Ёде аз Ибод Файзуллоев дар 84-умин солгарди таваллудаш
Имрӯз – 12 апрел бо солгарди зодрӯзи шахсияти маъруфи сиёсӣ – иҷтимоӣ, адиби саршинос, журналисти варзида, шодравон Ибод Файзуллоев мусодиф аст. Ёде аз устод ва инсони наҷиб ин як ҳақиқат будааст. Як ҳақиқату воқеияти ҳаёт. Масалан, бо шахсе солҳои зиёд ҳамкору ҳамнишину ҳамсӯҳбату ҳаммуошират ҳастӣ, вале мушоҳида мекунӣ, ки таъсиру нақши ин ҳамнишинӣ дар зиндагиат ҳеҷ будааст, сифр будааст. Ҳатто ду се сухан дар ҳақаш гуфта наметавонӣ.
Вале чунин ҳам мешавад, ки мулоқоти як лаҳзаӣ, вохӯрии тасодуфӣ, муоширати чанддақиқаӣ ва сӯҳбати кӯтоҳ бо шахсе кофист, ки як умрӣ таъсирашро эҳсос намоӣ ва ин сӯҳбату вохӯрӣ барои ҳамеша дар лавҳи хотираат боқӣ хоҳад монд.
Мусалламан, ин ба шахсияти он фард, ба зеҳният - интеллекти он шахс, ба сатҳи донишу фарҳангии ӯ, ба ғанои ботинии вай, ба маърифати баланди вай, ба хислати ӯ бастагӣдорад ва як амри худодод, эътои Худовандӣ низ аст. Воқеан, ҳастанд одамоне, ки ҷаззобияти махсус доранд, гармрӯ ҳастанд, ба ибораи мардумӣ ситорагарманд. Аммо мутаассифона, чунин сарвату давлати худодод дар кам касон ба мушоҳида мерасад.
Ҳангоми сӯҳбат бо ин гуна одамон ба кас чунин эҳсос даст медиҳад, ки гӯё китоби хубе, шеъри тозае, мақолаи аҷибе хонда ё филми ҷолибе дидаӣ. Баъд аз вохӯрӣ ва мулоқот бо чунин ашхос кас худро ғанитар ҳис мекунад, гӯё чизи пурарзишеро дарёфт кардаӣ. Дар чунин мавридҳо кас мехоҳад бигӯяд:
- Ташаккур ва сипос Офаридгорро, ки чунин шахсро офаридааст…
…Номи Ибод ФАЙЗУЛЛОЕВ барои мо донишҷӯёни охири солҳои 60 хуб ошно буд. Эҷоди Устод, ба хусус, очеркҳои ӯ бо рӯзмарра будан, бо замонавӣ будан, бо рӯзномабоб будан – яъне шеваю сабки рӯзномаи даврӣ ва публисистӣ доштан, бо бадеияти худ, бо самимияти худ, бо хушбаёнӣ ва забони соддаи худ тафовут доштанд. Аз очеркҳои устод гармии қалбаш, софдилиаш, садоқату самимияташ ва аз фелетонҳояш нотаҳаммулии ӯ ва оштинопазирии вай нисбат ба падидаҳои манфии ҷомеа эҳсос мешуд. Насри иҷтимоӣ-публисистикаи вай бо тозакориву бо қолабшикании худ ҷалби таваҷҷӯҳ мекард.
Он солҳо Устод чун ходими сиёсӣ-ҷамъиятӣ дар маҳфилҳою ҷамъомадҳою маъракаҳои расмӣ зиёд ширкат меварзиданд. Эҳсос мешуд, ки ин ҷавонмарди навча бо чеҳраи офтобхӯрдаву гандумгуну гармрӯ маҳфилзеб аст. Чунин ҷаззобият низ бозтоби ҷаҳони ботинии вай, дараҷаи фарҳангии ӯ ва зеҳният - интеллекти ӯ буд, зеро зоҳир фиребанда аст, зоҳири бидуни мазмуну зоҳири холӣ аз нерӯи ақлониву зеҳнӣ беҷило аст, тухолӣ аст, ҷаззоб нест.
Устодро ҳамеша сигор дар даст медидем ва дар ин мавридҳо ӯро бо шӯхӣ ба Михаил Шолохов - нависандаи нобиғаи рус шабоҳат медодем, ки ӯ низ ҳамеша сигор ба даст будва ягон аксашро бе сигор надидаем.
Солҳо мегузаштанду Рахши вақт (таъбири хеле шоиронаи адиби нотакрор Баҳманёр) дартоз буд. Устодро гоҳҳо медидем, ки дар хиёбонҳои шаҳр қадам мезад, сигор дуд мекарду ғарқ дар андешаҳои худбуд. Ва боз ҳам ин эҳсос ба кас даст медод, ки ин шахс шаҳрзеб аст. Ҳамон тавре ки Мирзо Турсунзодаву Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзодаву Аминҷон Шукӯҳӣ, генерал Мастибек Тошмуҳаммаду академик Алоуддин Баҳовуддин ва дигар шахсиятҳои маъруф чун дар шаҳр пиёда қадам мезаданд, зеби шаҳр буданд, ифтихори шаҳриён буданд…зеро зеби шаҳр, на танҳо иморатҳою хиёбонҳою гулгаштҳои дастсохти инсон, балки худи сокинини он низ ҳастанд…
Солҳо сипарӣ мешуданд. Рахши вақт чорхез мезад, медавиду медавид…
Дар ҷараёни чандин соли корам дар хориҷа ва дар Идораи барномаҳои хориҷии радио ба шакли мақола, очерк, хотира дар бораи чеҳраҳои шинохта ва баъзе расму оини мардумии Бадахшон чизҳое навишта будам ва ба пайравӣ аз ҳамон таассуроти давраи донишҷӯӣ ва солҳои баъдӣ аз эҷоду аз шахсияти Устод Ибод Файзуллоев ба ин ният, ки Устод чун коршиноси варзидаю пурмаҳсулу таҷрибадори риштаи насри иҷтимоӣ дар ҷумҳурии мо, ба унвони дуои хайр пешгуфторе бинависанд, бо як ҳамкорам ба идораашон рафтем, ки он солҳо Сардабири рӯзномаи "Паёми Душанбе" буданд.
Устод ҳузур надоштанд. Назди шогирд ва муовинаш Мухбирҷон Кенҷаев даромадем, гуфт, ки устод маризанд. Навиштаҳоро назди вай монда рафтем. Пасон омада фаҳмидам, ки Устод бо вуҷуди маризиашон он навиштаҳоро дар манзилашон хонда, лутфан ёддоштеро бароям дар назди Мухбирҷон мондаанд.
Баъдтар чун дидор – аввалину охирин мулоқот, бо Устод даст дод ӯро ранҷур ёфтам. Бояд дар бемористон бистарӣ мешуданд. Ба ин нигоҳ накарда, ёдовар шуданд, ки навиштани пешгуфторро фаромӯш нахоҳанд кард.
Аммо ман намехостам Устодро, ки касолат доштанд заҳмат диҳам. Гуфтам:
-Устод, ёддоште, ки барои ман мондаед, аз тамоми ҷиҳат аз пешгуфтори дарозу тӯлонӣ бартариву афзалият дорад, оғозсухани беҳтарин аст ва намехоҳам дигар шуморо заҳмат бидиҳам. Зеро чанд сухани кӯтоҳу мӯъҷазу самимӣ аз садҳо сухани дароз волотар аст. Зеро сухан кӯтаҳ гуфтану сухан хулоса гуфтану сухан иҷмолӣ гуфтан шеваи хирадмандон аст…
Ба қавли Расул Ғаматови бузург: «Иборае ҳаст, ки мазмуни баландеро ифода мекунад, калимае ҳаст, ки ҳиссиёти бузургеро ифода менамояд, Порчае аст, ки тамоми воқеаро ифода мекунад…»
Ва хоҳиш кардам агар иҷозат бидиҳанд, ҳамон ёддоштро ба унвони пешгуфтор истифода барам. Устод лаҳзае сукут карданд, баъд табассуме ширин карда гуфтанд:
- Ман розӣ.
Инак, он ёддошт:
“ Бародари гиромӣ Мирзошо!
Маводро бо шавқу завқи зиёде хондам. Ниҳоят писандам омад. Сазовори чоп аст.
Ба меҳнат, заҳмат, сухан ва қаламатон қоилам. Аҳсант, офарин!”
Роҳи сафед дӯстам.
Чун рахти сафар бастаам, пешгуфтор ваъда ба фардост. Баъди бозгашт чеҳраи гарматонро дидан ва дасти пурқуввати эҷодкоратонро фишурдан мехоҳам.
Ибод Файзуллоев”.
Ёддошти Устоди гиромӣ Ибод Файзуллоев - ин адиби маъруф, шахсияти шинохтаи сиёсию давлатӣ, инсони наҷибу дилсофу хоксору достонзеб барои ман як ҷаҳон арзиш дорад ва ёдгорие, хотирае аз ин Инсони неку наҷиб аст. Равонашон шод боду ҷояшон ҷаннат!...
Бознашр аз саҳифаи Мирзошо Ватаншоев аз Фейсбук.
Маълумоти бештар дар бораи Ибод Файзулло ин ҷост: http://www.kmt.tj/adib-siyosatmador-tarchumon