Амонбек Шоҳзода: рӯзноманигор ва шоири ҷавонмарг

Шоир, рӯзноманигор Амонбек Шоҳзода умри дароз надид. Соли 1944 таваллуд шуд ва соли 1994 дар синни 50-солагӣ  аз олам даргузашт. Аслан рӯзноманигор буд ва аввал машқи шеър мекард. Шеърҳои баланд мегуфт ва ҳамеша таваҷҷуҳи хонандагонро ба худ мекашид.

Он чи аз вай боқӣ монд, осори гаронмояву пурарзиши ӯ буд. Шеърҳояш давоми умри шоири озодаанд ва то миллат боқист, номи ӯ низ ҷовидон аст.

Амонбек Шоҳзода 16 – уми декабри соли 1944 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1973 шуъбаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.         Корманди рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон»,  «Тоҷикистони советӣ» будааст.

Аз соли 1970 шеърҳояш ба табъ мерасанд. Муаллифи маҷмўаҳои  «Марзи Ватан» (соли 1979), «Равзани дил» (соли 1987), «Савганди ҳарбӣ» (соли 1990), «Шеърҳо» (соли 1992)  мебошад. 

Моҳи августи соли 1994 аз олам гузаштааст.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2003.  – С.693.

Муаллиф:  Гулназар.

Осор

Равзани дил. – Душанбе: Адиб, 1987. – 80 с.

Абри гузар; Теппа;  Падарам  ба ман: Шеърҳо // Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С. 180-182.

Сарҳад / А. Шоҳзода., Ҷ. Ҳошимӣ. – Душанбе: Адиб, 1989. – 80 с.

Ту менолию менолам: Шеър  // Дасти дўст. – Душанбе, 1989. – С. 59-60.

Тирамоҳи куҳистон; Хирманкўбӣ: Шеърҳо //  Маориф ва маданият. – 1972. – 14 декабр.

Чашмаи Носир: Шеър // Маориф ва маданият. – 1972. – 29 август.

Застава; Шаби танҳоӣ: Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1976. – 6 феврал.

Дар ин замони зиндагӣ авҷу камол бин; Бар ман ту лутф додию эҳсони зиндагӣ: Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1989. – 11 ноябр.

Кули мева; Бомиён;  Ҳезумкаш: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 1 июл.

Хотираҳо; Дарёи Шоҳдара: Шеър // Тоҷикистони Шуравӣ. – 1991. – 28 июн.

Баҳористон; Шири моҳ; Дарёи чашм: Шеърҳо // Бадахшони  советӣ. – 1991. – 1 июн.

Шири моҳ; Дарёи чашм: Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1991. – 1 июн.

Марги уқоб: Шеърҳо // Фарҳанги Бадахшон. – 1992. – №4. – С. 5.

Кўҳи Помир: Шеър // Анбоз. – 1992. – 25 апрел.

Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ