Эй вой, бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест...

Яке аз рӯзҳои моҳи май, аниқтараш 18-уми май Рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурист. Дар ин рӯз, ки мусодиф ба таваллуди олими бузур мебошад, дар сар то сари олам, бахусус дар он маконе, ки Хайёмро мехонанд, рӯзи бузургдошти адибро таҷлил мекунанд.

Аз омадан набуд гардунро суд,
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣбуд?

Ғиёсиддин Абдулфатҳ  Умар ибни  Иброҳим, Хайёми  Нишопурӣ 28-уми урдубиҳишти соли 427 хуршедӣ, мутобиқ ба 18-уми майи  соли  1048  дар  Нишопур дар хонаводаи ҳунармандони хаймадӯз ба дунё омадааст.
Давроне аз кӯдакии худро дар шаҳри Балх, дар шимоли Афғонистон гузаронд ва таҳти назари устоде бо номи Шайх Муҳаммад Мансурӣ омӯзиш дид. Баъдҳо фарде бо номи Имом Муваффақи Нишопурӣ, ки ба унвони яке аз бузургтарин муаллимон дар ноҳияи Хузистон шинохта мешуд,  кори таълими Хайёмро ба уҳда гирифт. Хайём дар заминаи ҳандаса осори қобили таваҷҷуҳ дорад, бахусус назарияи нисбатҳо.
Солҳои чавониаш  ба аҳди  аввали  забткорихои Салҷуқиён  рост  омаданд ва ин буд ки вай Хуросонро тарк гуфта минбаъд дар Самарқанд дар паноҳи қозикалон Абўтоҳир  ва Бухоро дар паноҳи ҳокими онҷоӣ Шамсулмулуки Қарахонӣ ба кору эҷод пардохт.
Дар синни 26 - солагӣ бо дархости Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазири ў Абўалӣ Ҳасан ибни Алӣ маъруф ба Низомулмулк ба Исфаҳон рафта, ба ташкили расадхона шурўъ намуд. Мурод аз ин иқдом ислоҳи солшумории шамсии зардуштӣ  буд.
Дар солҳои 1074 - 79 уламои ҳайъатшиноси Исфаҳон Абулҳотам Музаффари Исфизорӣ, Абуллабоси Лукарӣ, Абдураҳмони Хозинӣ ва Маймун ибни Наҷиби Воситӣ бо сарварии Хайём ислоҳу такмили солшумории шамсиро анҷом дода,  25-уми марти ҳамон сол Тақвими Ҷалолӣ (Таърихи Ҷалолӣ)-ро ҷорӣ намуданд, ки аз солшумории пешинаи яздигурдӣ аниқтар буд.
Дар даврони Хайём фирқаҳои мухталифи суннӣ ва шеа саргарми баҳсҳо ва муҷодалоти усуливу каломӣ буданд. Файласуфон пайваста тавассути фишорҳои мухталиф ба куфр муттаҳам мешуданд. Таассуб бар фазои ҷомеа чанг андохта буд ва касе ҷуръати ибрози назарҳои худро надошт. Ҳатто Имом Муҳаммади Ғазолӣ низ аз иттиҳоми куфр дар амон намонд. Агар ба “Сиёсатнома”-и Низомулмулк бингарем, ин авзоъ комилан бар мо рушан хоҳад шуд.
Дар замони Хайём рӯйдодҳои муҳими таърихӣ пеш омаданд, ки ба осору афкори шоир бетаъсир набуданд. Инҳо: шикасти давлати Оли Буя, қиёми давлати Салҷуқӣ, ҷангҳои салибӣ ва ғайра буданд.
Соли 1092 баъди кушта шудани Низомулмулк ва вафоти  Маликшоҳи Салҷуқӣ расадхонаи Исфаҳон баста шуд ва Хайёмро зарурате пеш омад, ки ба пойтахти нави сулолаи салҷуқӣ Марв равад. Дар охири умр ба Нишопур баргашта, соли 502 ҳиҷрӣ аз олам рафтааст. Мазори ин бузургвор ҳоло дар шаҳри Нишопур аст.
Феҳристи осори  илмии Хайём  15 рисоларо дар бар мегирад, ки аз онҳо 2 тояш ба физика, чортояш ба математика, панҷтояш бо фалсафа ва чортои бокимондааш ба ҷуғрофӣ, ахтаршиносӣ, таърих, мусиқӣ оиданд. Ҳаштои ин рисолаҳо бо забони арабӣ ва дутояш ба тоҷикӣ таълиф шудаанд. Хайём ду соҳаи табиатшиносӣ – нуҷум (ситорашиносӣ) ва риёзӣ  кашфиёти бузурге кард, ки имрӯз ҳам онро эътироф мекунанд.  

Дар бораи Ҳаким Умари Хайём метавон соатҳо ҳарф зад ва садҳои варақ навишт. Вале суханро тӯлонӣ намекунем ва агар шумо мехоҳед дар бораи ин бузургвор зиёдтар донед, пас лутфан ба Китобхонаи миллӣ оед. Ин ҷо шумо хеле мақолоти ҷолиби пажуҳишӣ ва китобҳоеро метавонед пайдо кунед, ки ба ҳама суолотатон посух медиҳанд. 

Аз ҷумла, ин китобҳову мақолот интизори хонандаанд:

Осор

Хайём, У. Рубоиёт. Бо муқадимаи А. Болотников. – Сталинобод –Ленинград: Нашриёти Давлатии Тоҷик,1936. – 150 с.

Хайём, У. Рубоиёт. – Москва,1959. Ҷ.1.

Хайём. У. Рубоиёт: Бо хуруфоти тоҷикӣ ва арабӣ. – Душанбе: Нашриёти  Давлатии Тоҷик,1963. – 205 с.

Хайём, У. Рубоиёт. – Душанбе, 1963.

Хайём, У. Ҳар ҷо ки гулеву лолазоре  будааст: Шеър // Наврўзӣ. – Душанбе,1981. – 156 с.

Хайём, У. Рубоиёт. – Душанбе: Дониш,1983. – 100 с.

Хайём, У. 100 рубоӣ. – Душанбе: Ирфон,1984. – 336 с.

Хайём..,У.  100 рубоӣ / Мураттиб А. Абдулманнонов. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 134 с. Матн бо забони тоҷикӣ, русӣ, дарӣ,(граф арабӣ).

Хайём, У. Дувист рубоӣ. – Душанбе, 1999. – 126 с.

Хайём,У. Расоили фалсафӣ. – Душанбе: Ирфон, 2000. – 320 с.

Умари Хайём ва тамаддуни ҷаҳонӣ. – Душанбе: Санадвора, 2000. – 194 с.

Хайём, У. Рубоиёт / Муҳаррир. Р. Баҳодур: Мураттибон М. Диловаров, З. Қурбонова. – Душанбе: СИЭМТ, 2009. – 472 с. (бо се забон).

Шинохти рубоиёти Умари Хайём. – Душанбе: Пайванд, 2010. – 194 с.

Хайём, У. Наврўзнома. – Душанбе: Адиб, 2012. – 350 с.

Дар бораи Умари Хайём

Турсунзода, М. Умари Хайём (филасоф.шоир,математик) // Намунаҳои адабиёти тоҷик. – Душанбе, 1940. – С. 65-69.

Занд, М. Тарҷумаи ҳоли мухтасари Умари Хайём //  Хайём,У. «Рубоиёт». – Сталинобод, 1955. – С. 55-31.

Солеҳов, С. Умари Хайём. – Сталинобод, 1960. – 12 с.

 Ҳошим, Р., Белан, В. Ғавғо дар атрофии як дастнавис: Доир ба тарҷумаҳои рубоиёти Умари Хайём // Садои Шарқ. – 1971. – №12. – С.119-124.

Раҷабов, А. Хайём ва мусиқӣ // Маориф ва маданият. – 1977. – 31 март.

Мухтор, Ш. Қисмати устоди рубоӣ: Дар бораи тарҷумаи рубоиҳои Умари Хайём ба забони франсавӣ // Маориф ва маданият. – 1978. – 30 март.

Гулрухсор. Хайём ва таърих: Бо ифтихори бузургдошти 950- солагии Ҳоким Умари Хайём  // Садои мардум. – 2000. – 13 май.

Шаҳидӣ, Г. Сафар кардан – ҷаҳон дидан: ё худ Хайём шоири англису Шекспир шоири  тоҷик: Оиди инкишофи забону фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум дар ақсои олам // Чархи гардун. – 2000. – №15. – 14 апрел.

Ғаниева, С. Се қабри Умари Хайём: Кунгураи ҷаҳонӣ  ба муносибати 900 – солагии вафоти Умари Хайём дар Нишопур // Садои мардум. – 2000. – 12 август.

Назрӣ, У. Умари Хайём нобиғаи тамаддуни ҷаҳонӣ. – Душанбе: Пайванд, 2010. – 505 с.

Турсун, А. «Чун абр ба наврўз гули лола бишуст…»: Ангораҳои фарҳангшиносӣ дар ҳошияи «Наврўзномаи Умари Хайём // Масъалаҳои маориф. – 2013. – № 1. – С. 15-16.

Раҳмонқулов, А. Мавқеи Умари Хайём дар илми риёзӣ: Осори ниёгон // Маърифати омўзгор. – 2015. – №3-4. – С. 62-65.

Нуъмонӣ. Ш. Ҳаким Умари Хайём ибни Иброҳими Нишопурӣ / Таҳияи А. Набавӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – № 3. – С. 29-41.

Бо намунаҳо аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ин ҷо ошно шавед.

http://kmt.tj/tafrekh-az-khakim-hayyomi-nishopuri-honem

Таҳияи  Дилороҳ Сайдамирова,
корманди  шуъбаи библографияи