Миллер Всеволод Фёдорович
Нашр шуд 2018-04-19 12:16
Ба зодрӯзи шарқшинос, забоншинос, этнограф ва бостоншиноси маъруфи рус Всеволод Миллер 140 соли пур шуд. Всеволод Миллер аз ҷумлаи донишмандонест, ки аз худ беҳтарин сарват барои ояндагон – китобҳои пажӯҳишӣ боқӣ гузоштааст. Ва дар Китобхонаи миллӣ низ аз осори ин олими машҳур асарҳо барои мутолеа пайдо мешаванд.
Всеволод Миллер 19-уми апрели соли 1848 дар шаҳри Мосав ба дунё омадааст.
Филологи рус, фолклоршинос, забоншинос, этнограф ва археолог, академики АФ Петербург (аз соли 1911). Донишгоҳи Москваро хатм кардааст (1870), профессор (аз соли 1884).
Раиси шўъбаи этнографияи Ҷамъияти дўстдорони табиатшиносӣ, антропология ва этнография (1881), яке аз асосгузорони маҷаллаи «Этнографическое обозрение» (солҳои 1889-1916), директори Иниститути забонҳои шарқии Лазарев (солҳои 1897-1911).
Дар Донишгоҳи Москав забонҳои санскрит, форсии қадим, мадхали забоншиносии муқоисавӣ, таърихи забон ва адабиёти қадими русро дарс медод. Чун забоншинос диққати ўро бештар омўзиши муқоисавии забонҳои ҳиндуеврапоӣ, хусусан забони осетинӣ ба худ ҷалб кардааст.
Дар асарҳои Миллер тақдири таърихии забони осетинӣ, мавқеи он дар байни забонҳои дигари эронӣ, шеваҳои ин забон тадқиқ шудаанд. Миллер дар фолклоршиносӣ сарвари мактаби таърихӣ буд. Вай дар нахустин асарҳои фолклоршиносии худ ақидаи дар Шарқ пайдо шудани достонҳои қаҳрамонӣ ва таъсири ривояту достонҳои эрониро ба эпоси русӣ эътироф кардааст.
Ақидаҳои Миллер хусусан инкори қимати бадеии достонҳои қаҳрамонӣ, ба табақаи ашрофон нисбат додани онҳо ва ғайра мавриди танқиди донишмандони ин соҳа қарор гирифтаанд.
18-уми ноябри соли 1913 дар Петербург вафот кард ва дар Москав дафн шудааст.
Имсол Миллер Всеволод 170-сола мешавад.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1983. – Ҷ.4. – С. 391.
Муалиф: Х.Қурбонов
Дар Китобхонаи миллӣ аз Всеволод Миллер ин асарҳоро метавонед суроғ кунед:
Осетинские этюды. – М., 1881-87. – Ч. 1-3.
Экскурсы в область русского народного эпоса. – М.,1892.
Очерк русской народного словесности. – М, 1897 – 1924. – Т. 1-3.
Абаев, В.И. Осетинский язык и фольклор. – М. – Л, 1949. – Т.1.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ