Олиме, ки дар таблиғи адабиёти форсу тоҷик заҳматҳои фаровон кашидааст. Талош кардааст абармардони ин адабиёт ба мардуми рус ва халқҳои дигари русзабон ошно бошанд.
Дар бораи Рӯдакӣ ҳам навиштаву дар бораи Сино низ, аз Лоҳутӣ номаҳо дарёфт карду посухҳо навишт. Хулоса кӯшид то хидмате дар шарқшиносии рус карда бошад.
Занд Михаэл соли 1927 дар Каменетск-Подолск таваллуд шудааст, олими яҳудӣ - адабиётшинос, муаррих, мутахассис оид ба таърихи адабиёти форсу тоҷик, шарқшинос мебошад.
Аз соли 1930 хонаводаи онҳо ба Маскав кӯчид. Падараш соли 1937 боздошт ва қатори ҳазорон нафар маҳкум ба зиндон шуд. 10 соли маҳбас ба саломатии ӯ таъсири манфӣ расонд ва соли 1945 аз олам рафт.
Михаэл пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Маскав дар соли 1950 ба Тоҷикистон омада, дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба корҳои тадқиқотӣ дар доираи барномаи Академияи илмҳои Тоҷикистон машғул шуд.
Соли 1957 падараш бегуноҳ ва сафед мешавад ва ин имкон медиҳад, ки Занд дубора ба Маскав баргардад ва дар маҷаллаи “Халқҳои Осиё ва Африқо" ба фаъолият пардозад.
Соли 1962 – корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР, соли 1964 – ба ҳайси мушовири илмӣ дар Энсиклопедияи мухтасари адабӣ кор мекунад.
Михаэл Занд муаллифи китобу мақолаҳои сершумор оид ба адабиёт ва фалсафаи тоҷику форс мебошад.
Аз соли 1971 Михаэл Занд ба ҳайсӣ профессори Донишгоҳи шаҳри Байтулмуқаддас кор кардаву ба пажуҳишҳои худ дар соҳаи адабиёти форсу тоҷик идома додааст.
Хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз Михаэл Занд ва дар бораи ӯ ин мақолаву китобҳоро метавонанд мутолиа намоянд:
Занд, М. Абуалӣ ибн Сино// Ўзбекистони Сурх. – 1952 . – 8 июнь.
Занд ,М. Оид ба масъалаи тенденсияҳои халқӣ дар адабиёти тоҷик дар асрҳои VII-IХ // Шарқи Сурх. – 1953. – №6. – С. 85-94.
Занд ,М. Соҳибқирони шоирӣ – устод Рўдакӣ // Сталинобод. –1957. – 47с.
Лоҳутӣ, А. Мактубҳо ба М.Занд // А. Лоҳути. Қуллиёт. – Ҷ.6. – Душанбе. – 1963. – С. 161-163.
Занд, М.И. Шесть веков славы // Очерки перс.- таджик. литературы. – Москва: Наука, 1964.
Тақриз: Абдуллоев, А. Асарҳои шўҳрат // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 14 март.
Абдуллоев, А. “Шаш асри шўҳрат”// Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 17 феврал.
Таҳияи Манижа РАҶАБОВА
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ