Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Пўлод Толис

Пӯлод Толис аз ҷумлаи маъруфтарин адибони солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта буд. Шахсе, ки аз аввалин қадамҳояш ба адабиёти диққати Айниро ба худ кашид. Умри хеле кутоҳ дид, вале асарҳояш мондагоранд. Ҳар он чизе навишт, имрӯз ҳам хонанда дорад. Сабку услуби хосашро бузургоне чун Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода Фазлиддин Муҳаммадиев сутудаанд.

Пўлод Толис (Пўлодов Толстой) 24 –уми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш Пӯлодҷон Бобоев муаллим ва рӯзноманигор буд. Бо дилбастагӣ ба нависандаи машҳҳур Лев Николаевич Толстой писарашро Толстой ном ниҳод, то мисли муаллифи “Ҷанг ва сулҳ” адиби машҳур шавад. Дар оила навозишкорона ӯро Толис ном мебурданд ва баъдан ӯ ҳамин номро тахаллуси адабӣ кард.

Баъди хатми мактаби миёна аз солҳои 1946-1953 дар чопхона ҳуруфчин, ҳунарпешаи театр, ходим ва мудири шуъбаи рузномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули моҳномаи «Пионер», муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.

Аз соли 1953 котиби масъул ва баъдтар муҳаррири маҷаллаи «Шарқи сурх» (Садои Шарқ) буд.

Фаъолияти адабии Толис соли 1946 сар шуда, дар соҳаи наср адабиёти бачагона, ҳаҷв, тарҷумаи бадеӣ инкишоф ёфтааст. Асарҳои Толис диққати Садриддин Айниро ба худ кашида буданд.  Адабиётшиноси маъруф, профессор Худойназар Асозода навишта буд, ки “Аввалин шахсе, ки истеъдоди Толисро шинохт ва баҳои сазовор дод, Садриддин Айнӣ буд. Ин дастгирии маънавии устод  самти  ҷустуҷӯҳои эҷодии Толисро муайян карданд ва роҳи дурусти эҷодиро пеш гирифт”.

Дар ҳақиқат баъдтар эҷодиёти  Толис як саҳифаи тозаи адабиёти тоҷик гардид. Беҳтарин ҳикояҳояш дар маҷмўаҳои «Чароғҳо» (соли 1948), «Дар сари роҳи калон» (соли 1954), «Ҳикояҳои даҳ сол» (соли 1957), «Повест ва ҳикояҳо» (соли 1966) гирд омадаанд.

Як хусусияти ҳикояҳои Толис васеъ будани доираи мавзўъоти онҳо мебошад. Нависанда дар бораи қаҳрамонони аз ҷанг баргашта, дўстии халқҳо, меҳнати беминнати калонсолону ҷавонон барои инкишофи хоҷагии колхозҳо, ватандўстӣ ва рафоқату муҳаббат бо самимият эҷод кардааст. Пўлод Толис дар ҳикояҳояш масъалаҳои маънавию ахлоқӣ, маишӣ, муносибати байниҳамдигарии падарону фарзандон, масъулиятшиносии  одамони советиро  бештар ба миён гузоштааст. Аксари ҳикояҳои ў  ҳикояҳои психологӣ мебошанд. Дар онҳо масъалаҳои ахлоқи хело бамаврид ба миён гузошта шудаанд. Аксари асарҳояш ба русӣ тарҷума шудаанд.  

Бо нишон ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардидааст. Аз соли 1954 узви Иттифоқи Нависандагон буд.

17- сентябри соли 1961 ба таври фоҷеавӣ аз олам даргузашт ва дар қабристони шаҳрӣ ба хок супурда шуд.

Бо истифода мақолаи А.Набиев дар “Энсиклопедияи  советии тоҷик” . – 1987. – Ҷ. 7. – С. 379-380 ва “Таърихи адабиёти тоҷик”-и профессор Х.Асозода.

Аз Пӯлод Толис ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонет ин асарҳо ва мақолаҳро бихонед:

Ҳикояҳои даҳ сол. – Сталинобод. – Нашрдавтоҷик, 1957. – 174 с.

Бародарон: Ҳикояҳо // Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе, 1966. – С. 317-322.

Бузғолаи ман. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 14 с.

Куллиёт / Иборат аз ду ҷилд. – Душанбе: Ирфон, 1976. – Ҷ. 2. – 671 с.

Осори Мунтахаб. – Душанбе: Маориф, 1982. – 384 с.

Лолачинӣ. – Душанбе: Истиқбол, 2004. – 16 с.

Тобистон. – Душанбе: Адиб, 2009. – 128 с.

Тобистон. – Душанбе: Адиб, 2016. – 128 с.

Мактуб // Пионери Тоҷикистон. – 1961. – 17 декабр.

Имтиҳони аввалин: Ҳикоя // Машъал. – 1962. – №1. – С. 12-15.

Дар бўрон: Хотираҳо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ // Машъал. – 1973. – №11. – С. 1-3.

Ҳар гулеву як бўе: Фелетони адабӣ // Шарқи Сурх. – 1960. – №8.

Дар бораи адиб

Пўлод, Ҳ. Дар дилу чашми башар ҷо: Шеър // Садои мардум. – 1997. – 18 январ.

Мирзоев, К. Ёде аз Пўлод Толис // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 3 феврал.

Иматуллоев, М. Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Пўлод Толис // Садои Шарқ. – 2009. – №8. – С. 127-131.

Лаҳзаи хотирмони умр: Ба истиқболи 80- солагии зодрўзи нависанда Пўлод Толис // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 6 август.

Сайфуллоев, А. Порае аз фаъолияти нависандаи соҳибистеъдоди тоҷик Пўлод Толис // Адабиёт ва санъат. –  2016. – 14 январ.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ