Ёде аз се Дӯстӣ: Дӯсти Некӣ, Дӯстии Самарқандӣ, Дӯстии Бадахшӣ

Ёде аз се Дӯстӣ: Дӯсти Некӣ, Дӯстии Самарқандӣ, Дӯстии Бадахшӣ

 

                                            Дўсти Некӣ

Дўсти Некӣ машҳур ба Мулло Дўсти Некӣ, шоири тоҷики асри 16 буд. Зодгоҳи Дўсти Некӣ Ҳисор буда, дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар бораи ин шоир тазкиранигор Мутрибӣ маълумот додаст. Ба қавли Мутрибии Самарқандӣ, ашъори наку, суханони дилҷў, пурмаънӣ ва ширин дошт. Ин байт аз ўст:

                  Гирди шаккаристон хол чист, медонӣ?

                  Ҳиндуест биншаста аз пайи шакарбонӣ.

 

                              Дўстии Самарқандӣ

Дўстии Самарқандӣ дар манбаъҳои адабӣ инчунин бо номи Мирдўстӣ, нисбати Бўстонихонӣ ёд шудааст. Дўстии Самарқандӣ шоири тоҷики охири асри 16 – ибтидои асри 17 буд. Аз содоти Самарқанд, фозилу донишманд, огоҳ аз улуми мутадовилаи давр, арўзу қофияву хат, устод дар ҳалли муаммо ва ғайра ба дараҷаи мавлавият расида буд.

Дар шеъру шоирӣ Абдураҳмони Мушфиқиро устод хондааст. Пас аз сафари ҳаҷ (1601) соли 1603 ба Ҳиндустон рафт. Дар дарбори ҳокими Гуҷарот хидмат мекард. Баъдтар бо даргоҳи Абдураҳими Хони Хонон (Раҳимӣ) робита барқарор намуд.

Муаллифи тазкираи «Майхона» - Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ Дўстии Самарқандиро дар Кашмир дидааст ва мегўяд, ки вай девоне дошт шомили қасоид, ғазалиёт, рубоиёт иборат аз 8 ҳазор байт. Дар «Майхона» аз «Соқинома»-и Дўстии Самарқандӣ 120 байт дарҷ гардидааст.

 Ғазалҳову қасидаҳои Дўстии Самарқандӣ маъниву мазмуни баланди шоирона доранд, бо санъатҳои бадеӣ ороста шудаанд. Ба ғазалҳои Муҳташами Кошонӣ, Ҳоқонии Шервонӣ ҷавобия хубе гуфтааст. Ҷавобияи ба ғазали Ҳоқонӣ гуфтааш манзумаи пурмуҳтавоест дар мадҳи Муҳаммад пайғамбар (с). Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ, ки бо Дўстии Самарқандӣ шинос ва ҳамсўҳбат буд, ўро дар «қасидагўӣ» фариди даҳр ва ваҳиди аср гуфтааст.

Дўстии Самарқандӣ инчунин гирдоварандаи асаре бо номи «Тазкират-ул-хавотин» мебошад (таълифаш 1587). Дар ин китоб аз 240 шоир намунаи ашъор ҷамъ овардааст. Як нусхаи китоб дар китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон мавҷуд аст.

     Абёти зер аз ўст:

                          Ба ҳар куҷо арақ аз рўи дилситон бичакад,

                     Шавад чу чашмаи хуршеду нур аз он бичакад.

                       Агар хаёли қадаш дар дили малак гузарад,

                       Бало чу қатраи борон зи осмон бичакад.

                    Агар фусуни лабашро ба ханҷари алмос,

                    Даманд, аз ў ба даме сад ҳазор ҷон бичакад.

                    Зи теғи тези ту чун Дўстӣ сухан гўяд,

                    Аҷал шитобаду хун аз сари забон бичакад.

 

Муаллиф: М. Диловаров.

 

                                                        Дўстии Бадахшӣ

Дўстмуҳаммад шоири тоҷик соли 1504 ба дунё омадааст. Пас аз омўхтани улуми мадрасаӣ ба сафар баромад. Дар Ҳисор таваққуф намуда, дар шеъру шоирӣ ба Қудсии Ҳисорӣ шогирд шуд. Дар девони ашъораш абёте дар васфи маҳрўёну ширинлабони Хуросону Ҳиндустон вомехўрад ва аз онҳо бармеояд, ки шоир дар ин кишварҳо будааст.

 Бештари умрашро дар Ҳиндустон гузаронда, сипас ба Бадахшон баргаштааст. Аз баъзе абёташ бармеояд, ки дар 50-солагиаш дар Гуҷарот будааст (дар як қитъа шеър ў моддаи таърихи вафоти се ҳукмрони шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустонро дар 1553/54 овардааст). Аз Дўстии Бадахшӣ девони ашъори шомили 249 ғазал, 53 рубоӣ, 8 қитъа, 2 мухаммас боқӣ мондааст (ин девонро муҳаққиқи афғон Раҳимуллоҳи Раҳнавард дар маҷаллаи «Ориёно», 1340, шумораи 4 тавсиф намудааст).

Ба ғайр аз ин дар тазкираҳову баёзҳо ашъори парокандаи Дўстии Бадахшӣ вомехўранд. Дўстии Бадахшӣ аслан, шоири ғазалсаро будааст. Дар мавзўъҳои ишқӣ, пандуандарзӣ, ҳасбиҳолӣ ва ғайра шеър сурудааст. Дар рубоӣ ба Умари Хайём тақлид кардааст. Дар иншои моддаи таърих моҳир будааст. Абёти зер намунае аз шеъри ўст:

                  Боз дил дар хами гесўи нигоре бастам,

                  Боз булбулсифат аз тозабаҳоре мастам.

                  Муддате ҷону дилам ҳамдами бедардон буд,

                  Лиллаҳилҳамд, к-аз ин тоифа боре растам.

                                                 ***

                  Аз шеваи зуҳд майпарастӣ беҳтар,

                  В-аз мартабаи баланд пастӣ беҳтар.

                  Дар мазҳаби ошиқӣ парастидани бут

                  Бисёр бувад зи худпарастӣ беҳтар.

 

Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 298.

Муаллиф: С. Ализода.

                         

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.