Библиографияи монографии академик Ирина Каримов аз чоп баромад

Библиографияи монографии академик Ирина Холовна Каримова бо ду забон аз чоп баромад, ки дар он  фаъолиятҳои илмии ӯ  то 1 июли соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи мунташира тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гардад.
Дар муаррифии китобнома омадааст: «Дастур барои таҳияи библиографиҳо, сомонаҳои Интернетӣ, рўйхати қитобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқону донишҷўён муфид мебошад».
Муаллифон Ҷӯрабой Раҷабов ва Сафар Сулаймонӣ дар сарсухан навиштаанд, ки “кулли маводи ба забонҳои тоҷикӣ ва русии батабърасида бори нахуст дар ин китобнома ворид гардида, мавриди таҳқиқи муаллифон қарор гирифтааст”
     Зинаҳои камолот ва фаъолияти Ирина Холовна Каримова
     Каримова Ирина Холовна 9 – уми сентябри соли 1956 дар шаҳри Қурғонтеппа дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ў аз хурдӣ ба мутолиаи китоб ва нашрияи дўстдоштаи кўдакон шавқу рағбати хоса дошт, вале бештар падарро пайравӣ намуда, мехост ба мисли падараш  Хол Каримов корманди низомӣ шавад.
Ирина баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онро бомуваффақият хатм намуд.
Фаъолияти меҳнатии худро ба сифати муаллимаи забон ва адабиёти рус дар мактаби таҳсилоти умумии №81-и ноҳияи Рўдакӣ оғоз намуда,  тайи солҳои 1978-1992 аз вазифаи муаллими синфҳои ибтидоӣ, муовини директор то ба сарвари мактаби таҳсилоти умумии номбурда ифои вазифа намудааст.
Моҳи ноябри соли 2008 Ирина Каримова ба вазифаи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъин гардид. Таҳти роҳбарии Каримова беш аз 20 нафар унвонҷўён рисолаҳои номзадӣ  ҳимоя намудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бенуқсон ва созандаашро ба инобат гирифта, соли 2001 ўро бо ордени «Дўстӣ», соли 2013 бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» шарафёб кардааст. Соли 2015 бошад, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ӯро бо «Медали Пушкин» сарфароз гардонидааст.
Ирина Каримова муаллифи асарҳои зерин мебошад:
     Тарзи ҳаёти солим [Матн]: Машғулиятҳо доир ба малакаҳои ҳаётӣ / Т.В. Воронсова, И.Каримова, В.С. Пономаренко ( ва диг.) Нашри дувум. – Душанбе . – 2010. – 88 с.
Педагогикаи ибтикорӣ [Матн] /Ф. Шарифзода, И. Каримова, С. Сулаймонӣ; Муҳ. Фаннӣ С. Камолзода. –Душанбе: И рфон,2013. –544 с.
Об, санитария ва гигиена [Матн]: Модули таълимӣ барои омўзгорони синфҳои 1- 4- и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ / И Каримова, Ф. Шарифзода, М. Ниёзмуҳаммедов. – Душанбе, 2014. –76 с. –Бо расмҳо.
Пешгирии хушунат дар хонавода ва мактаб [Матн]: Дастури илмию методӣ барои кормандони соҳаи маориф / Ф. Шарифзода, И. Каримова, С. Сулаймонӣ; Муҳаррири фаннӣ М. Шарифов: Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 125 с.
Тадбирҳои педагогии ислоҳи дурўғгўӣ [Матн] / И. Каримова, Ф. Шарифзод; Муҳаррир Ҳ.Ҳомид; Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. –Душанбе: Ирфон, 2016. – 116 с.
Бо забони русӣ
     Культура – источник гуманизма [Текст]: Монография / И.Х. Каримова; Одобрена Ученым советом Тадж.НИИ пед. наук; Посвящается 1100- летию государство Саманидов; Отв. редд-р пед. наук, проф. Ф. Шарифов. – Душанбе: Маориф, 1998. – 162 с.
     На волнах любви к человеку [Текст]: Монография / И.Х.Каримова; Рекомендовано к печати ред. Советом гуманитарного лицея “Неки”; Отв. Ред. Д-р пед. наук,  проф. Ф. Шарипов. – Душанбе, 2002. – 109 с.
     Нести добро детям [Текст]: Из опыта работа гуманитарного лицея “Неки” / И.Х. Каримова; Редактор А.Л. Спектор; Посвящается 5- летию лицея, 80- летию столицы РТ городу Душанбе и 80- летию Мин-ва оброзования РТ. – Душанбе: РТСУ, 2005. – 60 с.
Китобномаро зери назари доктори илмҳои педагогӣ, академики академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода Ҷӯрабой Раҷабов ва Сафар Сулаймонӣ тартиб додаанд.
     Хонандагони Китобхонаи миллӣ бо китоби библиографии академик Ирина Каримова дар Китобхона метавонанд ошно шаванд.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.