Ту набошӣ, равиши вақту фазо мешиканад...

Озарахш шояд ба муаррифии зиёд ниёз надорад. Аз шоирони маъруфи кишвар аст. Беҳтарин мутриб, беҳтарин оҳангсоз ва барои ҷавонони эҷодгар беҳтарин устод. Инҳо чанд ҳарфеанд, ки дар остонаи зодрӯзи адиби номвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ рехтанд. Ва он чӣ гуфтанду хондем арзёбии ҳаводоронаш аз шеъри ӯ, баҳои мунаққидон ба ашъораш буд. Ва расмҳое ҳам интишор ёфтанд, ки лаҳзаҳои зиндагии ӯро таҷассум мекарданд. Ӯ дар саҳна ҳам шеърашро мехонад ва ҳам таронаҳои хуш месарояд.

ОЗАРАХШ (Каримов Толиб)  13 августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1980 вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши рўзноманигорӣ) шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳ, соли 1986-1989 муҳаррири  Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, соли 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, соли 1992-2002 муҳаррири телевизиони вилоят будааст.

Аз соли 2002 хабарнигори ҳафтаномаҳои «Нақлиёт» ва «Адабиёт ва санъат» дар вилояти Суғд мебошад. Муаллифи китоби ашъори  «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир» ва «Чархболи Офтоб», “Девони ишқ” аст, ки дар Душанбе ва Хуҷанд интишор ёфтаанд ва муаллифашонро дар қатори ҷавоншоирони ҳунарманди кишвар мақом бахшидаанд.

Зиёда аз 10 намоишномаи ў дар саҳнаи  театрҳои кишвар (хусусан, театри наврасон) пешниҳоди ҳаводорони санъати театрӣ гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи Умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардўш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Нақши Рўдакӣ» аз он шумуланд.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ўзбекӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Дар ҳайати намояндаҳои расмии Тоҷикистон ва гурўҳҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар қитъаи Африко (Гана, Бенин ва Того), кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустонва Ингилистон дастовардҳои адабиёту санъати тоҷикро тарғиб кардааст.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (барои филми «Ифтихор»), Ҷоизаи байналмилалии Имом Ҳумайнӣ ва Ҷоизаи «Боргоҳи сухан» аст.

Соли 2012 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». –  Адиб, 2014. – С. 172-173.

Аз Озарахш дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин нигоштаҳоро бихонед:

Озарахш. Таронаи сапеда; Пеш аз сафар: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 20 сентябр.

Озарахш. Пеш аз сафар; Ҳамхуни офтоб: Шеърҳо // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 4 ноябр.

Озарахш. Шабоҳанг: Шеър // Ҳақикати Ленинобод. – 1991. – 12 январ.

Озарахш. Аз ҳиҷо то достон: Шеър // Меҳнат. – 1991. – 13 апрел.

Озарахш. Ғуруби Хуршед: Ҳикоя // Ҷумҳурият. – 1993. – 7 март.

Озарахш. Офтоб орифона механдад: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1994. – 18 март.

Озарахш. Косагули лола: Ғазал // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 22 феврал.

Озарахш. Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2003 . – 4 июл.

Озарахш. Шоир, шоир: Рубоиёт // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 14 ноябр.

Озарахш. То як тарона ҳаст ҷавонӣ намеравад…: Шеърҳо // Нигоҳ. – 2016. – 17 август.

Озарахш. Кишвари хуршедҳо (ватаннома): Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2002 . – 25август.

Озарахш. Ширинасали ман: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2017 . – 8 март.

Озарахш. Ҷавонӣ: Шеър // Тоҷикистон. – 2017. – 18 май.

Озарахш. Мусиқии мо бо тарҷума ниёз надорад: Мусоҳибаи рўзноманигор Мафтунаи Қосим бо шоири маҳбуб Озарахш оиди «Девони шеър»-и шоир // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 20 июл.

Озарахш. Муборак бодатон: Шеър бахшида ба С. Айнӣ // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 24 октябр.

Озарахш. Ҷавонӣ: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 23 май.

Озарахш. Аз ном, аз номи гулат; Чашми ҷон ва намудан осон нест; Гиря мекунам имшаб бо баҳонаи борон; Сипосномаи модар; Қасри Арбоб ва ғайра: Шеърҳо // Паёми Суғд. – 2018 . – №5 . – С.3-15.

Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

Ин ду шеър аз ӯст:

Нест нози қадамат...

Бахудо, дур зи ту шаҳри муҳаббат холист,
Кӯчаи меҳр тиҳӣ, роҳи саодат холист.

Кӯву барзан ҳама гулзор, вале накҳат нест,
Нест нози қадамат, ҷои назокат холист…

Гарчӣ сад акси рухат бар дару девори дил аст,
Бе ҳавои нафасат хонаи хилват холист.

Ту набошӣ, равиши вақту фазо мешиканад,
Умр дармегузарад, тик-тики соат холист.

Зиндагӣ нӯш надорад, агар ангезат нест,
Маҳфили роз забун, косаи шарбат холист.

Ман чӣ созам фалаку гардиши давронашро,
Ту гулафшон накунӣ, домани навбат холист!

Озарахшо, ғазали тоза киро мефорад?
Нест як ҳамсухане, гӯшаи суҳбат холист.

                  *****    ****    ****

 Ба ин дунёи баргардон чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳавасмандону дилбандон чӣ овардӣи, ки хоҳӣ бурд?

Яке обод мехонад, яке вайрона медонад,
Ба ин вайронаободон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Ба меҳмонии серӯза, ба душат заллаву кӯза,
Катори ошу обу дон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Сафо ҳам доштӣ боре, вафо ҳам коштӣ боре?
Ба фарзандону пайвандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Касе аз ҳикмати одам, гираҳ накшод дар олам,
Ту эй донотарин нодон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Хар он чӣ додаӣ, ояд, ҳам он чӣ бурдаӣ, бояд,
Ба даҳчандону садчандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Расидӣ аз дурахши худ мисоли Озарахши худ,
Гаҳе гирён, гаҳе хандон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?