Суратам як қатрае аз баҳри маънии Худост...

   Аҳмади Ҷом, Абунаср Аҳмад ибни Абулҳасан, мулаққаб ба Жандапил, Пири Ҷом ва Шайхулислом,   тақрибан соли 1048 дар шаҳри Ҷоми вилояти Ҳирот ба дунё омадааст. Соли 1141 дар зодгоҳаш вафот кардааст. Шоири мутасаввиф, намояндаи машҳури суфиёни Хуросон.  Аз авлоди саҳоби Ибни Саъд.

   Дар ҷавонӣ илмҳои замонашро аз худ кард, вале то 22-солагӣ зиндагии бенизоме дошт. Баъдтар гўшаи узлат  интихоб намуда, ба касби илму риояи шариат пардохт ва баъди 12 соли ҳаёти парҳезкорона ба кўҳистони Ҷом рафта, ба зуҳду тоату ибодат машғул шуд. Дар 40-солагӣ аз куҳистон ба деҳаи худ омада, дар он ҷо хонақоҳ барпо намуд ва ба вазъу иршод пардохт.

   Аҳмади Ҷом  сафари бисёре карда, дар Сарахс, Нишопур, Ҳирот ва Бохарз бо орифону файласуфон вохўрд. Мувофиқи маълумоти яке аз мактубҳояш бо Султон Санҷар низ шиносоӣ дошт. Дар вилояти Ҷом қудрати нуфуди зиёде касб кард.

   Аҳмади Ҷом асарҳои бисёри манзуму мансур таълиф кардааст. Насабаш аслан араб бошад ҳам, ҳамсаи асарҳояш бо забони форсӣ иншо намудааст. Роҷеъ ба тасаввуф «Мифтоҳ-ун-наҷот», «Анис-ут-тобеин», «Равзат-ул-муназзибин ва ҷаммат-ул-муштаҳим», «Биҳор-ул-ҳақиқат», «Сироҷ-ус-соирин», «Кунуз-ул-ҳикма» ва ғайраро таълиф намудааст, ки танҳо баъзеи онҳо то имрўз боқӣ мондаанд. Ў «Рисолаи Самарқандия» ном асаре низ дорад, ки он ҷавобҳои Аҳмади Ҷомиро ба саволҳои суфиёни Самарқанд дар бар мегирад ва аз ин рў, бо номи «Суолу ҷавоб» низ машҳур аст.

   Бино ба маълумоти сарчашмаҳо аксари асарҳои Аҳмади Ҷомӣ ҳангоми истилои муғулҳо аз байн рафтаанд. Абдулҳусайни Зарринкўб девони мансуб Аҳмади Ҷомиро таҳлил намуда, дар он ақидаҳои хилофи афкори Пири Ҷомро дарёфтааст ва дар ин асос мансубияти онро ба Аҳмади Ҷомӣ рад кардааст.

   Аҳмади Ҷомӣ мактаби анъанавии муршидиро нагузаштааст. Бо вуҷуди ин аксари муҳаққиқон муътақиданд, ки ў бо Абўтоҳири Курд ном суфии замонаш робитаи бисёре дошта, хирқаи иродатро аз Абусаиди Абулхайр пўшидааст. Дар тариқат Аҳмади Ҷомӣ бештар пайрави Қушайрӣ, Ансорӣ ва Суламӣ буд ва афкори равияи тасаввуфи муътадилонаро инкишоф медод.

   Асоси ақидаҳои ирфонии ў Қуръону суннат ва шариат буданд.   Ба ақидаи Аҳмади Ҷомӣ ҳамаи рафтори инсон бояд аз рўйи «ҳуҷҷат»-и шаръӣ бошад ва аз ин рў, «амр ба маъруф ва ниҳи аз мункар»-ро шиори худ қарор дода буд. Расидан ба маърифати тасаввуфиро Аҳмади Ҷомӣ бо «зикр» ва «сабр» имконпазир мешумурад. Имонро бо тавҳид вобаста ва ишқи ирфониро ба ишқи инсонӣ шабеҳ мепиндошт. Дар осори манзумаш ҳаёти маънавии сўфиёнро васф намуда, ба тавассути нафси амораву лавомма ва мулҳамаву мутмаина касб намудани маърифати ирфониро мумкин мешумурд, вале ҳулулро рад мекард. Аз ин рў, муҳақкиқон ўро бо номи суфии муташирреъ ёд кардаанд.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С. 162.

Муаллиф: М. Ҳазратқулов

Дар Китобхонаи миллӣ илова ба ин матолиб метавонед ин маводҳоро ҳам аз Аҳмади Ҷом бихонед:

Ибод, З. Қадрдонӣ; Аҳмади Ҷомӣ сухан аз баҳри хубон гуфтаааст: Шеърҳо // Хатлон. – 1991. – 22 июн.

Гўшаи ғазалиёти Ҳазрати Аҳмади Ҷомӣ / Ҳозиркунандаи чоп Ромиз Собир // Тоыикистон. – 1992. – №3. – 4. –  С. 14-15.

Аҳмади Ҷомӣ: Андарз / Таҳиягар М. Диловар // Адаб. – 1993. – №9-10. –  С. 23-25

Ду андарзи Аҳмади Ҷомӣ / Ҳозиркунандаи чоп  М. Диловар // Адаб. – 1993. –  №11-12. – С. 22

Мирзоҳофизиён, М.  Нигоҳе ба рўзгор  ва эҷодиёти Аҳмади Ҷомӣ: Оиди осори  ниёгони Ҷомӣ // Дин ва ҷомеа. – 2017. – №4. – апрел.осори Ахмади Чомӣ.

Чанд ғазал дар интихоби донишманди маъруф Исмоил Зарифиро аз Аҳмади Ҷом ин ҷо мекорем.

Соқии сармаст ёр омада дар ҷоми мо,

Хеш шуда ошкор, карда башар номи мо.

Булбули лоҳутиям аз чамани Кибриё,

Қайди табиат шуда панҷараи доми мо.

Мо на дар ин ошён маскани худ кардаем,

Дар ҳарами Кибриёст равзаи икроми мо.

Мо зи худӣ мондаем дар тутуқи эҳтиҷоб,

Кош ҳаме барфитад пардаи итмоми мо.

Ҳаст ҷамол, Аҳмадӣ, бар рухи Аҳмад аён,

Бар ту ҳама зоҳир аст суннату аҳкоми мо.

 * * *

Дилбар андар дилрабоӣ хуш ҳамеояд маро,

Айши талху бенавоӣ хуш ҳамеояд маро.

Гарчи андар мулки маънӣ подшоҳи мутлақам,

Бар дарат лекин гадоӣ хуш ҳамеояд маро.

Подшоҳам, омада дар кисвати инсон падид,

Ин либоси подшоӣ хуш ҳамеояд маро.

Ҳар замон бар шакли дигар ошкоро мешавам,

Ҳар замоне худнамоӣ хуш ҳамеояд маро.

Зоти ман омад муҳити ҷузву кул андар аён,

Лоҷарам ҳар дам худоӣ хуш ҳамеояд маро.

Суратам як қатрае аз баҳри маънии Худост,

Бо чунин баҳр ошноӣ хуш ҳамеояд маро.

Молики мулки вуҷудам худ ман андар ҷузву кул,

Доимо ин худситоӣ хуш ҳамеояд маро.

Ҳаст бар сурат ҳувайдо маънии ҷони латиф,

З-он маро ин ҷонфизоӣ хуш ҳамеояд маро.

Аҳмадиро аз назарбозӣ кушода корҳо,

З-он ҳамеша порсоӣ хуш ҳамеояд маро.

 * * *

Гар туро ҳосил шавад як зарра тоб,

Ту даруни соя бинӣ офтоб.

Гар шавӣ ту маҳрами асрори ғайб,

Ҳосил ояд мар туро ин фатҳи боб.

Соя бе хуршеди тобон кай шавад,

Сояро бингар, ки шуд хуршедтоб.

Нури хуршедӣ ту дар ҳар заррае,

Зарраро мебину аз вай рух битоб.

Гар бурун ояд хур аз торикмеғ,

Зарраҳо бинӣ зи ҳар сӯ дар шитоб.

Аҳмадиро бингарӣ масту хароб,

Гар кушояд ёрро аз рух ниқоб.

 * * *

Манзили ишқ аз маконе дигар аст,

Марди маъниро нишоне дигар аст.

Ақл кай донад, ки ин рамз аз куҷост,

К-ин ҷамоъатро нишоне дигар аст.

Он фақироне, ки ин ҷо мераванд,

Ҳар яке соҳибқироне дигар аст.

Дил чӣ мебандӣ дар ин фонӣ ҷаҳон,

К-ин ҷаҳонро ҳам ҷаҳоне дигар аст.

Дар дили мискини ҳар бечорае

Шоҳро ганҷи ниҳоне дигар аст.

Бар сари бозори саррофони ишқ

Зери ҳар доре ҷавоне дигар аст.

Куштагони ханҷари таслимро

Ҳар замон аз ғайб ҷоне дигар аст.

Дил хӯрад захме, зи дида хун чакид,

Инчунин захм аз камоне дигар аст.

Ишқро дар мадраса таълим нест,

К-инчунин илм аз баёне дигар аст.

Аҳмадо, то гум накардӣ ҳуши ӯ,

К-ин ҷарас аз корвоне дигар аст.

 * * *

Ошиқон дар боргоҳат нолаву ово зананд,

Бар дари ту табли «субҳоналлазӣ асро» зананд.

Аз улувви мартабат аз ҷумла олам бигзаранд,

Хайма бар болои ин нӯҳ гунбади мино зананд.

Аз сари мастӣ шароби сирфи ваҳдат даркашанд,

Пушти пои худ ба фарқи торуми хазро зананд.

Раҳматан лилъоламин аст он, ки ӯро қудсиён,

Бар дари иқболи мо лаббайку ав-авҳо зананд.

Аршиён бар остонаш хок рӯбанд аз шараф,

Қудсиён бар хоки пояш бӯсаҳо дардо зананд.

Курсии нӯҳ осмонро зери по оранд, то

Бӯса бар хоки паноҳи Хоҷаи Батҳо зананд.

Анбиё дар доманаш доранд дасти эътисом,

Авлиё дар боргоҳаш сар ба зери по зананд.

Ҳар кӣ ҳаст дар хайр имкони ба фарти шавқи худ,

Бар дари икроми ӯ аз амл дам боло зананд.

Душманонаш аз таассуб сар фурӯ бурда ба нор,

Дӯстонаш хайма андар ҷаннатул-маъво зананд.

Гар шарораш аз дили худ ошиқонаш баркашанд,

Оташ андар сафҳаи нӯҳ торуми аъло зананд.

Аз фазои ломаконӣ ҳар замон мастӣ кунанд,

Аз хуми ваҳдат ҳамеша хамраи бодо зананд.

Шӯр дар малкут афтад, гар шабе мастони ӯ,

Ҳамчу Аҳмад нолаҳое аз дили шайдо зананд.

 * * *

Зи ёри дилрабо ёрист беҳтар,

Русуми ошиқон зорист беҳтар.

Агарчи кори хубон бевафоист,

Зи мо боре вафодорист беҳтар.

Чу моро нест иззат пеши маҳбуб,

Биҳамдиллаҳ, ҳамин хорист беҳтар.

Хуш он кас, к-ӯ диле бар кас бибастаст,

Дар ин олам гирифторист беҳтар.

Намепурсад нигорам ҳеҷ гоҳе,

Намедонад, ки дилдорист беҳтар.

Намедонам чӣ бад кардам ба ҷонаш,

Ки медонад дилозорист беҳтар.

Бихоҳад хуни Аҳмад рехт беҷурм,

Ки наздаш ҷурму хунхорист беҳтар.

 * * *

Ҳиҷоби ину он бардорам имрӯз,

Нишон аз бенишон бардорам имрӯз.

Ҷаҳоне бар дарат як нукта созам,

Аз он нукта ҷаҳон бардорам имрӯз.

Ба сидқ ин пардаи ақли музаввир

Зи сар андар замон бардорам имрӯз.

Навои «унзуру» бархонам ин дам,

Салои ошиқон бардорам имрӯз.

Рамузи Исиву асрори Одам,

Зи худ бар осмон бардорам имрӯз.

Чу ҷуз ман нест дар олам кас акнун,

Риё аз ҳамдамон бардорам имрӯз.

Худиро бехудӣ созам, пас он гаҳ

Маконро аз макон бардорам имрӯз.

Аёнро аз ниҳон созам ҳувайдо,

Ниҳонро аз аён бардорам имрӯз.

Ман он мурғам, ки бар дори сиёсат

Навои булбулон бардорам имрӯз.

Чу мақсуди ман аст аз ҷон ҷонон,

Ҳадиси ҷони ҷон бардорам имрӯз.

Ҷамоли Аҳмадӣ ҳар дам ҳувайдост,

Ҷамоли тозиён бардорам имрӯз.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ