Ба ифтихори Рӯзи Мавлоно. Чаро ҳазрати Мусо (а) аз чӯпон барошуфт?
Чаро ҳазрати Мусо (а) аз чӯпон барошуфт?
Миллати Мавлоно аз ҳама динҳо ҷудо – ишқ аст ва «ошиқонро миллату мазҳаб Худост». Ҳамзамон, Мавлоно ошиқи зиндагист, зиндагии пироста аз ахлоқу имону ихлосу ишқи бериё бо он Дилбари бенамунаву беҳамто ва ҳам Ӯст моро офарида ва ин авотифи накӯро дар ниҳоди мо сиришта. Чандин ҳикоёти ҷолибу дилнишини «Маснавӣ» далел бар ин аст. Ишқ низ аз назари Мавлоно бар мабнои покийи зоҳиру ботин аст, ки тавзиҳи муфассали он дар чаҳорчӯби суҳбати ҳозир мавқеву маҳак надорад. Пас, бозоем ба асли баҳс. Чӯпони ноком аз назарҳо дур шуд ва ҳоло паёмбари гиромӣ, алайҳиссалом, дар баробари Яздони пок ҳамон шубони лоуболу содаву музтарибро мемонад ва Худованд, ки меҳрбонтарини меҳрбонҳо бар умуми махлуқоти худ аст, расули акрамашро ба гирдоби итоб мекашад, ки оё ту пайвандгари нахли уммеди бандагон ба Ҳаққ нестӣ? Ва ё ки барои шикастани пайванди ин нахл омадаӣ?
Ин ҳикоят дар дафтари дувуми «Маснавӣ» омадааст ва аз назари аҳли таҳқиқу тафсир аз ҳикоёти ҷанҷолбарангезест, ки Мавлоно меорад. Маъхази он дақиқу равшан нест ва истисноан аҳли назар тахмин кардаанд, ки Мавлоно зимни иншои достони мазбур шояд аз ривоёти араб илҳом гирифта бошад. Ҷои ёдоварист, ки шаш дафтари «Маснавӣ» ҳамчун шаш кохи бузург бо маҷмуъаи афкори баланди инсониву ирфонии ин орифи раббонӣ қад алам кардаанд. Дар таърих шоире дида нашудааст, ки монанди Мавлоно султони ҷомиъи улуми даврони хеш бошад. Ва «Маснавии Шариф» аз ҳарими маърифати афлокии ӯ шамссифат сар бар сипеҳри ҳақиқат задааст. Осмони ҳикмат ва ирфони Мавлоно он гуна бекарона ва пур аз ситора аст, ки ташнагону шефтагон дар он раҳгум мезананд ва агар дуду ғуборе ҳам аз синаи бадхоҳони ин абармарди беҳамтои таърих баланд шавад, гарде ба пойи шукуҳу азамати ин ситоразор нахоҳад расид.
Мавлоно, барои он ки андешаву масоили нозуки мавриди назарашро дар назди хонанда мудаллал, ҷаззоб ва ҷолиб намоёнад, аз манобеи бузурги илмиву фиқҳӣ ва адабиву ирфонӣ ва низ аз тамсилоту ҳикоёти маъруфу номаъруфи адабиёти хаттиву шифоҳиву ривоятӣ ба тарзи фаровон истифода кардааст ва дар зимн, ин қиссаҳои сабуку содаро оҳори ирфонӣ зада, ҷавонӣ бахшидааст. Ӯ ба олами бинишу дониш назари фарогир дорад, ҷузъуҷузъ аз ашёву ҳаводиси зеҳниву ақлӣ рамз мегирад ва ба мо панд медиҳад. Аз ин рӯ, сангу хори сари роҳ, ки раҳгузарон ағлаб ба он бетафовутанд, барои Мавлоно аҳаммият дорад. Ҳар шаййи диданӣ, ё донистанӣ, воқиъоту ҳодисоти мухталиф гӯё дар баробари иззату азамати ин шайхи замон лаб ба сухан во мекунанд, то суолу савоби сарнавишти хешро дар «Маснавии Шариф» ҷалолат диҳанд. Бинобар ин дар «Маснавӣ» дида мешавад, ки барқ бо ханда ва абр бо гиря, сабза дар рақсу гул дар ҷилва, мӯр хоксору харгӯш хор, уштуре балокаш ва рӯбоҳе дар фикри хеш ва шер ғарраи шоҳӣ ва мурғе бо хаёли моҳӣ ҳама бо Мавлоно маҳрами розанд. Яъне «Маснавӣ» ҳам ҳадиқаи сеҳрест, ки аз он садои ибрати набототу ҳайвонот дар ҷӯш аст ва ҳам мантиқуттайри меҳрест, ки алҳони маҳаббати парандагон дар хурӯш. Аммо ин ҳама розгушуданҳо барои Мавлоно василаеанд, то дар мулки «Маснавӣ» ӯ барои инсонҳо роҳе матлуб боз намояд. Аз ин рӯ ба ҳассотарин мавзуъ, яъне асрори ҷаҳони ботинии инсон, ки кашфи тулу арз ва умқу сатҳи он мушкилтар аз асрори коинот аст, даст мезанад. Мавлоно саъй мекунад, ки ба ин пурсиши муҳимм, яъне мурод аз офариниш ва мақсад аз саъю кӯшиш дар ин ҷаҳони беарзиш чӣ аст, посух диҳад. Ин орифи барно, ки дар донишу хирад намуна ва нодираи айём будааст, роҳи ифтихор ва саъодати инсониро танҳо дар фатҳи улуми ақливу фалсафӣ кофӣ намешуморад, балки талқин мекунад, ки бояд аз ҷодаи ақли иллатандеш берун ҷаст ва дар дунёи ирфон сайр намуд. Аз ин лиҳоз, ӯ инсонро як маҷмуъаи андешае мешуморад, ки дар бандубасти устухону обу хун мураккаб шудааст. Андеша ба мисоли рӯди бузурге дар ниҳоди одамӣ туғён дорад ва мебояд одамӣ дар дуроҳаи некию бадӣ якеро интихоб карда, туғёни пурталотуми рӯди саркаши андешаро ба он роҳ равона кунад. Ба таъбири дигар, Мавлоно мегӯяд: (Ай одам!) ту ҳамон ҳастӣ, ки ишқат намояд; агар шаробӣ ҳастӣ, шароб ҳастӣ ва агар китобӣ ҳастӣ, китоб ҳастӣ!
Пас, ройу тадбири некро чӣ сон боғи андеша ва ё афъоли зишту шарро чӣ гуна пок аз реша кард? Ин аст мақсад ва ҳадафи аслии Мавлоно дар сар то сари «Маснавии Шариф». Ва барои он ки ҷавоби ин суолро диҳад, аз худи инсонҳо низ тамсилоте зебо меорад, аз кору поёни кори шоҳу дарвеш, хоҷаву барда, шайху шайхнамо, шаҳриву рустоӣ, баққолу тоҷиру косиб, бемору табиб, дузуду лутиву роҳзану қутуъаттариқ ва ғайраҳуву ғайра. Ва низ болотар аз инҳо, «Маснавӣ» тимсоли як сурӯши ғайбист, ки дар сафаҳоти он рӯзгори шоистаи як қатор паёмбарони илоҳӣ бо тобиш ва биниши зебои ин халифаи Худо қаламдод мешаванд. «Маснавӣ» оинаи баркамоли Қуръони маҷид аст, ки розу ҳикмати бепоёни ин китоби осмонӣ дар он гушода мешавад, яъне бо таъбири дигар, заргаре хокнишин забарҷади арширо хотамкорӣ кардааст.
Аммо дар «Маснавӣ» гоҳуногаҳ ҳикоёте аҷиби зоҳиран сабук ва то андозае музҳик ва машкуку тамоилоти ҷинсидошта низ ба назар мерасанд ва инҳо низ аз диди аҳли назар барангезандаи ҳавосу таассуб нестанд, балки омӯзандаанд. Ҳикояти мавриди баҳс аз ҷумлаи инҳост, ки зери унвони «Инкор кардани Мусо (алайҳиссалом) бар мунҷоти шупон» омадааст. Достон аз саҳнаи ниёиши як чӯпони содалавҳу уммӣ оғоз мешавад, ки гуфтори хандаовари ӯ барои ҳар касе огаҳ, ё ки барои ҳар як муслиму муъмини яктопараст на ин ки ҷолиб, балки такондиҳандаву хориқулода аст. Манзараи муноҷоти чӯпон, дар воқиъ, муҷиби ҳайрат ва ҳатто нафрати ҳар фарди мутадаййини шинохту иродатдошта ба Зоти Илоҳист. Як гандапири саҳроӣ, шояд жулида ва бо попӯшиҳои дарида ва бо чакману чоруқи чиркхуспида, таълимнадидаву бӯе аз баҳори дониш набурда ва ҳар чиз ки дида ва ба зиҳни хеш гирифта ин барраву бузғолаву чарогоҳаш бо пушку пӯсту ширу дӯғи чорвояш аст, дар маҳалле, дар наздикии Мусои Калим(а), Худовандро санову ситоиш мекунад, ки ай Худову ай Илоҳ:
Ту куҷоӣ то шавам ман чокарат?
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, ай муҳташам!
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат!
Ай фидои Ту ҳама бузҳои ман,
Ай ба ёдат ҳайҳаю ҳайҳои ман!
Бале, тасаввуркарданист, ки Худованди пок дар гӯшраси аҳли фазл бо ин лаҳну оҳанг тамҷид шавад, ки Парвардгоро, куҷоӣ, ки чокару бардайи Ту шавам, чоруқонатро (ки фарсӯдаву даридаву кӯҳна шудаанд) бидӯзам, мӯйҳоятро (ки агар парешу жулидааст) шона кунам, ҷомаатро (ки чиркин шудааст) бишӯям ва шапушҳои танатро (ки кайҳост Ту ҳаммом нарафтиву аз чирк баданат шапушсор шудааст) якояк бикушам! Кошкӣ ба дастбӯси Ту расам, хидматат ширу қаймоқу ҷурғот орам, ки нӯши ҷон кунӣ ва ай Бузургвор, бузҳову барраҳои ман ҷумла фидои Ту бод!...
Дар ин ҳолат, муллои мутаассиби тангназар, ба хусус агар дар аҳди Бухорои манғит бошад ё аз доираи Толибони торики афғон, ба ин ёвагӯиҳойи содалавҳона бетаъхиру таҳаммул фатво хоҳад дод, ки ин девонаро бояд сангсор ё сарбадор кард! Ҳоло на муллои ҷоҳил, балки бандаи баргузидаи Худо, дар шахси ҳазрати Мусо(а) аз сомиъини ин жожу можи густохонаи он чӯпони нодон аст ва ҳар ки ҳам бошад, мутаваҷҷиҳ хоҳад шуд, ки вокуниши расули Худо аз ин ҳарзаҳо чӣ бошад? Мавлоно низ хонандаи хешро водору интизор аз ниҳояти як саҳнаи воқиан ҳам аҷиб мекунад.
Ин намат беҳӯда мегуфт он шубон,
Гуфт Мусо, бо кӣ аст ин, ай фулон?
Яъне, чун чӯпон ин гуна ёва ва беҳуда мегуфт, Мусо(а) аз фарде ҳозир мепурсад: ин ҳама ҳарзаву ҳазёнро бо кӣ мегӯяд? Фард посух медиҳад, ки бо Оне, ки моро офарида ва ин замину осмонро падид овардааст. Ва набии Худо мефармояд, ки ҳой, ин чӣ рӯзи сиёҳи туст, ки ҳанӯз ба мусалмонӣ нарасида, кофир шудаӣ?! Ва:
Ин чӣ жож асту чӣ куфр асту фушор?
Пунбае андар даҳони худ фишор!
Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дунёи динро жанда кард!
Чоруқу потоба мар лоиқ турост,
Офтоберо чунинҳо кай равост?!...
Ҳазрати Мусо сарзанишро идома медиҳад ва аз сӯе аз сифоти бекаронаи Худованд намунаҳо меорад, ки ай шубони аблаҳ, ин суханҳо бо кӣ – бо амакат ё тағоят? Оё Худованди бузург ҷисме дорад, ё ниёзманди ману ту аст? Ширро кӣ нӯшад – ҳамоне, ки «дар нашру намост!» ва чоруқро кӣ пӯшад – ҳамоне, ки «муҳтоҷи пост!». Ин чӣ дӯстдоштан аст, ки «дӯстии бехирад худ душманист»!
В- ар барои бандааш аст ин гуфтугӯ,
Он, ки Ҳаққ гуфт ӯ Ман асту Ман худ ӯ!
Яъне, агар ин суханонро дар бораи бандаи (хосси) Худо бизанӣ ҳам, яъне ҳамон бандае, ки Ҳаққ Таъоло дар бораи вай фармуд: ӯ Ман ҳастам ва Ман ӯ, боз ҳам беҳудааст.
Ин ҷо Мавлоно аз таҷаллийи Ҳаққ дар инсони комил аз тариқи иттиҳоди зоҳир ва мазҳар сухан мегӯяд ва ба қавли муфассирон аз ҳассостарин мавзуъоти мактаби Мавлоно аст, ки дарки ҳақиқати он барои бисёриҳо, ҳатто барои таҳсилдидагони мадрасаву донишгоҳ ҳам душвор аст. Зеро дар тариқати суфиён олами махлуқот таҷаллийи ҷамоли бемисоли Офаридгор аст ва оне, ки дар роҳи борики ирфон бори сангини риёзату тоъати сидқиро таҳаммул мекунад, бо ваҳдати нуриву иттиҳоди шаънӣ ба Ҳаққ пайванд мешавад ва ба мартабаи инсони комил мерасад. Мавлоно дар ин бобат ишораҳои зиёд дорад, ба монанди:
Чун қабули Ҳаққ бувад он марди рост,
Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост!
Устоди Карими Замонӣ, муҳаққиқи номдори эронӣ, дар ин маврид ишораи аҷибе дорад, ки мефармояд: «дар воқеъ инсони комил мазҳари томм ва тамоми Илоҳӣ ва ойинаи сартопонамойи Ҳаққ ва ноиб ва халифайи Худованд аст». Нозукии ин баҳс дар он аст, ки вақте солики толиб ба арсаи висоли Матлуб мерасад, ӯ дар шукӯҳи ҷамолу ҷалоли ин Маҳбуб фано мешавад ва агар шаттоҳие аз ӯ дар ояд, ин дигар садои ӯ нест, балки нидо аз водии Илоҳӣ сар мезанад. Ба ифодаи дигар, Мавлоно нидои маъруфи «Аналҳаққ», яъне ман Ҳаққам(!)-ро шарҳу тафсир мекунад. Аммо ин на ба он маънӣ, ки дар тақлид ба солики расида ба висоли Ҳаққ, ҳар касе низ даъвии «аналҳаққ» кунад. Ва ба унвони мисол ин нидоро метавон аз Фиръавни мардуд ҳам шунид ва аз Мансури маҷзуб ҳам, ки бар дораш заданд. «Ано» -и Фиръавн, яъне «ман» гуфтанаш аз фарти худбиниву ғуруру кибру куфри ӯст, ки муҷиб ба лаънати Худовандӣ шуд, аммо «ано»-и Мансур таслими бандагии вай ба остони Ҳазрати Дӯст аст, ки ҳар чӣ ҳаст Ҳаққ аст ва мо ҳич ҳастему Ӯ ҳаст! Ва аз ин рӯ:
Он «ано» бевақт гуфтан лаънат аст,
Он «ано» дар вақт гуфтан раҳмат аст!
Аммо ҳоло анҷоми баҳси чӯпону Мусоро (а) дид. Паёмбар ба сарзаниши он бадбахт идома медиҳад:
Беадаб гуфтан сухан бо хосси Ҳаққ,
Дил бимиронад, сияҳ дорад варақ!...
Дасту по дар ҳаққи мо истоиш аст,
Дар ҳақи покии Ҳаққ олоиш аст!
«Лам йалид» «лам йулад» Ӯро лоиқ аст,
Волиду мавлудро Ӯ холиқ аст!
Мисраъи аввали байти охир ишора аст ба ояи сеи сураи «Ихлос» - Лам ялид ва лам юлад – «на зода касеро ва на зоданд Ӯро ҳаргиз». Яъне, шоистааст, бигӯем Маъбуди поки хешро, ки на зодааст ва на зоида шудааст ва офаринандаи ҳамаи зояндагон ва зодашудагон аст.
Чӯпон онгоҳ, ки аз паёмбар накуҳише бо чунин лаҳн мебишнавад, оҳи пурсӯз аз қаъри дил мекашад, ки войи ман ва вой бар ман:
Гуфт: «ай Мусо, даҳонам дӯхтӣ,
В-аз надомат ҷисму ҷонам сӯхтӣ!»
Ҷомаро бидриду оҳе карду тафт,
Сар ниҳод андар биёбону бирафт!
Воқиъан, бандае бо ин гуна ишқу ихлоси тамому бодавом, саранҷом пай мебарад, ки эътиқодоташ куфромезу пуч будааст ва аз шахси паёмбар сарзанишҳо мебинад, чӣ гуна дар оташи пушаймониву нокомӣ насӯзад ва хок бар сар накунад? Чӯпон баъди ин мунозара аз баҳри дору мадори хеш бигузашт ва рӯй ниҳод бар кӯҳу дашт. Аммо, дар ин лаҳза –
Ваҳй омад сӯи Мусо аз Худо,
Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо!
Ту барои васл кардан омадӣ?
Ё барои фасл кардан омадӣ?...
Мазори Мавлоно ва Шамс дар Қуния
Байти дуюм бартар аз як шоҳкор аст. Ва зимнан, «Маснавӣ» аз оғоз то анҷом арсаи нолаи як ошиқи фаслшуда (дурмонда) аз Маъшуқи ягонаи худ ва аз пайи рӯзгори васл бо Ӯст. Он гаҳ ки вусъати назари Мавлоно дар роҳи васлат бар мехӯрад, дигар қарору ихтиёрро аз даст медиҳад ва чунон масти ишқ мегардад, ки «Худ»-ро гум мекунад ва аз атрофиён ҷӯёи тадобир мешавад, ки ман «Худ»- ро чӣ тариқ бозёбам; ин сармасти шайдо, ки на аршӣ ва на фаршию на аз аркони табиист ва на баррӣ ва на баҳрист, тимсоли Одами сафиюллоҳ дар минбари баланди солорӣ ҷой гузида ва фарзандони хешро, новобаста аз ирқу забону нажоду ранги пӯсташон, бо нигоҳи меҳрбори падарӣ назар меафканад, аз ин рӯ ӯ на турк асту на ҳинду ва на форсӣ асту на тозӣ, на тарсосту яҳудӣ ва на габр асту мусалмон.
Миллати Мавлоно аз ҳама динҳо ҷудо – ишқ аст ва «ошиқонро миллату мазҳаб Худост». Ҳамзамон, Мавлоно ошиқи зиндагист, зиндагии пироста аз ахлоқу имону ихлосу ишқи бериё бо он Дилбари бенамунаву беҳамто ва ҳам Ӯст моро офарида ва ин авотифи накӯро дар ниҳоди мо сиришта. Чандин ҳикоёти ҷолибу дилнишини «Маснавӣ» далел бар ин аст. Ишқ низ аз назари Мавлоно бар мабнои покийи зоҳиру ботин аст, ки тавзиҳи муфассали он дар чаҳорчӯби суҳбати ҳозир мавқеву маҳак надорад. Пас, бозоем ба асли баҳс. Чӯпони ноком аз назарҳо дур шуд ва ҳоло паёмбари гиромӣ, алайҳиссалом, дар баробари Яздони пок ҳамон шубони лоуболу содаву музтарибро мемонад ва Худованд, ки меҳрбонтарини меҳрбонҳо бар умуми махлуқоти худ аст, расули акрамашро ба гирдоби итоб мекашад, ки оё ту пайвандгари нахли уммеди бандагон ба Ҳаққ нестӣ? Ва ё ки барои шикастани пайванди ин нахл омадаӣ? Ва ай набии Ман:
Ҳар касеро сирате бинҳодаам,
Ҳар касеро истилоҳе додаам.
Дар сиришити ҳар касе Ман хулқу хӯе ҷо додам ва ин Манам, ки ба ҳар кас шеваи хосс дар баёни мақсуду манзури худ додаам. Мавлоно дар мисраъи аввали ин байт аз ояи 84 сураи «Исроъ» истифода кардааст – «Бигӯ, ки ҳар кас он кунад, ки аз хӯи ӯ сазад». Дар мисраъи дуввум аз ояи 22 сураи «Рум» маънӣ бардоштааст – «Ва аз нишонаҳои Ӯ офаридани осмонҳо ва замин аст ва гунагунии забонҳо ва рангҳои шумост; андарин нишонаҳо ҳуҷҷатҳост мар доноёнро».
Дар ҳақи ӯ мадҳу дар ҳаққи ту замм,
Дар ҳақи ӯ шаҳду дар ҳаққи ту самм!
Яъне, (ай Мусо!) он суханоне, ки чӯпон мегӯяд, нисбати фаҳму мартабаи ӯ содаву ёва нестанд, балки мадҳу ситойишеанд бар вазни шуъури чӯпониаш, ки қабули Худоанд. Аммо ин гуна алфоз аз ҷониби шахсе чун ту, ки паёмбариву муъҷиза намоиш медиҳӣ, барои Ҳаққ Таъоло мазаммату накӯҳишанд. Ва ҳатман аст, ки лавзинаи мувофиқи табъи ӯ дар коми ту талху ногувор аст.
Ҳоло бояд нукта гирифт, ки ЧУНИН ИТОБҲО ТАНҲО БА МУСО (а) НЕСТ, балки Худованди аълам бар ҳама бандагон, чӣ хоссу чӣ омм, чӣ огоҳу соҳибмаърифат ва чӣ ноогоҳу уммӣ амр мекунад, ки дар баробари ҳам бо андешаву рою мароми нек бошанд. Худованд фурӯтаниро писандидааст, на худситоӣ ва накуҳиш кардан мардумонро; ва занну гумону шаккро вофӣ ба зоти худ намедонад. Бо ин вуҷуд, дар ҳар давру замоне дида мешавад, ки чӣ басе шайтонсиратони пинҳон зери далқи тақво, сар надоранду сарварнамоӣ мекунанд, имон надоранду баҳс аз имон мекунанд, номус надоранду кӯси номӯс мезананд. Инҳо шиъор аз шариъат медиҳанд, бехабаранд, ки шарри ҷомиъаанд ва бо нигоҳи тангу таассубу хурофот садҳо бори ғам дӯшбори умум мекунанд. Инҳо аз зовияи табиати касифи хеш мудом ба атроф дидаи бад медӯзанд, лофи дарвешӣ мезананду дар деги ҳавасу тамаъ ҷӯшидаанд, дар маҳофилу маъракот аз донишу тақвову порсоӣ гизоф мебофанд, аммо дар ниҳод фосиду фосиқанд. Чашми дубин доранд инҳо – агар раъйи ёрон бар муродашон аст, субҳоналлоҳ, ёр рутбаи аброр дорад ва агар на, ёр билофосила мору ғаддор аст! Дӯст доранд хештанро дар тақлид бо Мусо пешво ҷилва диҳанд ва дар туфони ин ҳавас хоби шаб ҳаром карда, зинаи шуҳрат мекобанд, ҷӯёи айби дигарон мешаванд, сухан мечинанду ҳарзаву ҳамоқат мепарокананд ва аз баҳри манфаъату шавкат фарши бузургон мерӯбанду дасти мунофиқу мулҳидеро мисли худашон мебӯсанд. Хости Худо буд, ки Мусо(а) бо амри тасодуф ба чӯпони сода вохӯрд, аммо ин тоифа доиман суроғи чӯпонони водии Мусо мегарданд, то бар ҷисми онҳо заҳри туҳмату рашки хешро, ки ношӣ аз пиндори баду манишҳои аҳриманиашон аст, бичаконанд ва аз сӯе туғёни ҳиқду ҳирсу ҳасади худро фурӯкаш кунанд.
Инҳо агарчи назди чӯпонмашрабони сӯхтаи роҳи Ҳаққ ҳарфе аз вилояти маҳаббат мезананд, ҳама зоҳирист; аз баҳри он мегӯянд, ки хешро чун онон намоянд, ё ки дар назари суфимашрабон гарм намоянд; ва ҳол он ки ин турфа ҳич мартабае надоранд, инҳо ба ҳич кас имону маҳаббату сафо надоранд, ҳатто ба модар, ба падар ва фарзанди худ; танҳо шунидаанд овозаи ранҷбурдагони ганҷури водии рашодатро ва савор дар маркаби кибр хештанро ба сурати Боязид ҷилва медиҳанд, бехабаранд, ки баробар ба нохуни палиди Язид нестанд! Ай ғофил, «ин шаробро ошомидан бояд, на шунидан»!
Мавлоно душмани тақлидкорону мунофиқони шарики шайтон аст:
Ҳин манеҳ шӯри худ, ай шӯрахок,
Паҳлӯи шӯри худовандони пок!
Ҳоло идомаи достон. Худованд мефармояд:
Мо барӣ аз поку нопокӣ ҳама,
Аз гаронҷониву чолокӣ ҳама!
Покиву нопокӣ дар зоти ман ҷое надорад ва низ руҳе сусту чолок дар макони ман бегона аст.
Ман накардам амр, то суде кунам,
Балки то бар бандагон ҷуде кунам!
Яъне, агар ман гуфтам, ки бандагонам ибодатам кунед, мақсуд ин набувад, ки суду сармояе ба даст оварам. Балки мехоҳам назди бандагонам хон густарам аз ҷуд – аз бахшишу караму раҳмат. Ман аз суду зиён фориғам.
Аммо кӣ дар андешаи суду зиён аст? Ин ҳавасбози бандаи ҳавою ҳуй, ки дӯст дорад дар минбар ҷилва занад ва дар хилват хумори нафсу шаҳват шиканад. Магар мешавад, туро, ай ҳакимаки (ифодаи Мавлоно) дун, бо ин қаллошиву қаллобӣ нашинохт?! Ин ту нестӣ, ки аз номи шариъату тариқат сад гизоф мебофӣ ва мардумро гумроҳ месозӣ?! Аммо каромоти Илоҳӣ чашмаи мудом ҷорию сорӣ бар ҷисму ҷони офаридаҳои Ӯянд ва Худованд, ки ба унвони мисол, абру боду маҳу хуршеду фалакро дар хидмати махлуқоти хеш мечархонад, аз ҳич бандае талабкори ин кардаҳояш нашудааст. Балки дар коиноти беинтиҳои хеш танҳо як мақсадро ба намоиш гузоштааст – покӣ, меҳрбонӣ ва бахшояндагӣ. Ва орифони илоҳӣ низ мазҳари ин карами Ӯянд. Ба қавли Ҳофиз:
Пири дурдикаши мо гарчи надорад зару зӯр,
Хуш атобахшу хатопӯш Худое дорад!
Ҳоло аз баҳси асл дур наравем. Итоби Худованд ба Мусо давом дорад:
Мо забонро нангарему қолро,
Мо равонро бингарему ҳолро!
Мо он Худованде ҳастем, ки коре ба гуфтори мардумон надорем, балки мустақим дар қалбу руҳи онҳо назар дорем. Ва, ай Мусо, қилу қол муроди роҳи Ҳаққ нест, балки роҳ дар ишқи саршор аст ва ҷумла лаффозиро оташ зан ва аз ишқ дар қалби хеш оташе барфурӯз, ки:
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост!...
Сипас, дар идомаи достон, Худованди маннон он гуна асроре ба Мусо гуфт, ки паёмбар чандин бор бехуд мешуд ва боз ба худ меомад. Ва аз ин суханон чандин бор аз азал сӯи абад парвоз кард. Инҳо розҳое буданд ногуфтанӣ, ки:
В-ар бигӯем, ақлҳоро барканад,
В-ар нависем, бас қаламҳо бишканад!
Паёмбар (а), он гоҳ ки ҳамаро шунид, аз пайи он чӯпони сарсону ҳайрон давид. Мавлоно мефармояд, ки Мусо (а) чунон шитоб мекард, ки аз ради пойи ӯ дар биёбон ғубор мехест, гоҳ чун мавҷи рӯи дарё сарафроз мерафту гоҳе чун моҳии қаъри дарё бо шикам мехазид. Ва:
Оқибат дарёфт ӯрову бидид,
Гуфт: мужда деҳ, ки дастуре расид!
Куфри ту дин асту динат нури ҷон.
Эминӣ! В-аз ту ҷаҳоне дар амон!
Яъне, Мусо дар ниҳояти амр чӯпонро пайдо кард ва гуфт: ай бародар, аз Ҳаққ Таъоло хабаре хуш бароят дорам. Дилтанг мабош, ки ту куфр надорӣ, ту ғарқи диёнатӣ, Худо азобат нахоҳад кард, дини ту нури ҷонҳост ва ба поси ин иътиқоди покат ҷаҳон дар осоишу сафост.
Аммо, чӯпоне, ки аз нури имон ва раҳмати Раҳмон гармтару фурӯзонтар аз хуршеди ҷаҳон гаштааст, нигоҳ ба ҳазарати паёмбар мекунад ва:
Гуфт: ай Мусо, аз он бигзаштаам,
Ман кунун дар хуни дил оғӯштаам!
Тозиёна барзадӣ, асбам бигашт,
Гунбадӣ карду зи гардун баргузашт.
Яъне, ай расулаллоҳ, набинӣ, ки акнун ман на дар худ ҳастаму на дар ин олами ҷазабаи Илоҳӣ ва ҳоло ба мартаби фанофиллоҳ расида ва шаҳиди Илоҳӣ гаштаам. Ту (бо ин накуҳишат) тозиёнае ба асби ҳиммати ман задӣ, ки асбам бо як ҷаҳиш аз гардунҳову ҳомунҳо гузашт ва ба макони дилхоҳ роҳ ёфтам…
Ҳоло як масъала. Мебинем, ки чӯпон ба манзили мурод расидааст, аммо, мо чӣ – номуродони дар хами кӯчаҳои тори маъсият домантиҳиву уммедовор нишастаҳо? Ва Мусои набиюллоҳ чӣ – бо ин коҳишҳову танбеҳдоданҳо? Шояд берун аз достони мазбур, ин пурсиш дар дили хонанда садо диҳад. Зеро, саранҷом, бояд донист, ки чӯпони комёр, аз Мусо (а), ки ин қадар накӯҳишу сарзаниш дид, дар дил чӣ бардошт – ранҷиш, кина, хусумат ва ё чизе дигар? Мавлоно посух медиҳад: чӯпон равонаи водии мурод аст ва дасти дуо баланд мекунад: Ай Мусо,
Маҳрами носути мо Лоҳут бод,
Офарин бар дасту бар бозут бод!
(Носут – инсоният, инсонитабъ, аз «нос»-и арабӣ ба маънии инсон; лоҳут дар луғат ба маънии Илоҳӣ). Яъне, чӯпон мегӯяд: дуъо мекунам, Худованди меҳрбон (Лоҳут), маҳрами ҳар яки мо, инсонҳои уммедвор, бошад! Ва, ай Мусо, офарин бод бар ин дасту бозуи раҳнамои ту!...
Ин аст замири марди ҳаққи ростин. Ин мароми инсони комил аст, ки бо ишқи пок роҳи кӯйи Дӯст мепаймояд ва бо иштиёқ дар андешаи дастгирии беминнати ёрон аст. Ин дуои ҳазрати Мавлоно бар мо аст.
Обид Шакурзода
Дар Китобхонаи миллӣ аз осори ин орифи раббонӣ ва дар бораи ӯ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед мутолиа намоед:
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.Маснавии маънавӣ. – Техрон: нашри замон, 2001. – 728 с.
- Панду ҳикматҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.. – Душанбе: Нур, 2003, 2007. – 61с.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Мунтахаби осор. – Душанбе: Дониш, 2007. – 306 с.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Рубоиёт. – Душанбе, 2007. – 308 с.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Феҳристи осор. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 112 с.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 109 с.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Паёми офтоб. – Душанбе,2009. – 134 с.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Мунтахаби рубоиёт. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. – 400 с.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Баҳори ман: Шеър // Қонун ва ҷомеа. – 2014. – 20 март.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Биё то қадри якдигар бидонем: Шеър //Паёми Душанбе. – 2014. – 1 октябр.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Андарзҳо // Маърифати омўзгор. – 2016. - № 9. – С. 12.
Дар бораи Мавлоно
- Раҳмонӣ, Р. Мавлоно – пайвандгори фарҳанги Тоҷикистону Туркия: Ба ифтихори ҷашни Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Кунияи Туркия // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 10 декабр.
- Зиёев, Х. Аз тасбеҳ то тарона: Оид ба баъзе махсусиятҳои мавъизаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ // Ҷумҳурият. – 2014. – 30 сентябр.
- Ҳайдарзода, Х., Шарифов, Х. Таълимоте, ки тамоми паҳлуҳои зиндагии инсонро фаро гирифтааст: 30 сентябр – рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ // Садои мардум. – 2014. – 30 сентябр.
- Шоммел, А. Таъсири Мавлавӣ дар Ғарбу Шарқ: Мавлоно Ҷаолуддини Румӣ / Таҳияи Ш. Шокирзода, М. Шодӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – №3. – С. 22 - 27.
- Ғаффорова, У. Афкори ирфонии Мавлоно дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ»: Роҷеъ ба осори Мавлоно бо забони арабӣ //Масъалаҳои маориф. – 2015. – № 1. – С. 22 - 27.
- Саидзода, Ҷ. Ҳар киро ҷонест, ҷоне меканад: Роҷеъ ба хусусиятхои ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ // Маърифати омўзгор. – 2015. – № 9-10. – С. 10-11.
- Илёспур, А. Беадаб танҳо на худро дошт бад: Андарзномаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ // Омўзгор. – 2015. – 25 сентябр.
- Восиева, Р. Қ. Мақоми зан дар «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Румии Балхӣ // Дўстӣ. – 2016. - № 1. – С. 30.
- Сагдиева, Г. Арзиши сухан аз нигоҳи Ҷалолуддини Балхӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. - № 2. – С. 14 -17.
- Нуралӣ, Н . Ҳазрати Султон Боҳу –Шореҳи афкори ирфонии Мавлонои Балхӣ: Дар бораи осор ва рисолахои орифонаи Ҳазрати Султон Боҳу – Шореҳ ва Мавлонои Балхӣ // Дин ва ҷомеа. – 2016. - № 4. – С. 29.
- Асозода, С. Мавлои Балх ва Самоъ: Дар бораи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ // Мероси Ниёгон. – 2016. - № 18. – С. 122 - 127.
- Хуросонӣ, А. М.Васлгари дилҳои аҳли ҷаҳон: 30 сентябр – Рўзи Мавлонои Балхӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 29 сентябр.
- Азорабеков,С. Муҳаммад Иқбол ва Ҷалолуддини Балхӣ: Роҷеъ ба зиндагиву эҷод намудаи ғазалҳои шўҳратаангези Ҷалолуддин Муҳаммадини Балхӣ // Омўзгор. – 2016. – 30 сентябр.
- Зиёев, Х. З – Он, ки Рўмӣ мағзро донад зи кўст…: 30 сентябр Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ // Ҷумхурият. – 2016. – 30 сентябр.
- Азорабеков, С. Робитаи маънавии Муҳаммад Икболи Лоҳурӣ бо Ҷалолуддини Балхӣ // Баҳори Аҷам. – 2016. – 4 октябр.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ