Рўзноманигор, забоншинос ва тарҷумони маъруфи тоҷик Саидризо Ализода 130-сола шуд
Дар бораи ин марди хирад хеле метавон зиёд навишт. Ҳарчанд гузаштаи ӯ пурра таҳқиқ нашудааст, вале
Саидризо Ализода 27-уми июли соли 1887 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи косиби шоҳибоф ба дунё омад. Ў бо ғамхории падар бо роҳу василаҳои гуногун савод баровард. Дар давоми 13 сол ҳамроҳи падараш ба сифати шогирд дар корхонаи бофандагӣ кор ва пайваста худомўзӣ кард. Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифта, баъдан дар мактаби ҷадид, ки дар оғози асри 20 таъсис ёфта буд, таҳсил кард. Муаллими мактаби ҷадид, ҳуруфчин ва мусаҳҳеҳи бахши тоҷикии нашрияҳои М. Беҳбудӣ «Самарқанд» ва «Оина» (солҳои 1913-1915), муҳаррири рӯзномаи «Шўълаи инқилоб» (солҳои 1919-1921), котиби масъули рӯзномаи «Овози тоҷик», муҳаррири шўъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон, муаллими фанҳои забони арабӣ, форсӣ ва тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд (солҳои 1933-1937) буд.
Фаъолияти Ализода чун рўзноманигор-публитсист дар рӯзномаи «Бухорои Шариф» оғоз ёфтааст. Дар нашрияҳои Беҳбудӣ оид ба масоили мактабу маориф, танзими расму одат, ислоҳоти ҷомеа мақолаҳо ба табъ мерасонд, мардумро ба илму маърифат даъват мекард. Дар газетаи «Шўълаи инқилоб» аксар мақолаҳоро, ки ба мавзўъҳои рўзмарраи он замон тааллуқ доштанд – иттиҳоди ранҷбарон, сохтмони ҷомеаи нав, озодии занон, мазаммати аҳли хурофот, порахўрӣ ва ғайраро худи Ализода таълиф менамуд. Умуман Ализода дар матбуоти даврии солҳои 20 асри ХХ хеле фаъол буд. С. Ализода шоир ҳам буд. Шеърҳои «Зан ва мулло», «Ба порахўр», «Бой-амак», «Маросими мушфиқона ба фаранҷӣ», «Таронаи рамазон», «Ба олуфтасанг» аз қабили онҳост.
Бо имзоҳои мустаори «Ситамдида», «Коргар», «Ранҷбар», «Нештар», «Муште ғоиб», «Занбўр», «Муртад», «Чарандгўй», «М. Ҷ.» ва ғайра ҳикояву ҳаҷвияҳо дар шакли луғат, муаммо, чистон ба табъ мерасонд.
Ализода забонҳои арабӣ, русӣ, фаронсавӣ, арманӣ, ўзбекӣ, туркӣ, тоторӣ, озарӣ, курдиро хуб медонист.
Китобҳои дарсии таълифнамудааш «Дабистони тоҷик», «Китоби нахустин» (соли 1920; чун алифбои аввалини тоҷикӣ эътироф шудааст), «Луғати русӣ – тоҷикӣ»-и дар ду ҷилд мураттабсохтааш (солҳои 1933-1934) гувоҳи онанд, ки ў омўзгору забоншиноси варзида будааст.
Ализода асарҳои А. С. Пушкин, Н. Островский ва А. Қодириро ба тоҷикӣ гардонидааст. Ғайр аз тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва мақолаю дастурҳои сершумор, як силсила асарҳои бадеиро низ тарҷума кардааст. Мунаққид ва адабиётшиноси номӣ Раҳим Ҳошим, ки бо Ализода ҳамкорӣ карда, ўро аз наздик мешинохт, чунин мегўяд: «…Тарҷумаҳои Ализода хеле пухта, услубаш хеле возеҳ ва равон мебошанд ва омўхтани тарҷумаҳои вай хеле ибратбахш аст».
Саидризо Ализода забоншиноси моҳир буд. Аз тарафи ў соли 1926 ба чоп ҳозир кардани китоби «Сарфу наҳви тоҷикӣ» ҳодисаи калони маданӣ ба шумор меравад. Азбаски вай то навиштани «Сарфу наҳви тоҷикӣ» китоби дарсии Алифборо бо номи «Соли нахустин» (нашри аввал соли 1920, нашри дуюм соли 1924) таълиф намуда буд, дар мураттаб сохтани қонунҳои забони тоҷикӣ аллакай таҷрибаи мукаммал дошт.
Саидризо Ализода солҳои 30-юм асосан ба тадқиқу тарғиби масъалаҳои мухталифи забони адабии тоҷик ва тарҷумаҳои асарҳои бадеӣ машғул буд. Ў ҳамчун забоншинос аз соли 1933 то соли 1937 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз забони арабӣ, форсӣ ва тоҷикӣ дарс медод. Саҳми С. Ализода дар инкишофи лексикографияи тоҷик низ калон буд. Дар аввали луғати русӣ-тоҷикӣ, ки ҷилди якумаш соли 1933 ва ҷилди дуюмаш соли 1934 интишор ёфта буд, хизмати Ализода калон аст. Нависанда Абдусалом Деҳотӣ дар ин бобат дар хотираш чунин навишта буд: «Нағз ба хотир дорам, ки яке аз аз тартибдиҳандагони он луғат Саидризо Ализода… кўча ба кўча, дар ба дар гашта, ба аҳли ҳар касб: деҳқонон, боғдорон, оҳангарон, қассобон ва ғайра муроҷиат карда, истилоҳот ва таъбирҳои халқиро ҷамъ мекард».
Бино ба навиштаи Ҷумҳур Ҷаъфарзодаи Самарқандӣ “Бори охир Саидризо Ализода соли 1936 ба ҷурми забондониаш (гӯё гумоштаи империализми ҷаҳонӣ будан) гирифтори таъқиб ва шиканҷаи НКВД – и Шӯравӣ мегардад, ки дар натиҷаи он соли 1945 (дар ҳуҷҷатҳояш соли 1938 нишон дода шудааст), баъд аз маҳрумияти 8 - сола дар зиндонҳои Самарқанду Тошканду Таболск риштаи умраш дар зиндони шаҳри Владимири Русия канда мешавад.
Дар давоми 8 соли зиндонияш 400 нома ба роҳбарони давлат менависад, ки ҳамааш бе ҷавоб мондааст. Ҳамон сол писараш Исмоил Тағиро бо домодаш ҳабс карда буданд. Домодаш яке аз нависанда ва тарҷумонҳои шинохтаи замонаш Ҳасан Ирфон буд.
Баъди 32 соли марги ӯ набераҳояш дар ҷустуҷӯи қабри бобояшон то маҳбаси Владимир мерасанд. Он ҷо сардори маҳбас Ривинскийро меёбанд ва ин шахс нақл кардааст, ки дар муқоваи парвандаи Саидризо Ализода аломати хитоб гузошта буданд, ки он маънои маҳбуси хело хатарнокро нишон медод. Бо вуҷуди ин, байни Ривинский ва Саидризо алоқаи дӯстӣ барқарор мегардад.
Саидризо Ализода ба Ривинский забони яҳудиро меомӯзонад. Одатан маҳбусҳоро баъд аз иҷрои ҳукми қатл дар хандақҳо якҷоя хокпӯш мекарданд. Вале Ривинский ҷасади Ализодаро алоҳида мегӯронад ва дар болои қабраш тахтасанге бо навиштаҷот мегузорад.
Ӯ то вохӯрӣ бо наберагони марҳум нигоҳубини қабрро ба зимаи худ гирифта буд.
Соли 1975 набераҳояш ҷасади бобояшон Саидризо Ализодаро ба Самарқанд оварда, ба хок месупоранд.
Ҳамон сол дар Самарқанд як кӯча ва як мактабро ба номи Саидризо Ализода мегузоранд.
Иқтибос аз “Ҷумҳурият” 19.04.2016
С. Ализода рўзноманигор, забоншинос ва тарҷумони тоҷик буд ва саҳми ў дар инкишофи матбуот, маориф ва маданияти халқи тоҷик калон аст.
Соли 1997 ба муносибати 100-умин солгарди таваллудаш дар ш. Самарқанд хона – музеи Саидризо Ализода таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон асарҳои тарҷуманамуда ва маҷмӯаи мақолаҳои публисистии Саидризо Ализода ҳамчун мероси адабӣ омӯхта мешаванд.
Бозчоп аз: Энсиклопедияи Миллии тоҷик. – Душанбе. – Саррекдаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик. – 2011. – Ҷ.1. – С. 297-298.
Муаллиф марҳум Пайванди Гулмуродзода
Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон барои соли 1987. Душанбе. –1986. – С. 65-67. Муаллифон Қодиров А., Ҷалилов Ш.
Аз Саидризо Ализода ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро бихонед:
Сарфу наҳви тоҷикӣ. – Душанбе: Деваштич. – 2006. – 80 с.
Гулбонги хирад. – Душанбе: Маориф ва маданият. – 2009. – 284 с.
Дар бораи Саидризо Ализода
Атобуллоев, С. Саидризо Ализода: Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии револютсионер ва маорифпарвар, муҳаррири доимии нахустини журнали тоҷикии «Шўълаи инқилоб». – Душанбе: Ирфон. – 1976. – 48 с.
Атобуллоев, С. Саидризо Ализода // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ. 1. – С. 121.
Самарқандӣ, Ҷ. Ҷ. Ҷон барои забон дод: Ба ифтихори 125-солагии публитсист, тарҷумон ва забоншиноси советии тоҷик Саидризо Ализода // Омўзгор. – 2012. – 25 май.
Ҷаъфаров, Ҷ. Сарнавишти ҷонсўзи Ализода: Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ бе забони тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад // Ҷумҳурият. – 2014. – 11 март.
Азимов, А. Саидризо Ализода ва матбуоти тоҷик: Порае аз таърихи ёднома аз нависанда, адабиётшинос, забоншинос, рӯзноманигор Саидризо Ализода // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 17 март.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ