоди сухан дур мабод: Адабиётшинос, устод Абдулқодир Маниёзов // Садои мардум. – 2005. – 8 октябр.
Қурбон Восеъ. Фарзонамарди суханвар: Ҳаёт ва фаъолияти устод Абдулқодир Маниёзов // Ваҳдат. – 2008. – №7.
Аҳмад, Р. Фарзонамарде буд ў: Забоншинос, адабиётшинос Абдулқодир Маниёзов // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 5 август.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ