Ёде аз суханшиноси маъруф ва шарқшиноси машҳур Евгений Бертелс

Евгений Бертелс аз ҷумлаи муваффақтарин мусташриқони собиқ Иттиҳои Шӯравӣ аст, ки як бахши муҳими таҳқиқоташро ба таърихи адабиёти форсу тоҷик бахшидааст. Омӯзишҳои пайваста ва донистани забон барояш имкон додааст, ки бо дидгоҳи хос таҳқиқотҳои пурарзишеро дар мавриди бузургони адабиёти тоҷик, аз ҷумла Низомӣ, Ҷомӣ, Аттор, Фирдавсӣ ва дигарон интишор диҳад.

БЕРТЕЛС ЕВГЕНИЙ ЭДУАРДОВИЧ 25- уми декабри соли 1890 дар  шаҳри Петербург ба дунё омадааст. Шарқшиноси рус, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1946).

Маълумоти олии мусиқӣ ва ҳуқуқшиносӣ ги­рифта, соли 1918 факултаи забонҳои шарқи Университети Петербургро хатм кардааст. Фаъолияташ дар Институти шарқшиносии АИ СССР гузаштааст. Ҳамзамон солиён дар Институти забонҳои зиндаи шарқи шаҳри Ленинград, Донишгоҳи давлатии Ленинград, Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна аз адабиёти форс-тоҷик, турк ва дигар халқҳои Шарқ дарс додааст.

Бешак, аз барҷастатарин мусташриқони қарни XX-и рус эътироф шудааст, чун бо ҷиддияти тамом заврақ ба дарёи дониш меандохт, боди мурод пайваста бар бодбони умедаш мевазид. Яке аз нозукиҳои усулу равияи муҳаққиқиаш аз он иборатаст, ки масоили таҳқиқшавандаро бар асоси маводи васеъ муайян месохт, аз баҳри беканори маърифат ҳамчун ғаввоси фикр садафҳо берун меовард. Дар эроншиносии шўравӣ асосгузори мактаби матншиносӣ ба шумор меравад, дар таҳқиқи ҷараёни тасаввуф, осори адибони мутасаввифи форс-тоҷик ва муайян намудани арзиши бадеии он, масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти форс-тоҷик, таҳқиқу тарҷумаи насри классикӣ ва омиёнаи ниёгон, масоили инкишофи забони адабии тоҷик ва ғайра нақши муассир бозидааст.

Соли 1939 узви вобастаи АИ СССР интихоб гардида, соли 1948 ба дарёфти бонуфузтарин мукофоти давлатии шўравии вақт – Ҷоизаи сталинӣ мушарраф шудааст.

 7- уми октябри соли 1957 дар синни шастуҳафтсолагӣ дар шаҳри Москва аз дунё даргузаштааст.

Дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳои Евгений Бертелсро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:

Персидский театр. – Ленинград, 1924.

Наваи и Аттар. – Ленинград, 1927.

Очерк истории персидской литературы. – Ленинград, 1928;

Бахтиар-намэ. Персидский текст и словарь. – Ленинград, 1929.

Учебник персидского языка. – Ленинград, 1932.

Абул-Касим Фирдоуси и его творчество. – М., 1935.

Строй языка пушту (афганский). – Ленинград, 1936.

Низами. Эпоха, жизнь и творчество. – Баку, 1940.

Низами. – Москва,1947.

Джами. Эпоха, жизнь и творчество. – Сталинабад, 1949.

Навои. Опыт творческой биографии. – Ленинград, 1949.

Роман об Александре и его главные версии на Востоке. – М., 1950.

Низами. Творческий путь поэта. – М., 1956.

Вопросы истории и филологии народов Советского Востока. – М., 1958.

Избранные труды. Низами и Фузули. – М., 1962.

Избранные труды. Суфизм и суфийская литература. – М., 1964.

Избранные труды. Наваи и Джами. – М., 1965.

Избранные труды. История литературы и культуры Ирана. – М., 1988.

Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ. – Душанбе, 2015.

Дар бораи забони  адабии тоҷик // Роҳбари дониш. – 1929. – №10-11. – С. 30-32.

Низомӣ ва достони “Лайлӣ ва Маҷнуни ”-  и ў // Мактаби советӣ. – 1947. –  № 9. – С. 4-11.

Абўалӣ ибни Сино // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1952 . – 27 июн.

Оромгоҳи Евгений Бертелс

Дар бораи оими шинохта

Ҳодизода, Р. Асари пурқимат дар омўхтани таърихи адабиёти форсу тоҷик: Дар бораи китоби шарқшиноси машҳури советӣ Евгений Эдуардович Бертелс “ Таърихи адабиёти форсу тоҷик ” // Шарқи Сурх. – 1960. – №11. – С. 142-146.

“Таърихи адабиёти форс- тоҷик ”: Мақола оид ба китоби Е. Э. Бертелс // Маориф ва маданият. – 1960. – 17 сентябр.

Ҳодизода,Р. Ёдбуди устод Бертелс: Ба муносибати 75- солагии Рўзи таваллудаш  // Маориф ва маданият. – 1965 . – 25 декабр.

Каримов, У. Шарқшиноси машҳури советӣ: Ба муносибати 75- солагии Рўзи таваллуди Е. Э. Бертелс // Комсомоли Тоҷикистон . – 1966. – 1 январ.

Евгений Эдуардович Бертелс: Ба муносибати 80- солагии Рўзи таваллудаш // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон, барои соли 1970, Душанбе,1970. – С.108-110.

Сиддиқов, С. Шарқшиноси бузурги советӣ: Ба муносибати 80 - солагии Евгений Эдуард Бертелс // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 16 январ.

Элчибеков, Қ., Каландарбеков, П. Нусхаи нодир: Дар натиҷаи ҷустуҷўи доктори илмҳои филологӣ Е. Э. Бертелс ва номзади илмҳои филологӣ М. Бақоев дарБадахшони Кўҳӣ дастхати нусхаҳои нодири «Силки Гуҳаррез» ёфтанд // Маориф ва маданият. – 1973. – 1 декабр.

Мусулмонқулов, Р. Ёди суханшиноси бузург: Аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР Е. Э. Бертелс // Маориф ва маданият. – 1975. – 1 апрел.

Сатторов, А. Бертелс Евгений Эдуардович: Шарқшиноси советии рус, аъзо-корреспонденти АФ СССР, Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Ўзбекистон ва Тоҷикистон // ЭСТ. – 1978. – Ҷ.1. – С. 432.

Муҳаққиқи оламшумули дурӣ дарӣ: Мухтасари матлабе аз китоби «Таърихи адабиёти форсӣ- тоҷикӣ» - и  донишманди гиромидошт Евгений Эдуардович Бертелс / Таҳияи  Муҳаммадалии  Аҷамӣ // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 31 декабр.

Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ