Абдулҳамид Самад - адиби ҷӯянда ва навнависи кишвар имсол ба синни 70 қадам мегузорад
Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад 5-уми августи соли 2017 ба синни мубораки 70 қадам мегузорад. Ҳаводорони ашъораш, хонандагони сершумораш ва аз дӯстону ҳамқаламонаш бояд ин рӯзро дар ёд дошта бошанд ва табрики адиби хушкаломро фаромӯш накунанд.
Абдулҳамид Самад зодаи ноҳияи Ховалинг буда, замоне ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд. Чаҳорчӯба ва қолабҳои қаблан шаклгирифта шикаста мешуданд, дидҳо ва сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Чун дар рӯзноманигорӣ солҳо қувва озмуду хабару лавҳаю очеркҳои бешумораш дар бонуфузтарин рӯзномаи вақт “Тоҷикистони Советӣ” ба табъ расида, ҷавони ҷӯяндаю мушоҳидакор аз асрори ҳаёти шахсию ҷамъиятии одамони касбу кори гуногун ва рӯзгори мардуми маҳалҳои мухталифи ҷумҳурӣ хуб огоҳ гашта буд, бо истифода аз муҳити адабии нав бе душворӣ вориди майдони адабиёт гардид. Пайгирона дар ҷустуҷӯ ва муайян гардидани роҳи хоси эҷодӣ шуд ва онро дарёфт. Ифодаи фасеҳу муассири ҳолати равонӣ ва афкору амали қаҳрамонон бо сюжети тезу тунд хусусияти фарқкунандаи осорашро ташкил дод.
Дар жанри ҳикоя ва минбаъд қисса аз сарнавишти инсон сухан мегӯяд, инсон, рафтору кирдор, ғаму шодиашро ҷанбаи асоси тасвир қарор медиҳад. Усули нигоришаш ба мавзуъу масъала, муҳит, замону макони воқеа зич алоқаманд аст. Нависанда на танҳо донишу идроки аз зиндагии рӯзмарра ва муносибати инсонҳо ғункардааш, балки ғановоти маънавию ақлонии худро бо хонанда қисмат мекунад, андешаву назари хешро дар бобати рафтору амали одамон, муносиботи онҳо ба ҳолатҳои хушу нохуши ҷомеа дар пирояи бадеӣ устодона баён месозад. Ҳамдардию дилсӯзии адиби ҳушманд гоҳ бо лутфу зарофати нозук, лаҳзае бо танзу таънаи истеҳзоомез, даме бо ҳаҷву танқиди фошкунанда баён меёбад. Ҳамаи инҳо имкон додаанд, ки нигоранда дар воқеаи хурд рафтору амали оддию муқаррарӣ, чизи муҳим, зиндагиро бинад. Чунки биниш меъёри бадеию эҷодӣ ва зебоишиносиро дар тамоми асарҳои Абдулҳамид Самадов ба ин ё он тарзу ба рангу равғани хос ташкил медиҳад.
Хонандагони тоҷик дар Китобхонаи миллӣ метавонанд бо намунаи осори ин адиби хушнавис аз наздик ошно шаванд ва асарҳои зерини ӯро дархост ва мутолиа намоянд:
Осор
Шохи чанор: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 128 с.
Баъд аз сари падар: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Маориф, 1982. – 110 с.
Паррончакҳо: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 192 с.
Аспи бобом: Повестҳо, ҳикояҳо. – Душанбе: Маориф, 1986. – 184 с.
Пиёлаи шикаста: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 160с.
Мечта молодости. – М.: Советский писатель, 1986. – 304 с.
Косаи давр: Повестҳо ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1987. – 320 с.
Майдон: Ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1989. – 192с.
Баъд аз сари падар, Аспи бобом, Акаи ошиқ: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1992. – 304 с.
Шаҳдрези садо: Қиссаҳо. – Душанбе: Адиб, 1997. – 144 с.
Ман ошнои ту. – Душанбе: Маориф, 1999. – 27 с.
Талош: Маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 2002. – 384 с.
Гиряи хирс: Ҳикоя. – Душанбе: Истиқбол, 2006. – 17 с.
Гардиши девбод: Қиссаву ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 2007. – 568 с.
Паррончакҳо, Аспи бобом: Маҷмӯаи қиссаҳо. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. – 228 с.
Санги маҳак ва тарозуи ҳунар: Андешаву бардошт ва ёдномаву ёдовардҳои адабӣ. – Душанбе: Адиб, 2013. – 368 с.
Шоире шӯри ҷавониро сароиду ҷавон рафт. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 144 с. (ҳаммуаллиф).
Ифтихори миллат: Маҷмӯаи гузориш ва мақолаҳо аз конфаронси байналмилалӣ бахшида ба ҷашни 90-солагии устод М. Турсунзода. – Душанбе, 2002. – 119 с.
Гардиши девбод: Китоби 2. – Душанбе: Адиб, 2016. – 398 с.
Абдулҳамид Самад аз зумраи камтарин адибонест, ки осораш нақд шудаву танқиди адабӣ бармаҳал ба он таваҷҷуҳ кардааст. Аксари мунаққидон ва пажуҳишгарон нависандаи покнавису тозагӯ бадуни ӯро эътироф кардаанд.
Барои ошно шудан ба он ки осори адиб аз ҷониби ҳамзамононаш чӣ гуна арзёбӣ шудааст, кофист ин матолибро аз Китобхонаи миллӣ бихонанд:
Бақозода, Ҷ. Абдулҳамиди Самад ва инкишофи ҳикоя. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 152 с.
Ҳасанзод, С. Муҳаббате, ки сабз монда: Аз ҳаёт ва эҷодиёти нависанда-Абдулҳамиди Самад // Садои мардум. – 1997. – 1 ноябр.
Сайдар, М. Сухане, ки аз ниҳод меояд: Мукофоти комсомолии Ленинии республика ба нависанда А. Самадов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 14 октябр.
Акобиров, Ҷ. Нависандаи хушҷавҳар Абдулҳамид Самад // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. – 22 октябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
сармутахассиси шуъбаи
библиографияи миллї