Зуфархон Ҷавҳарӣ – шоире, ки баъди суҳбат бо Бобоҷон Ғафуров дубора ба адабиёт баргашт

“Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест. Мумоилайҳ шеърро  басо устодона менигорад.  Зотан Ҷавҳарӣ ба таври қадим аз устодони адаби он давра аст. Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст аммо дар тақлид он қадар сохтакорию такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин аз ин тақлид ба фасоҳати табии забон  зарари куллӣ рӯй надодааст.

Ҷавҳарӣ дар насри форсӣ низ муқтадир аст, лекин насрашро ниҳоят душворфаҳм менависад.  Бо хоҳиши фақир барои  тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта фиристода буд, ки нисбатан ба соири  мансуроташ  хеле сода аст... ”.  (Садриддин Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик)

Устод Садриддин Айнӣ соли таваллуди Зуфархон Ҷавҳариро 1289 ҳиҷрӣ  гуфта, ки мутобиқ ба  соли 1862 мешавад. Дар маҳалли Намозгоҳи шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. 8 сол дар назди падари бузургвораш Назмӣ таълим гирифтааст.  Назмӣ аз адибони намоёни давраш буда, солҳои 1827-1893 умр дидааст. Баъди фавти падар дар 25 солагӣ ба Бухоро меравад, то ба таҳсилаш идома диҳад.

Дар айёми таҳсил ба шеъргўи пардохт. Ҷавҳарӣ  дар ду давра, пеш аз Инқилоби Октябр ва баъд аз он шеър гуфтааст. Дар эҷодиёти тоинқилобии ў ғазал (дар пайравии Бедил) мақоми калон дорад. Устод Айнӣ мегӯяд: Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст аммо дар тақлид он қадар сохтакорию такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин аз ин тақлид ба фасоҳати табии забон  зарари куллӣ рӯй надодааст.

Бино ба навиштаи донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода Ҷавҳарӣ низ қатори ҳазорон зиёиёни кишвар зиндонӣ шудааст. Соли 1928 бо баҳонаи он ки гӯё “ба озодии занон мухолиф баромадааст” ӯро ба ҳабс гирифтанд. Муддати чор сол зиндон буд ва баъди озодӣ вақти зиёд аз кори эҷодӣ ҳам канор рафт. Аммо баъдан бо тавсияву маслиҳати Бобоҷон Ғафуров бори дигар рӯ ба эҷод овард. Марҳум Асозода ин иқтибосро аз китоби Аҳрор Мухторов “Бобоҷон Ғафуров” меорад:

“Аз солҳои дароз хомӯш гаштани шоир огоҳ гашта, Ҷавҳариро ба ҳузури худ ба Душанбе даъват карда овардам. Баъди салому алейку аҳволпурсӣ ва суҳбати рафиқона сари мақсад омадем:

  • Тақсир, ҳамин “тӯрагӣ” бас не мӣ?

Ҷавҳарӣ ҷавоб гуфтанд:

  • Э...! Ҳамин “тӯрагӣ” ба дили худам ҳам задаст.

Агар тӯрагӣ ба дилатон зада бошад, шумо шеър гӯед. Шеъри шумо барои мо даркор аст. Намозатонро хондан гиред, вале шеър гӯед”.

Бо ҳамин Зуфархон Ҷавҳарӣ бо дилгармӣ бори дигар ба саҳнаи адабиёт ворид шуд ва асарҳои хуби худ, аз ҷумла достонҳои «Зафар», «Офтобхон», «Муҳаммадҷон» ва ғайраҳоро навишт.

Ҷавҳарӣ инчунин маснавӣ, қасида, мухаммас,  марсия, рубоиёт, мустазод, назира, қитъаю панднома ва суруду чистонҳо таълиф кардааст. Миқдори осори бадеии ў ба 3736 байт мерасад.

Ў 16 ноябри соли 1945 аз олам даргузашт.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Зуфархон Ҷаъфарӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро суроғ кунед:

Зафар: Тўҳфа ба 25-солагии Октябри Кабир. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1942. – 56 с.

Офтобхон. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1945. – 18 с.

Асарҳои мунтахаб. – Душанбе, 1962. – 302 с.

Девони Ҷавҳарӣ. – Душанбе: Ирфон, 1986.  – 272 с.

Мунтахаботи осор. – Душанбе: Сурушан, 2002. – 360 с.

Лаби он гулбадан сероб то аз ҷўши соғар шуд; Эй дил агар он ҷони ҷаҳон сўи ту ояд; Ман ки дар базми висолат машқи ҳайрат мекунам: Ғазалҳо // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 25 октябр. – С.18.

Сатторӣ, Н.  Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ. – Душанбе: Дониш, 1982. – 152 с.

Таҳияи Насиба Дониёрова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ