Валерий Воскобойников-адибе, ки дар бораи Абӯалӣ ибни Сино китоб навишта буд

    “Ҳазор сол муқаддам дар Бухоро марди нобиғае бо номи Абўалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ҳаёт ба сар мебурд.

Ин номи тўлонӣ монанди номҳои дигари шарқии онрўза ба назар аҷиб намояд ҳам, дар таркиби он ҷузъи ғайримуқаррарие нест. Андаке баъдтар маънои ин ном равшан хоҳад шуд.

Ибни Сино? Кист ў?

Духтурон мегўянд, ки ў шифокори бузург аст.

-Не, ў мунаҷҷим ва риёзидони машҳур,-изҳор медоранд олимони математика.

Ҳамчунин, шоир ва нависандаи номӣ, -мегўянд адибон. Назариётчии маъданшиносӣ ҳам ҳаст,- даъво менамоянд геологҳо.

Мусиқишинос ҳам ҳаст, -илова мекунанд аҳли мусиқӣ.

- Файласуф ҳам, -арза медоранд файласуфон.

Ва ҳамаи онҳо дар сари даъвои худ ҳақанд.

Пас, ин марди ҳамвора саргардон, даме ҳокиму гоҳе вазир ва муддате бандии қалъаву зиндон кист?

Чаро баъди сад соли барзиёд аз вафоташ бо фармони мутаассибини дин осори фалсафии Ибни Сино дар майдони маркази Бағдод оташ зада шуд?

Вале чандсад сол сонитар дар Аврупо баъди ихтирои дастгоҳи чоп пас аз «Таврот» дафъатан панҷ ҷилди азими «Ал-қонун фӣ тиб»-ро мунташир месозанд. Муаллифи он Ибни Сино буд, ки дар Аврупо ўро «Авитсенна» ном мебаранд.

Кутубхонаҳои мусулмонӣ дар тамоми давраҳо осори ўро боэҳтиёт нигаҳдорӣ мекунанд ва ба кам андар одамоне рухсати дастрасӣ ба онҳо дода шудааст. Ҳанўз аз хусуси бисёр асарҳои ў танҳо ривояте медонему бас. Вале маълум аст, ки котибону хушнависон осори Ибни Синоро бо майлу рағбат ва диққати тамом нусхабардорӣ менамуданд. Дар кишварҳои мухталифи Аврупо тавассути дастгоҳи чоп онҳоро мунташир месохтанд, ба забонҳои гуногун тарҷума мекарданд.

Мардуми Осиёи Миёна ҳамеша дар сифату ситоиши ў афсонаҳо мебофанду достонҳо месароянд.

Зимни даъвати Шўрои Умумиҷаҳонии Сулҳ тамоми мардумони рўи замин ҳазораи зодрўзи ўро ҷашн гирифтанд.

Хуллас, ин мард – Ибни Сино кист?

 

Ин чанд сатре, ки иқтибос шуд, аз асари машҳури адиби рус Валерий Вокобойников “Ҳакими бузург” аст, ки соли 1980, бахшида ба ҷашни ҳазораи Ибни Сино аз ҷониби интишороти “Ирфон” мунташир шуда буд. Посухи суоли Хуллас, ин мард – Ибни Сино кист? – ро адиби маъруф дар як китоби хеле хонданиву ҷолиб додааст. Вале оё мо медонем, ки худи Валерий Воскобойников кист?  

Воскобойников Валерий Михайлович нависанда, публицист ва  муаллифи зиёда аз шаст китоб барои кўдакон мебошад. Барои китобаш “Ҳаёти одамони наҷиб” соҳиби дипломи байналмилалии ба номи Х.К.Андерсен шудааст ва он ба рӯйхати беҳтарин асари бачагонаи олам ворид гардидааст.

 Вай 1-ми  апрели соли 1939 дар шаҳри Санкт-Петербург дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1957 пас аз хатми коллеҷи кимиё ба Донишкадаи технологии зодгоҳаш дохил мешавад.  Соли 1958-1960  ӯ ба хизмати аскарӣ ҷалб мешавад ва дар полки артилерӣ ҳамчун муҳандиси кимиёвӣ хизматро адо мекунад.

     Ҳикояи аввали ӯ соли 1962 дар рӯзномаи ҷавонон бо номи “Смена” аз чоп мебарояд. Аввалин китобаш  ( Повест ва ҳикояҳои кўтоҳ барои кӯдакон)  соли 1965  нашр мешавад.

Соли 1970 роҳбари шуъбаи наср ва шеър дар маҷаллаи кӯдакон ва ҷавонони иттифоқи нависандагони Санкт-Петербург фаъолият менамояд. Таҳти роҳбарии ӯ семинарҳо барои нависандагони ҷавон гузаронида мешавад. Бисёр аз китобҳои муаллиф ба таври васеъ дар хориҷи кишвар маълуманд.

Афсонаи “Дафтар дар муқоваи сурх” бори аввал соли 1971 дар Санкт-Петербург баъдан дар Ҷопон, ИМА, Лаҳистон  нашр мешавад.

Чуноне ишора рафт, вай муаллифи повести таърихӣ дар бораи  Абўали ибни Синост, ки аввалин бор бо номи “Великий врачеватель. Авицена” чоп шуд ва баъдан аз ҷониби ЮНЕСКО бахшида ба 1000- солагии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар кишварҳои хориҷ борҳо интишор ёфт. Соли 1980 он дар шаҳри Душанбе низ чоп шуд. Мутаассифона, номи мутарҷими ин китоб маълум нест.

Аз осори адиби номвар Валерий Воскобойников хонандагон дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонанд бихонанд:

 

          Ҳакими бузург, “Ирфон”, соли 1980

Жизнь замечательных детей. – Москва, 2010. – 208 с. 

Великий врачеватель. Авицена. – Москва, 1980. – 206 с.

Товарищь Емельян. – Ленинград, 1979. – 173 с.

Братья. – Москва, 1979. – 174 с. 

 

Таҳияи Манижа Раҷабова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.