“Ганҷи сухан “ аз Аминҷон Шукӯҳӣ ёд кард
Нишасти 172-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, адибону олимон, омӯзгорони забон ва адабиёти макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мухлисони каломи бадеъро ба ҳам овард. Маҳфил бо силсилаи сурудҳои сарояндагони ноҳия дар матни устод Аминҷон Шукӯҳӣ оғоз ёфт, ки матлаи зебои маҳфил гардид. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов гуфт, ки бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нишасти маҳфил ин даъфа дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.
Шоири Халқии Тоҷикистон устод Аминҷон Шукӯҳӣ зодаи ҳамин деҳа аст ва аҳли маҳфил аз рӯзгору ашъори ин шоири номвар ёд мекунанд. Дар сухани муқадимавии худ мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бимоҳрӯ Қосимӣ зикр кард, ки Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои наврӯз баробари ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кард ва он ба маркази чорабиниҳои фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ табдил ёфта истодааст. Мавсуф дар бораи қадру манзалат ва маъруфияти маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ибрози назар намуд ва тасмими аҳли адабро оид ба ёдкарди Шоири Халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ шоистаи таҳсин донист.
Сипас Шавкат Шарифов, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маърӯзаи худ “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносии миллии ҷомеа” оид ба ташаббусҳо, кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат дар густариш ёфтани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа бо санадҳои мушахас ва собит ибрози назар намуд. Дар меҳвари сӯҳбати муҳаққиқ мавзӯи хидмат ба Ватан, ҳифзи марзу бум, тарбияи наврасон ва ҷавонони шоистаи халқу миллат қарор дошт.
Дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ Қоситова Ӯғулой – номзади илмҳои филология, сармуҳаррири ҳафтавори “Хуҷанд”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳозиринро бо бештар аз 20 китоби тозанашр ошно кард .
Баъдан Неъматҷон Файзуллоев, доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи . “Аминҷон Шукӯҳӣ –шоири тавонои тоҷик” як сӯҳбати муфассал ва пурмӯҳтавоеро баргузор кард. Аз ҷумла зикр намуд,ки устод Аминҷон Шукӯҳӣ зодаи деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳия омӯзгорӣ кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мақомоти умури дохила хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» будааст. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро ба поён расонда, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (имрӯза “Ҷумҳурият”) таъин шудааст. Солҳои 1961-1967 дар вазифаҳои котиб ва ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурда, сипас, то охири умр, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ будааст.
Нахустин шеъраш соли 1942 дар газетаи «Стахановчӣ» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медоданд ва бо забони соддаю равонашон ҷозиб буданд.
Ҳамин хусусиятҳо дар ашъори маҷмӯаҳои «Ватани сулҳ» (1952), «Рӯзҳои мо» (1954-1955), «Садои дил» (1956), достони «Кӯчабоғи ошиқон» (1962), силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), «Арзи қалам (1971), китоби дубайтию рубоиҳои «Чормағз» (1973) ва ғ. боз ҳам тақвият ёфта, шуҳрату маҳбубияти муаллифашонро дар миёни мардуму аҳли қалам таъмин доштаанд.Баргузидаҳои ашъори муаллиф баъди сараш дар гулчину маҷмӯаҳои «Кӯчабоғи ошиқон», (1984), «Шохаи райҳон» (2003) ва «Баргҳои тиллоӣ» (2014) ба табъ расидаанд.
Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1965) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва як «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.Соли 1994 сазовори унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (пас аз маргаш) гардидааст.
Нависандаи номвари тоҷик Маъруф Бобоҷон, ки аз шогирдону ҳамкорони устод Аминҷон Шукӯҳӣ ба шумор меравад, хотираҳои рӯшани замони шогирдиву ҳамкориашро барои ҳозирон нақл кард. Нависанда аз сифатҳои фардии устод Аминҷон Шукӯҳӣ аз ҷумла ватандӯстиву фидокорӣ, меҳнатпарвариву ташаббускорӣ ва монанди инҳо ёд кард ва гуфт,ки мавсуф нисбати шогирдон ва ҳамкорон ғамхор ва хайрхоҳ буд.
Дар идомаи маҳфил як базми хосаи шеъри шоирро таҳти унвони “Шоири дилу дида” ғолибони “Озмуни Шукӯҳихонӣ”, ки ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии бачагона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор мегардад гарм намуданд. Инҳо шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи виляти Суғд буда ба базми онҳо хонандагони мактаби рақами 26- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайвастанд.
Махфират Шукӯҳӣ духтари хурдии шоир аз рӯзгори оилавии падари хеш ҳикоят кард ва аз баргузории ин маҳфил ,ки ба фаъолияти қиблагоҳиаш бахшида мешавад сипосгузорӣ кард.
Набераи шоир Фирӯзабону бо қироати силсилаи шеърҳои бобои худ ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид. Дар маҳфил аз ҷониби сарояндагони маъруфи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров силсилаи сурудҳо аз эҷодиёти Аминҷон Шукӯҳӣ садо доданд,ки толор ба базмгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфт.
Башорат Алиева,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дар бораи шодравон Аминҷон Шукӯҳӣ маводи бештарро аз ин ҷо метавонед бихонед: